Пайвандҳои дастрасӣ

А.Қодирӣ ба рӯзноманигорон: "Маро таъриф накунед"


Абдураҳмон Қодирӣ, иҷрокунандаи раиси вилояти Суғд.

Абдураҳмон Қодирӣ, иҷрокунандаи раиси вилояти Суғд.

Иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Суғд дар нахустин мулоқот аз хабарнигорон хост ба навиштани матлабҳои ситоишӣ саргарм нашуда, бо таълифи мақолаҳои таҳлилӣ дар ошкор намудану ҳалли мушкилоти ҷомеа, саҳм бигиранд.

Абдураҳмон Қодирӣ, иҷрокунандаи раиси вилояти Суғд субҳи рӯзи ҷумъаи 6-уми декабр бо хабарнигорони расонаҳои дохиливу хориҷӣ дар Хуҷанд мулоқот кард. Вай гуфт, байни расонаҳову рӯзноманигорон фарқ намегузорад ва ба ҳамаи онҳо баробар арҷ мегузорад ва ягона дархосташ ин аст, ки ба ҷойи таърифи ӯву раҳбарони дигар, фаъолияти ҳирфаии худро нишон диҳанд:

“Илтимос, маро таъриф накунед. Синни ман ба 60 расида ва ман ба таъриф ниёз надорам. Ман бояд бо кору фаъолияти шоиста худро нишон диҳам. Барои ҳамин хеле хоҳиш мекунам, беҳтараш як мушкилро амиқ таҳқиқ ва сабабҳову оқибат ва фоидаву зарарҳои онро таҳлил карда, бо ин роҳ ба мардум ва давлат дар ҳалли он мушкил ёрӣ расонед. Вале аз се чиз --тамаъ, туҳмат ва ниқорситонӣ бо қалам канор ҷӯед, ки ин амалҳо оқибатҳои нек нахоҳад дошт.”

Ҷаноби Қодирӣ афзуд, дар соли равон ба 130 матолиби таҳлиливу танқидии рӯзноманигорони Суғд аз мансабдорон танҳо 80 посух расидааст. Вай ба ходимони давлатие, ки дар толор ҳузур доштанд, дастур дод таҳқиқ кунанд, ки чаро дигар масъулон мақолаҳоро нодида ва бепосух гузоштанд. Дар ин робита иҷрокунандаи раиси вилояти Суғд афзуд, ки барои беҳтарин матлабҳои рӯзноманигорони Суғд дар оянда се ҷоизаи пулии 50, 30 ва 10 ҳазор сомонӣ, таъсис додааст.

Абдураҳмон Қодирӣ дар мулоқот ва сӯҳбати 2 соата бо рӯзноманигорон барномаҳои худро ҷиҳати ҳалли муҳимтарин “мушкилоти ҷиддӣ”, ки садди пешрафти бештари вилояти Суғд аст, баён дошт. Нахуст, ислоҳоти замин ва таҷдиди хоҷагиҳои деҳқонӣ ба шакли хоҷагиҳои оилавӣ, дуюм, рушди бахши саноати сабук ва эҳёи 50 корхонаи хурду миёнаи саноатӣ то поёни соли 2014, аз нигоҳи Қодирӣ, дар фароҳам намудани ҷойҳои корӣ барои сокинон, ба хусус ҷавонону занон муҳим хоҳад буд.

Вай гуфт, рушди бахши кишоварзӣ ва саноати сабук имкон медиҳад ҳазорон мардону занони суғдӣ, ки дар Русия дар шароити ногувору беҳуқуқӣ дар муҳоҷирати корӣ ҳастанд, дар ватан соҳиби кору зиндагии сазовар шаванд.

Иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Суғд зимни суханронӣ дар ҳузури хабарнигорон ба масъалаи афзоиши худкушӣ дар байни сокинон ҷудогона дахл карда, онро як мушкили тамоми ҷомеа номид ва афзуд, бояд тамоми масъулон, сар аз кумитаи маҳаллаҳову шӯрои ҷамоатҳо то ниҳодҳои дигари давлатӣ дар коҳиши ин мушкили кулли ҷомеа мусоидат кунанд

Бархе хабарнигорон пешниҳод ва дархостҳои худро ба ҷаноби Қодирӣ баён доштанд. Бобоҷони Икром, сардабири нашрияи “Вароруд” гуфт, умед дорад мубориза бо зуҳуроти тундгароиву терроризм ва фасоду ришвахорӣ дар меҳвари фаъолияти раиси нави вилояти Суғд қарор бигирад. Зеро ин зуҳуроти густарда дар ҳоли бетафовутӣ, татбиқи тамоми иқдомҳои наҷиб дар роҳи рушди ҷомеаву давлатро номумкин хоҳанд кард.

Абдураҳмон Қодирӣ, ки аз соли 2008 ба ҳайси муовини аввали раиси вилояти Хатлон адои вазифа мекард, 23 ноябри соли равон бо фармони раисҷумҳур иҷрокунандаи раиси вилояти Суғд таъин гардид.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG