Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти Сурия дар Женева баргузор мешавад


Швейтсария - Фиристодаи СММ дар умури Сурия Стаффан де Мистура аз оғози музокироти Сурия дар Женева ба хабарнигорон маълумот медиҳад. 22 феврали соли 2017.
Швейтсария - Фиристодаи СММ дар умури Сурия Стаффан де Мистура аз оғози музокироти Сурия дар Женева ба хабарнигорон маълумот медиҳад. 22 феврали соли 2017.

Музокироти ҳалли низои Сурия, таҳти назари Созмони Милали Муттаҳид, рӯзи панҷшанбе дар Женева оғоз мешавад. Дар ин мулоқот тарҳи Қонуни асосии нав ва интихобот дар Сурия баррасӣ хоҳад шуд. Дар ин гуфтугӯҳо намояндагони ҳукумати Сурия ва мухолифини мусаллаҳи он иштирок мекунанд.

Стаффан де Мистура, фиристодаи СММ дар умури Сурия, шикананда, вале мудаввом будани оташбасро зикр кард. Ба гуфтаи ӯ, аз ин гуфтушунидҳо набояд раҳоӣ аз бунбастро интизор шуд, вале ин сӯҳбатҳо барои баҳси ҳалли сиёсии низои Сурия замина мегузоранд.

Моҳи декабри соли гузашта дар байни тарафҳои даргир оташбас эълон шуд. Аммо онҳо ин созишро, ки бо миёнҷигии Русия, Туркия ва Эрон амалӣ мешуд, борҳо нақз карданд.

Ҷанги дохилӣ дар Сурия соли 2011 оғоз шуда, дар ин муддат беш аз 300 ҳазор нафар кушта шудааст.

XS
SM
MD
LG