Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озарбойҷон интиқоли арзи хориҷиро маҳдуд кард


Саррофие дар Боку
Саррофие дар Боку

Сар аз 8 декабр интиқоли арз ба хориҷи Озайрбойҷон маҳдуд шуд.

Шаҳрвандон ва афроди ғайри муқимии Озарбойҷон, ки дар бонкҳои ҷуҳмуриҳои собиқ Шӯрави ҳисоби бонкӣ надоранд, акнун ҳақ доранд дар як рӯз танҳо 1000 доллар ба хориҷ интиқол диҳанд. Маҳдудияти моҳонаи фиристодани пул 10 ҳазор доллар аст.

То 8 декабр ин маблағ 30 ҳазор доллар буд.

Озарбойҷон се моҳ пеш нархи баҳраро барои бори чаҳорум дар соли 2016 боло бурд то ба манат, пули миллии ин кишвар, ки бинобар коҳиши қимати нафт дар ҷаҳон қурбашро ба таври муназзам аз даст медиҳад, кӯмак кунад.

Мақомоти ин кишвари ғанӣ аз нафту газ талош доранд баъди уфти бамаротиби манат дар соли гузашта, эътимоди мардумро ба пулии миллӣ нигаҳ доранд.

Соли 2015 пули милли Озарбойҷон арзиши худро дар баробари доллар 50 дар сад аз даст дод.

Моҳи август, дар ҳоле, ки арзиши манат коҳиш ёфт ва талабот ба арзҳои хориҷӣ бештар шуд, аксари қарздиҳандагони тиҷоратӣ фурӯши арзи хориҷиро қатъ карданд.

Содироти нафту газ аз чаҳор се ҳисаи даромади давлатии Озарбойҷонро ташкил медиҳад.

XS
SM
MD
LG