Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Луғати яғнобӣ ба чехӣ” ҷоиза гирифт


“Луғати яғнобӣ ба чехӣ” дар таҳияи унвонҷӯи факултаи забоншиносии Донишгоҳи Прага Любомир Новак барандаи ҷоизаи Анҷумани тарҷумонҳои Ҷумҳурии Чех шуд. Ин фарҳанг, ки дар соли 2010 нашр шудааст, аз 7500 калима иборат аст. Донишманди ҷавон бар ин аст, ки омӯзиши забони яғнобӣ ҳамчун яке аз лаҳҷаҳои забони суғдӣ барои омӯзиши таърихи забони форсӣ аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Любомир Новак пас аз хатми риштаи бостоншиносӣ дар Донишгоҳи ҷанубии Ҷумҳурии Чех дар Плзен, ҳоло дар Осорхонаи Миллии Прага кор мекунад ва таҳқиқи илмияшро дар факултаи забоншиносии Донишгоҳи Чарлзи Прага идома медиҳад. Дар гузашта “Луғати тоҷикӣ-чехӣ”-и ховаршиноси машҳур Йиржи Бечка низ чандин ҷоиза гирифтааст. Шинохти забон ва адабиёти форсу тоҷик дар Ҷумҳурии Чех аз асрҳои миён бо баргардони осори Абӯалӣ Син ва Закариёри Розӣ шурӯъ шуда, пас аз рисолаи мондагори профессор Ян Рипка бунёди ховаршиносии Аврупо гузоштааст.
XS
SM
MD
LG