Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суғд: Тақдими қитъаи замин ба 22 рӯзноманигор (ВИДЕО)


Дар Рӯзи матбуот 22 рӯзноманигори расонаҳои дохиливу хориҷӣ, ки дар Хуҷанд кору фаъолият мекунанд, бо қарори раиси вилояти Суғд соҳиби 6 сотихӣ замин барои бунёди манзил шуданд.

Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд дар маҳаллаҳои нави 14 ва 15-уми шаҳри Хуҷанд, маҳали тақсими замин бо роҳи қуръакашӣ рӯзи 10-уми март гуфт, ки ҳудуди ними ин хабарнигорони ниёзманд дар расонаҳои ғайридавлатӣ кор мекунанд ва комиссияи вижа зимни додани замин на ба давлатӣ ё ғайридавлатӣ будани расонаи онҳо, балки ба ниёзмандии онҳо авлавият дод.

Ҳамин тавр, комиссияи мазкур аз байни 36 рӯзноманигор дархости 22 нафарро пазируфт.Мардон Қурбонов, сардабири нашрияи "Садои Табошар", яке аз рӯзноманигоронест, ки соҳиби қитъаи замин шуд, мегӯяд, наздики 18 сол боз дар хобгоҳи умумӣ зиндагӣ дошт: "Ман аз соли 1996 то ҳол дар хобгоҳ зиндагӣ мекардам. Ин рӯзи муборак будааст, ки бо дастгирии роҳбарияти вилоят соҳиби замин шудем."

Ин нахустин иқдоме чашмгир аз сӯи мақомоти Суғд барои дастрасии рӯзноманигорон барои дастрасии онҳо ба қитъаи замин ва бунёди манзил аст. Дар солҳои охир садҳо сокинон соҳиби қитъаҳои замин барои манзил гашта, вале ба ҷуз чанд нафар рӯзноманигорон замин нагирифта буданд.

XS
SM
MD
LG