Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳалокати 45 тан дар ҳамлаи Толибон ба як гузаргоҳи марзии Ҳинду Покистон


Мақомҳои пулиси Покистон мегӯянд, ки дар таркиш дар як гузаргоҳи марзии Ҳинд ва Покистон, ҳадди ақал 45 нафар кушта шудаанд.

Ҳамлаи интиҳорӣ дар як гузаргоҳи марзӣ миёни Ҳинду Покистон дар рӯзи якшанбе ҳадди ақал 45 кушта ба ҷой гузоштааст. Ба гузориши хабаргузориҳои покистонӣ, "Ҷундулоҳ" --як гурӯҳи бархоста аз Толибони Покистон масъулияти ин ҳамлаи интиҳориро ба ӯҳда гирифта ва эълом кардаааст, ки ин ҳамларо дар посух ба амалиёти артиши Покистон алайҳи ин гурӯҳ дар минтақаҳои марзӣ бо Афғонистон аҷном додааст.

Тибқи ин гузориш, як мошини пур аз маводи тарканда дар 500 метрии марз бо Ҳинд, дар дохили хоки Покистон мунфаҷир шудааст ва ба нерӯҳои ҳиндӣ дар ин таркиш осебе нарасидааст. Манобеи бемористонӣ мегӯянд, ҳадди ақал 70 нафар дар ин таркиш захмӣ шудаанд. Пулис мегӯяд, таҳқиқот дар бораи ин таркиш идома дорад.

Раиси пулиси вилояти Панҷоби Покистон гуфтааст, шумораи кушташудагони ин таркиш ба 45 нафар афзоиш ёфтааст. Тибқи гузориши рӯзномаи англисизабони "Dawn" чопи Исломобод, шумораи қурбониён аз 60 нафар бештар мебошад.

Ҳар рӯз садҳо нафар барои тамошои маросими расмии нерӯҳои низомии ду кишвар --Ҳинд ва Покистон дар гузаргоҳи марзии "Вагаҳ" ба ин гузаргоҳ мераванд. Тибқи гузоришҳо, бар иловаи теъдоде аз нерӯҳои низомӣ, шуморе аз занон ва кӯдакон дар байни қурбониёни ин таркиш ҳастанд.

Як мақоми амниятии Покистон ба Ройтерз гуфтааст, "дар дафтари кории худ нишаста будам, ки садои таркишро шунидам. Вақте ба берун рафтам, бо ҷасадҳои тика-тика шуда ва ҳамчунин занон ва кӯдакони маҷруҳ рӯбарӯ шудам."

Нарендра Модӣ, нахуствазири Ҳинд дар баёнияе ин таркишро "террористӣ" хонда ва маҳкум кардааст. Навоз Шариф, нахуствазири Покистон аз нерӯҳои амнитяии ин кишвар хостааст, то дар ин замина таҳқиқоти ҳар чи зудтар, анҷом диҳанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG