Пайвандҳои дастрасӣ

Бар асари як ҳамлаи интиҳорӣ дар шаҳри Истанбули Туркия, як афсари пулис кушта ва як тани дигар захмӣ шудааст.

Як зан шомгоҳи рӯзи сешанбеи 6 январ худро дар як постгоҳи пулис дар яке аз пуррафтуомадтарин маҳаллаҳои Истанбул мунфаҷир кардааст, ки дар натиҷа як афсари пулис кушта шуда ва ҳадди ақал як тани дигар захмӣ шудаанд.

Ҳанӯз ҳеҷ гурӯҳе масъулияти ин ҳамларо ба дӯш нагирифтааст, аммо ин ҳамла як ҳафта пас аз он анҷом мешавад, ки як гурӯҳи чапгарои радикал, масъулияти ҳамла бо норинҷак ба як истгоҳи пулис дар наздикии дафтари нахуставазири он кишвар дар Истанбулро бар ӯҳда гирифт.

Аз сӯи дигар, Туркия бо хатари ҳамлаҳои эҳтимолии гурӯҳҳои тундрав рӯбарӯ аст, ки дар ҳоли ҳозир дар наздикии марзҳои он кишвар бо Сурия ҳузур доранд. Нерӯҳои пулис хиёбони минтақаи машҳри Султон Аҳмад, ки дар он ҳамлаи интиҳорӣ анҷом шудааст, бастаанд.

Рӯзномаи туркии "Ҳуррият" ба нақл аз Восиф Шоҳин, як мақоми баландпояи Истанбул мегӯяд, зане, ки даст ба ҳамла задааст, "рӯйбанд" бар чеҳра доштааст ва "ба забони англисӣ" худро сайёҳ муаррифӣ карда, борхалтаи дастиашро дохили постгоҳи ҷобаҷо кардааст.

Аммо шабакаи хабарии CNN-и туркӣ ба нақл аз яке аз шоҳидон, ҳамлакунандаро зани бо либоси зебо муаррифӣ кардааст, ки бо дӯсташ "бо лаҳҷаи англисии бад" адреси идораи пулисро пурсидаанд.

Рӯзноми "Ҳуррият" бар пояи гузоришҳое мегӯяд, ҳувияти зани ҳамлакунанда рӯшан шудааст ва ӯ аз аъзои гурӯҳи радикали чапгарои "Ҷабҳаи озодии халқи инқилобӣ" аст. Аммо хабаргузории Ройтерз мегӯяд, ҳувият ва миллияти ӯ ҳанӯз мушаххас нашудааст. Аҳмад Довудоғлу, нахуствазири Туркия гуфтааст, ду бамби дигар низ дар маҳал кашф ва хунсо шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG