Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорати хориҷӣ: "Дар таркиши Кобул ба сафорат осеб нарасидааст"


.
.

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар таркиши шаби гузашта дар минтақаи дипломатнишини Кобул, ба сафорат ва шаҳрвандони ин кишвар осебе нарасидааст.

Дафтари матбуоти вазорати умури хориҷии Тоҷикистон рӯзи 18-уми январ ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки бинои сафорати Тоҷикистон аз маҳали ҳодиса дуртар воқеъ буда ва иттилое дар мавриди ҳузур доштани шаҳрвандони кишвар дар ресторане, ки ҳадаф қарор гирифта буд, ба дасти онҳо нарасидааст. Сафорати Тоҷикистон ҳам дар минтақаи Вазир Акбархони Кобул, ки бештари сафоратҳо ва муассисаҳои хориҷӣ мустақар ҳастанд, ҷойгир шудааст.

Бино ба хабари мақомоти расмии Афғонистон, шумораи кушташудагони ҳамлаи шоми рӯзи ҷумъа ба яке аз тарабхонаҳои шаҳри Кобул ба 21 нафар расидааст. Ҳашматуллоҳ Станакзай-сухангӯи пулиси Кобул ба радиои "Озодӣ" гуфт: “Дар маҷмӯъ дар ин ҳамла 21 нафар ҷон бохтанд. 13 нафари онҳо шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд, 8 нафари дигар афғонҳо. Дар миёни кушташудагон 5 нафар занон ҳастанд ва 4 нафари онҳо хориҷианд. Як нафараш афғон аст. Ду нафар захмӣ шудаанд ва онҳоро ба шифохона интиқол доданд”.

Пулис мегӯяд, дар миёни кушташудагон як намояндаи Сандуқи Байналмиллалии Пул ва 4 нафар кормандони СММ будаанд. Арӣ Гайтанӣ-сухангӯи СММ дар Кобул гуфт: “Он гуна, ки шумо пай мебаред, мо хеле тааҷҷубзада ва афсурдаем. Ин рӯзи хеле сангин барои мо кормандони СММ дар Афғонистон аст. Мо дар ин ҳамла 4 нафар кормандони худро аз даст додем. Шумо метавонед тасаввур кунед, ки ин куштор ба рӯҳияи кормандон дар ин ҷо чӣ таъсир мегузорад. Аз сӯи дигар, мо ин ҳамларо шадидан маҳкум мекунем. Чунин ҳамлаҳо, ки ҷойҳои иҷтимоиро ҳадаф қарор медиҳанд, ғайриқобили қабул аст ва бояд фавран қатъ гарданд. Ин нақзи дағалонаи қонуни байналмиллалист”.

Пулиси Афғонистон мегӯяд, як маргталаб худро дар дари даромадгоҳи тарабхонаи Таверна дар минтақаи Вазир Акбархони Кобул таркондааст. Дар ин тарабхона маъмулан кормандони сафоратхонаҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмиллалӣ ва соҳибкорон ғизо мехӯранд. Баъд аз таркиш ду нафари дигар бо силоҳ вориди тарабхона шудаанд ва ба тарафи меҳмонон тирандозиро шуруъ кардаанд.

Як мард, ки худро ба хабаргузории Ройтерз Сулаймон муаррифӣ кард, дар бораи ин ҳодиса чунин мегӯяд: “Мо дар ошпазхона будем. Вақте ки садои таркиш ва тирандозиро шунидем, фирор кардем. Ҳамаи бачаҳо фирор карданд. Ман ба бом баромадам. Ман дар он ҷо дар пушти дудкаш ду ё се соат пинҳон будам. Пулис омад ва маро аз он ҷо поён овард”.

Бино ба гузоришҳо, дар миёни кушташудагон 2 шаҳрванди Британия 2 конодоӣ ва як марди лубнонӣ ҳастанд, ки соҳиби тарабхона буд. Як нафар аз кушташудагон, яъне корманди сандуқи Байналмилллаии Пул низ шаҳрванди Лубнон будааст. Як корманди пулиси Аврупо аз Дания низ дар миёни кушташудагон ҳаст. Вазорати корҳои хориҷаи Русия гузориш додааст, ки дар миёни кушташудагон як шаҳрванди Русия низ будааст.

Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт, ки касе аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар аз ин ҳодиса осеб надидааст. Бан Ки Мун-Дабири Кулли СММ ин ҳамларо маҳкум кард ва гуфт, ки “ҳадаф қарор додани шаҳрвандон коимлан ғайриқобили қабул аст ва он мухолифи қонунҳои байналмиллалист”.

Забиҳулло Муҷоҳид-намояндаи Толибон дар Twitter-и худ навиштааст, ин ҳамла интиқом барои ҳамлаҳои ҳавоии рӯзи сешанбеи нируҳои Амрико ба вилояти Парвон мебошад, ки дар он афроди ғайринизомӣ ба қатл расидаанд.
XS
SM
MD
LG