Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кушта шудани 57 тан дар ҳамлаи интиҳории Пактико


Бар асари ҳамлаи интиҳорӣ дар миёни як бозии волейбол дар шарқи Афғонистон, беш аз 50 нафар кушта ва даҳҳо тани дигар захмӣ шудаанд.

Ҳамлаи интиҳорӣ дар ҷараёни як мусобиқаи волейбол дар вилояти Пактикои Афғонистон, ҷони беш аз 50 нафарро гирифт. Ин ҳамла рӯзи гузашта дар қаряи Ғанихели вулусволии Яҳёхели вилояти Пактико, дар наздикии марзи он кишвар бо Покистон рух дода ва шахси интиҳоркунанда пеш аз таркиш худро ба миёни мардуме, ки бозиро тамошо мекард, расонидааст.

Набиҷон Муллохел, фармондеҳи амнияти вилояти Пактико ба бахши афғонистонии Радиои Озодӣ гуфт, интиҳоркунанда маводи таркандаро ба баданаш баста ва онро дар миёни ҷавонон ва кӯдакон дар майдони волейбол инфиҷор дод.

Атоуллоҳ Фазлӣ, волии Пактико ба хабаргузории Франс-пресс гуфтааст, ки шахси ҳамлакунанда худро бо мошин ба миёни мардум расонидааст. Ба гуфтаи оқои Фазлӣ, мардуми зиёде, аз ҷумла гурӯҳе аз мақомҳои маҳаллӣ ва раиси пулиси минтақа дар миёни тамошочиён буданд. Ӯ мегӯяд, ки ҳадди ақал 60 нафар захмӣ ва дар ҳолати вазнин қарор доранд.

Сухангӯи вилояти Пактико низ таъйид кардааст, ки вазъияти теъдоде аз захмиён вахим аст. Ашрафғани Аҳмадзай, раиси ҷумҳур дар ҳукумати ваҳдати милии Афғонистон ин ҳамларо маҳкум кардааст. То кунун ҳеҷ гурӯҳе масъулияи ин ҳамларо ба ӯҳда нагирифтааст

Вилояти Пактико дар тобистони гузашта низ саҳнаи як ҳамлаи интиҳории бузург буд, ки дар як бозори маҳаллӣ рух дод ва беш аз чиҳил нафар кушта шуданд.

Ҳамла рӯзи якшанбе дуруст дар замоне рух додааст, ки парлумони Афғонистон тавофуқи амниятиро бо Амрико ва НАТО тасвиб кард, ки аз ҷумла имкони ҳузури 1200 нафар аз нерӯҳои НАТО-ро дар он кишвар амалӣ месозад.

Тасвиби мувофиқатномаи амниятӣ аз сӯи Ашрафғанӣ Аҳмадзай истиқбол шуд ва дар баёнияе онро "гоме муҳим барои таҳкими ҳокимияти миллӣ ва таъмини амният" хонд. Тавофуқномаҳои амниятӣ миёни Кобул ва Вошингтону НАТО як рӯз пас аз маросими савгандёдкунии Ашрафғанӣ Аҳмадзай ба имзо расидааст.

XS
SM
MD
LG