Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Як хона пур аз ҷому як хона пур аз медал

Далер Ҳукуматов баъди пирӯзӣ дар мусобиқоти Ҳавзаи марказӣ

Паҳлавони ҷавони тоҷик Далер Ҳукуматов, бо онки ҳамагӣ 11 сол дорад, метавонад ба зудӣ ҷавонтарин устоди варзиш дар таърихи гуштии Русия шавад.

Паҳлавони 11-солаи тоҷик Далер Ҳукуматов дар як ҳафтаи охир боз дар се мусобиқаи муҳим сазовори нишонҳои тило шуд ва ба даври ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии гуштии ҳам самбо ва ҳам дзюдои Русия роҳ ёфт.

Далер ибтидо дар мусобиқаи самбои вилояти Маскав соҳиби ҷои аввал шуд, сипас дар як сабқати байналмилалӣ дар шаҳри Подолски вилояти Маскав низ пирӯз омад ва билохира, бо вуҷуди синни хурдаш дар мусобиқоти гуштии самбои Ҳавзаи федеролии марказии Русия дар байни варзишгарони 13-14-сола низ ҳамаи рақибонашро аз пой афканд.

Далер Ҳукуматов бо аҳли хонаводааш аз соли 2007 дар Маскав зиндагӣ мекунад. Падари ӯ Муқим Ҳукуматов мураббии гуштӣ дар дивизияи маъруфи “Таманская”-и артиши Русия мебошад. Аҳли хонаводаи Ҳукуматовҳо, ки ба гуфтаи худашон, пушт ба пушт гуштигир омадаанд, дар минтақаи Наро-Фомински Маскав толори варзишии худро доранд, ки ба ифтихори маҳалли кори Муқим Ҳукуматов “Таманетс” ном дорад.

Далер дар синфи чорум мехонад. Амон Ҳукуматов, амаки ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки Далер ҳар рӯз то 6 соат дар толори онҳо машқ мекунад: “Соати ду аз мактаб меояд. То соати чор дарсҳояшро тайёр мекунад, сипас як соат дам мегирад ва аз соати панҷи шом – дар толор аст. Ҳар рӯз то ёздаҳи шаб машқ мекунад.”

Худи Далер дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, орзуи асосиаш қаҳрамони гуштии ҷаҳон шудан аст ва ҳам ҳунарнамоӣ дар бозиҳои Олимпӣ: “Вале ҳоло намедонам, ки аз номи Тоҷикистон баромад кунам ё аз номи Русия?” Ӯ мегӯяд, дар мактаб асосан бо баҳои чору панҷ мехонад, вале “якта-нимта баҳои се ҳам дорам.”

Амон Ҳукуматов, амаки Далер гуфт, тақрибан ҳамаи фарзандони ин хонавода гуштигиранд ва хеле мехоҳанд, дар мусобиқаҳо аз номи Тоҷикистон ҳунарнамоӣ кунанду дар пайи пирӯзӣ парчами Ватани худро боло бардоранд: “Аммо чанд бор муроҷиат кардем, ки кумак кунед, сару садое аз он тараф нашуд то ҳол. Боз ҳам умед дорем, ки Тоҷикистон ба ободӣ мерасаду мо бо фарзандони паҳлавонамон ба Ватан бармегардем ва дар мусобиқаҳо бо парчами Тоҷикистон ҳунарнамоӣ мекунем.”

Муҳаммадрозиқи Неъматзода, муассиси саҳифаи “Tajik Sport” дар шабакаи Фейсбук дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Далер Ҳукуматов аз умедҳои фавқулоддаи варзиши тоҷик аст, ки бояд аз ҳоло таҳти чатри комили ғамхорӣ ва тарбия қарор бигирад: “Далер воқеан хориқулода аст. Дар тӯли ин панҷ соле, ки ӯ ба варзиш машғул аст, ҳудуди чаҳорсад медалу ҷоиза ба даст овардааст. Ӯ ҳоло ёздаҳсол дорад ва гомҳои нахустини худро дар варзиши бузург мегузорад. Ӯ дар як ҳафтаи охири моҳи апрел якбора дар се мусобиқаи бузург пирӯзӣ ба даст овард ва ба мусобиқоти қаҳрамонии Русия байни варзишгарони 13-14-сола рохҳат гирифт. Акнун Далер дар мусобиқаҳои ҷиддитар ва бо ҳарифҳои пурқувваттар қуваозмоӣ хоҳад кард. Дар оянда ӯ бояд ҳаддиаксар ду варзишро интихоб кунад ва бо тамринҳои ҳаррӯза ва зери тарбияи мураббиҳои пуртаҷриба метавонад ба орзуҳои худ бирасад, чун Далер дар ҳақиқат як истеъдоди гуштигирии Худододӣ дорад!”

Амон Ҳукуматов мегӯяд, хонаи бародараш пур аз ҷому медалҳоест, ки Далер то имрӯз дар навъҳои мухталифи варзиш ба даст овардааст: “Аз гуштии дзюдо дорад, аз самбо дорад, аз самбои ҷангӣ дорад, аз гуштии юнониву румӣ медал дорад, аз ММА(ҷангҳои бидуни қоида) дорад. Дар маҷмӯъ, дар 7 навъи варзиш машқ мекунад ва аз ҳар кадомаш якта-якта ҷамъ карду ҷамъ карда ва то имрӯз соҳиби қариб 400 медалу ҷом шудааст.”

Худи Далер мегӯяд, шумори ҷоизаҳои ҷамъшудаашро худаш ҳам намедонад: “Ман намедонам, чӣ қадар шудааст. Ҳисобашон накардаам. Аммо як хона пур шудааст алакай.”

Аз Амон Ҳукуматов мепурсам, инки Далери ҳамагӣ 11-сола бо гуштигирони аз худаш бузургсолтари 13-14-сола вориди рақобат мешавад, барояш сахт нест? Ӯ дар посух гуфт: “Қувваташ мерасад, ки зада истодааст.” Ӯ мегӯяд, рӯзи 24 июн дар Екатеринбург мусобиқаи қаҳрамонии Русия оид ба гуштии самбо доир мешавад ва агар Далер дар ин мусобиқа низ пирӯз биояд, ҷавонтарин устоди варзиш дар таърихи гуштии Русия хоҳад шуд.

Худи Далер мӯътақид аст, ки аз Екатеринбург ҳатман бо нишони тило ва унвони устоди варзиш бар хоҳад гашт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG