Пайвандҳои дастрасӣ

Сар аз ҳафтаи оянда дарсҳо дар макотиби олӣ ва коллеҷу омӯзишгоҳҳои кишвар соати 7:30-и субҳ оғоз хоҳанд шуд. То ба ҳол дар макотиби олии кишвар дарсҳо ҳашти субҳ шурӯъ мешавад.

Машғулиятҳои таълимӣ дар донишгоҳҳои кишвар сар аз ҳафтаи оянда ним соат қабл шурӯъ хоҳанд шуд. Дар мактабҳои олӣ ва коллеҷу омӯзишгоҳҳои Тоҷикистон аз рӯзи душанбеи 16-уми ноябр дарсҳо аз соати 7-30 шурӯъ мешавад.

Дар донишгоҳҳои кишвар ҳам аз чанд рӯз ба ин тараф ба донишҷӯён ин тағйиротро фаҳмонида ва аз онҳо тақозо доранд, ки барои нимсоат қабл ба дарсҳо ҳозир шудан, омодагӣ бинанд.

Эҳсон Хушвахтов, сухангӯи Вазорати маориф ва илми кишвар рӯзи 13 –уми ноябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ин тасмим бо дархости шаҳрдории Душанбе ва бо мувофиқати ҳукумати кишвар гирифта шудааст.

Ба гуфтаи Хушвахтов, қаблан ҳукумати шаҳри Душанбе аз вазорати маориф дархост карда буд, ки барои пешгирӣ ва аз байн бурдани тамбашавии (пробка) мошинҳо дар ҷодаҳои шаҳр, вақти дарсҳо тағйир дода шавад.

Бархе аз донишҷӯён, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки субҳи барвақт нақлиёти ҷамъиятӣ дар роҳҳо камёфт аст ва шояд саривақт ба дарсҳо расидани онҳоро як андоза мушкил кунад.

Яъқуб Холов, як донишҷӯ дар Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин тасмим дар умум хуб аст, аммо назорат бар нақлиёти ҷамъиятӣ ҳам бояд беҳтар шавад ва танҳо аз аввали хатсайр мошинро пур карда ба роҳ надароянд: “Дар миёнаи роҳ нақлиёти ҷамъиятӣ қариб, ки пур меоянд ва дақиқаҳои зиёд дар миёни роҳ мунтазири нақлиёт мемонем.”

Ба гуфтаи ин донишҷӯ, ин тасмим хусусан барои онҳое, ки пас аз нисфирӯзӣ дарс мехонанд, хеле муносиб аст, чунки бегоҳ ним соат қабл аз донишгоҳ берун мешаванд ва сари вақт метавонанд ба манзил ва ё хобхоҳи худ бирасанд.

Ҳамакнун дар Тоҷикистон беш аз 35 муассисаи таҳсилоти олӣ бо фаро гирифтани беш аз 120 ҳазор донишҷӯ фаъолият мекунад. Умдатарин донишгоҳҳои Тоҷикистон дар пойтахт -- шаҳри Душанбе воқеъ мебошанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG