Пайвандҳои дастрасӣ

Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи Тоҷикистон пешниҳод кардааст, номи 100 шоиру нависандаи тоҷик, ки дар давраҳои гуногун зиставу эҷод кардаанд, аз барномаи таълимии адабиёт дар мактабҳои миёна ихтисор карда шавад.

Шарифмурод Исрофилниё, раҳбари пажӯҳишгоҳи рушди маорифи назди Академияи илмҳо бо таҳияи барномаи нави таълими адабиёт, ба Вазорати маориф пешниҳод кардааст, феҳрасти шоиру нависандаҳоеро, ки дар мактабҳои миёна дар бораи рӯзгору осорашон ба хонандаҳо маълумот дода мешавад, то ба 27 нафар кам кунанд. Ба гуфтаи Исрофилниё, ҳоло ба хонандаҳои синфи 5 то 11 дар бораи 127 шоиру нависандаҳои классику муосири тоҷик маълумот дода мешавад, ки ба ин ҳеҷ зарурате нест.

Муаллифи барномаи нави таълимӣ мегӯяд, барои амиқтар омӯхтани осору ашъори адибони мондагори адабиёти тоҷик, бояд зиндагинома ва осори ҳудуди 100 адиб аз барномаи таълимӣ берун карда шавад. Ба ин тартиб, пешниҳод шудааст, ба ҷои таълими зиндагиномаи Раҳим Ҷалил ва Ҷалол Икромӣ, ба эҷодиёти Сотим Улуғзода вақти бештар ҷудо шавад.ё:

​Раҳбари пажӯҳишгоҳи рушди маориф гуфт, адабиёти форсу тоҷик беш аз 14 000 танҳо шоири соҳибдевон дорад, вале ба хонандаи мактаб шарт нест, ки эҷодиёти ҳамаи онҳоро биомӯзаду бидонад: “Масалан, вақте Рӯдакӣ омӯхта мешавад, дигар ба омӯхтани осори ҳамасрони ӯ, мисли Абӯшакури Балхӣ ё Шаҳиди Балхӣ ниёз намемонад. Ҳамчунин, чеҳраи мондагор Фирдавсӣ аст ва мо омӯзиши “Шоҳнома”-ро 20 соат пешбинӣ кардем. Дар барномаи қаблӣ 10 соат буд ё на."

Ҳамин тавр, ба гуфтаи Шарифмуроди Исрофилниё, барои ҳар боби “Гулистон-и Саъдӣ мо як соат ва дар маҷмӯъ барои Саъдӣ ба ҷои 9 соати қаблӣ 18 соат ҷудо шудааст. Ӯ меафзояд: "Ё масалан вақте Низомии Ганҷавиро меомӯзем, ниёз ба Амир Хусрави Деҳлавӣ ва Навоӣ намемонад. Аз адабиёти даври мо ҳам вақте Лоиқ Шералӣ ва Бозор Собир омӯхта мешавад, ниёз ба бархе аз шоирони дигар намемонад.”

“Шоҳнома” ва “Гулистон” имрӯз ба хонандаҳо дар синфи 8 ва 9 омӯхта мешавад ва ба гуфтаи муаллифони барномаи нави таълимӣ, бо шевае, ки феълан дар мактабҳо дарси адабиёт дода мешавад, хонандаҳо танҳо як маълумоти умумӣ дар бораи “Шоҳнома”-ро доранд, аммо худи ин достонро қариб мутолиа накардаанд.

Дар барномаи нави таълимӣ, ки ба вазорати маориф пешбинӣ шудааст, дар ибтидоӣ ҳар аср дар бораи шоиру нависандаҳои он давр, маълумоти умумӣ дода мешавад, аммо барои таълим ба хонандаҳо, фақат як ё 2 нафар вобаста ба ҳунару осорашон гулчин шудаанд.

Шарифмурод Исрофилниё пешниҳод кардааст, ки шеваи таълими адабиёт ҳам бояд дигар шавад ва ба хонандаҳо на дар бораи зиндагинома, балки бештар оид ба осори шоирон маълумот дода шавад: “Дар барномаҳои шоирони зиёде ҷой дода шудаанд ва бештар хонандаҳоро бо омӯхтани рӯзгори шоир маҳдуд мекунанд ва бештар дар ин бора мегӯянд, ки шоир кай таваллуд шуда, куҷо сафар кардааст дар дарбори кадом шоҳ хизмат кардааст, чӣ теъдод асар дорад? Хулоса дар мактаби миёна ҳоло адабиётшиносӣ омӯхта мешавад на адабиёт. Дар ин барнома албатта як маълумоти кӯтоҳ дар бораи вазъи замони шоир ва рӯзгори ӯ дода мешавад ва хонанда бевосита дар бораи кори шоир маъдумот мегирад.”

Барномаи нави таълимӣ, ба гуфтаи муаллифон, аз ҷониби вазири маориф ҷонибдорӣ шудааст. Аммо барои ҷорӣ кардани он дар мактабҳо, феълан бояд заминаву шароитҳо фароҳам оварда шавад.

Ҳоли ҳозир ба хонандаҳои мактабҳои Тоҷикистон фанни адабиёт аз рӯйи барномае таълим дода мешавад, ки соли 2006 аз ҷониби як гурӯҳ адабиётшиносон бо раҳбарии доктори илмҳои филологӣ Худоӣ Шарифов таҳия шудааст. Синфҳои болоӣ ҳафтае 3 ва боқӣ дар як ҳафта 2 маротиба дарси адабиёт меомӯзанд.

Урватуллои Тоир, устоди факултаи адабиётшиносии Донишгоҳи милии Тоҷикистон, ки низ аз муаллифони барномаи феълӣ аст, мегӯяд, барномаи онҳо солҳои сол санҷидашуда аст ва пешниҳодҳо дар мавриди кам кардани феҳрасти шоиру нависандаҳо дар барномаи таълимии адабиётро кори ғалат медонад: “Ҳар халқро аз рӯйи шоирону шеъри онҳо мешиносанд. Агар мо 27 нафар шоирро таълим диҳем, пас дигар шоирон аз Осиёи Миёна, Бухоро Самарқанд, Эрон чӣ мешаванд? Баъдан ҳар шоир услуби муайян дорад ва наметавон дар симои 20 шоир тамоми адабиётро таълим дод. Онҳое, ки чунин таклиф доранд, ягон сол дар мактаби миёна кор накардаанд. Ин ғалат аст.”

Бинои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.

Бинои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.

Шеваи таълими адабиёт дар мактабҳои миёна зоҳиран як баҳсеро миёни донишмандон ба миён овардааст, гурӯҳе тарафдор ва гурӯҳе зиди кам кардани феҳрасти шоирону нависандаҳо дар барномаи таълимӣ ҳастанд. Аммо бархе аз омӯзгорон мактабҳои миёна, онҳое ки ба хонандаҳо дарсӣ адабиёт медиҳанд, мегӯянд, дар воқеъ зарурат ба ихтисори баъзе чеҳраву номҳо дар китобҳои фанни адабиёт пеш омадааст.

Фарзона Наимова, муаллимаи як мактаб дар шаҳри Турсунзода мегӯяд: “Албатта, маълумот дар бораи зиндагиномаи шоирон ба хонандаҳо муҳим аст, чун мо ҳатто аз тарҷумаи ҳоли шоирони классик метавонем як панде бигирем. Аммо аз бархе аз шоирону нависандаҳои махсусан муосир воқеан мо норозием. Ба ҷои ин осори беҳтарини классикҳо бештар бошад, беҳтар аст. Хонанда воқеан танҳо шоиру нависандаҳои беҳтарину осорҳои маъруфро дар хотир мегиранд. Аксарият шоирони муосирро намедонанд дар хотир намегиранд. Хонандаҳое ҳам ҳаст, ки вақте тарҷумаи ҳоли шоиреро мехонӣ, мегӯяд, кори хубе накардааст ку. Мисол ҳамин Фаррухи Систонӣ, Аҳмади Ҷомӣ, Шавкати Бухороӣ, Нозими Ҳиравӣ барои хонандаҳо чандон муҳим нестанд.”

Барномаи нави таълими адабиёт барои машварат ба Иттифоқи нависандаҳои Тоҷикистон ҳам пешниҳод шудааст ва адибон хостори ворид кардани исми ҳади аққал 50 шоиру нависанда дар он шудаанд, аммо муаллифони барномаи нав мегӯянд, ин ҳам теъдоди зиёд аст ва соатҳои маҳдуди дарсиро бояд ба манфиат истифода бурд.

Шарифмурод Исрофилниё мегӯяд, “он ҷо мактаб аст, факултаи филология нест, ки ҳамаро омӯзанд. Бояд калидро ба дасти хонанда дод, дарки шеърро ба дасти хонанда дод, дигар ихтиёр ба худаш.”

Ба гуфтаи ин донишманди тоҷик, онҳое ки аз барномаи тозатаҳияшуда норозиянд, фурсату имкон барои ироаи пешниҳоду назарҳои худро доранд, чун ин барнома ҳанӯз пурра қабул ва тасдиқ нашудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG