Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бозори либосҳои мактабӣ дар Тоҷикистон таҳти назорати ҷиддӣ қарор мегирад. Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон аз ин ба баъд ҳамагуна либоси мактабӣ, ки аз хориҷ оварда мешавад, танҳо пас аз ташхиси Оҷонсии “Тоҷикстандарт” иҷозаи вуруд ба бозорро мегирад.

Ин иқдом аз як сӯ агар ҳифзи сиҳатии кӯдакон бошад, аз сӯи дигар ба гуфтаи мақомоти давлатӣ, ба ҳадафи рушди истеҳсолоти дохилӣ рӯи даст гирифта шудааст. Тибқи ин қарор, бояд 60 дарсади либоси мактабӣ аз нахи пахта ва 30- 35 дар сад аз синтетика иборат бошад.

Абдуқаҳҳор Мавлонзода, сардори шӯъбаи назорати давлатии моли ниёзи мардум дар оҷонсии “Тоҷикстандарт” дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳадаф аз ташхиси либосҳои мактабӣ, ҷилавгирӣ аз фурӯши либосҳои синтетикӣ ва зарарнок барои кӯдакон ва ҳамчунин дастгирии соҳибкории ватанӣ аст.

Абдуқаҳҳор Мавлонзода.

Абдуқаҳҳор Мавлонзода.

Масъулини "Тоҷикстандарт" мегӯянд, либосҳои истеҳсоли ширкатҳои дохилӣ имсол бо сифати беҳтар пешниҳоди мактабхонҳо шудааст. Тасмими ташхиси либосҳои мактабии истеҳсоли хориҷа, дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон дар чанд соли ахир кӯшиш доранд, либосҳои мактабии истеҳсоли ватанӣ бештар вориди бозор шавад . Имсол ҳам мисли чанд соли ахир мактабҳо дар мувофиқа бо ширкатҳои дӯзандагӣ барои хонандаҳо либосҳои ягонаи мактабӣ пешниҳод мекунанд.

Ба гуфтаи Нуриддин Саидов, вазири марифи Тоҷикистон, “имсол беш аз як миллион дархост аз мактабҳо ба корхонаҳои дӯзандагӣ шудааст. Дар аксар шаҳру навоҳи муассисаҳои хусусиву давлатӣ пайдо шудааст. "Хуҷанд Коттон" истеҳсоли матоъро шурӯъ кардааст. Сифати матоъро ҳам мо дидем, хеле хуб аст. Мо талош дорем на фақат либос, балки дигар ашёҳои зарурӣ барои таҳсил ҳам дар дохил истеҳсол шавад. Дигар китоби дарсиро тибқи қонун мо дар хориҷ чоп намекунем. Онро бояд истеҳсолкунандаи давлатӣ чоп кунад.”

Дар арафаи оғози соли нави таҳсил имсол дигар мисли солҳои пеш бозорҳо аз либоси мактабӣ пур нест. Барои мисол, ярмаркаҳои мактабии бозори "Ганҷина"-и Душанбе, фақат аз ҷиҳози мактаби мисли китобу қаламу дафтар ва сумка иборат аст. Либосҳои мактабӣ дар ин бозор аҳён-аҳён дар бархе аз дӯконҳо дида мешавад.

Соҳибкорон, ки бархе соли гузашта бо овардани либоси мактабӣ ба гуфтаи худ қариб муфлис шудаанд имсол ё умуман либоси мактабӣ надоранд ё камтар овардаанд. Иззатулло Ҳалимов дар ин бозор шояд ягона тоҷире аст, ки моли мағозааш пурра аз либоси мактабӣ барои писарбачаҳо иборат аст.

Иззатулло Ҳалимов мегӯяд, мардум имсол дар навбати аввал ба нархи либос таваҷҷӯҳ мекунанд, аммо ӯ мегӯяд, либоси сифатан паст ҳам дар бозор наметавонад харидори зиёд пайдо кунад: “Агар мо либоси бесифат биёрем, мардум намехаранд. Вобаста ба шароити мардум, мо ҳам либос бо нархи мухталифро пешниҳод кардаем. Либосҳои аз 120 сомонӣ шурӯъ мешаванд. Харидор албатта камтар аст, шояд ба ин хотир, ки ҳоло то оғози дарсҳо вақт аст.”

Харидорони Иззатулло аслан онҳое ҳастанд, ки нарх ё сифати либоси дар мактаб пешниҳодшуда, барояшон писанд наомада, ба ҷустуҷӯи либос ба бозор омадаанд. Майрамбӣ -- модаре, ки имсол бояд барои 3 фарзанди мактабхонаш либос харад, мегӯяд, либосҳои пешниҳодкардаи мактабро аллакай рафта дид ва имсол мегӯяд ӯ, сифати ин либосҳо беҳтар аст, аммо нархи он ба ҷайби онҳо мувофиқ нест.

Ба гуфтаи вай, “ҳозир аз мактаб омадам, 160 сомонӣ гуфтанд, моли ватанӣ мегӯянд, дар телевизион реклама мекунанд, ки арзон аст, вале агар сифаташ ҳам хуб бошад, ин барои мо арзон нест. Дар бозор бо нархи 130 сомон либос ёфтем, ҳатто ҳамин ҳам чандон арзанда нест, аммо арзонтар аст, мегирем.”

Меҳринисо Каримова ҳам, ки дар бозор барои писараш либоси мактабӣ интихоб мекард, гуфт, мактаб имсол ҳам онҳоро маҷбур дорад, ки либоси пешниҳодкардашро бихарад, аммо ӯ мегӯяд, ба хотири сифати пасти либос ин пешниҳодро рад кардааст.

Ин модар мегӯяд, шароите надорад, ки дар як сол чанд маротиба барои фарзандаш либос харад: “Соли гузашта 150 сомонӣ гирифтем, дариданд, тика-тика шуданд. Бозор омадем, ки аз ин ҷо гирем. Инҷо ба ҳар ҳол интихоб ҳаст ва бо ҳамон нарх сифати беҳтар ёфтан мумкин аст.”

Бино ба иттилои вазири саноат ва технологияҳои навин, имсол дар моҳи август корхонаҳои кишвар 300 ҳазор либоси мактабӣ таҳия ва пешниҳоди мактаббачаҳо кардаанд. Мақомот бо бовар мегӯяд, ки имсол сифати либосҳои мактабии ширкатҳои ватанӣ ба фарқ аз солҳои пеш беҳтар аст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки шикоятҳо дар чанд соли ахир аз сифати либоси мактабии ширкатҳои дохилӣ зиёд буд. Волидон аз он нороҳатӣ мекарданд, ки мактаб маҷбурашон мекунад либосҳои барои кӯдакон зараровару синтетикиро бихаранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG