Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон мизбони конфронси байналмилалии минтақа


Сартоҷ Азиз
Сартоҷ Азиз

Покистон ҳафтаи оянда як конфронси байналмилалӣ дар бораи тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ ва афзоиши тиҷорат дар миёни кишварҳои минтақаро мизбонӣ мекунад.

Сартоҷ Азиз, вазири умури хориҷии Покистон гуфт, ки дар конфронси Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ дар рӯзи 1-уми март, масоили тиҷорат дар арсаҳои гуногун, аз ҷумла энержӣ, саёҳӣ, рушди иқтисодӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва масоили муҳити зист дар минтақа баррасӣ мешаванд.

Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодиро соли 1985 Покистону Эрон ва Туркия таъсис доданд ва 7 сол баъд ба он Тоҷикистону Озарбойҷон, Туркманистону, Узбакистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Афғонистон ба он пайвастанд.

Нишасти байналмилалии намояндагони кишварҳои узв дар ҳоле дар Покистон баргузор мешавад, ки ҳамлаҳои ҷангҷӯёни гурӯҳи Давлати исломӣ ва Толибон дар кишвар дар ҳафтаҳои гузашта зиёдтар шудааст ва мақомот баъзе аз чорабиниҳои оммавиро лағв кардаанд.

XS
SM
MD
LG