Пайвандҳои дастрасӣ

Дар ин рӯзҳо баъзе аз падару модарони муҳоҷир дар Русия дар таҳлукаи сабти номи фарзандонашон ҳастанд ва мегӯянд, агар онҳо фазандони мактабхони худро дубора сабти ном накунанд, онҳоро аз мактаб меронанд.

Аз аввали соли 2014 ҳамроҳ бо падару модарон фарзандони муҳоҷири онҳо низ бояд ҳақи иқомати муваққатӣ бигиранд. Ин танҳо ба ононе дахл дорад, ки ҳаққи иқомат ё “вид на жительство” ё иҷозаи кори доимӣ надоранд.

Хонум Сабоҳат Қодирова мегӯяд, 11 рӯз пеш аз Соли Нави 2014 дар остонаи ба эътибор даромадани қонун бо ду фарзандаш маҷбур шудааст аз марзи Русия ба ҷониби Украина бигзарад, то фарзандонаи ноболиғаш чун шаҳрванди хориҷӣ ҳақи иқомат дар қаламрави Русияро аз даст надиҳанд ва онҳоро аз мактаб хориҷ накунанд: “Фақат ба қайд мондани фарзандом барои мактабашон. Масалан, ман рӯзи 19 декабри соли 2013 ҳамроҳи ду фарзандам ба ҳудуди ҷумҳурии Украина сафар кардем. Сарҳадро гузаштем ва дубора баргаштем. Қайди 90 рӯза гирифтем. Қайди мо то 19 март аст. Ман ҳоло ҳайронам, ба тамоми ҳуқуқшиносон муроҷиат карда истодаам, ки қайди фарзандонро минбаъд чӣ кор кунем. Худи ман ҳуҷҷати корӣ дорам. Вале фарзандонам ташвиш доранд. Намедонем, ки то 19 март чӣ хел ва ба куҷо онҳоро бурда биёрам. Пеш аз ҳама аз ҷиҳати иқтисодӣ бисёр мушкил аст. Охир, дар қонун ҳеҷ чиз нест, ягон сухан дар бораи фарзандон нест”.

Фарзандони калонии Сабоҳат Қодирова дар синфи 8 ва дигарӣ дар синфи 6 дар яке аз макбтабҳои Маскав таҳсил мекунанд. Вай мегӯяд, ҳоло муқаррароти марзии миёни Русия ва Украина шадидтар шудааст, бинобар ин бояд фарзандонашро ё ба Тоҷикистон бурда орад ва ё ба Туркия. Дар чунин ҳолат вай ба мушкили молӣ гирифтор хоҳад шуд: “Аз ҳозир дар ташвишам, ки то 19 март чӣ тавр ва кадом сарҳадро убур кунам. Ба Тоҷикистон бисёр мушкил аст ба он хотир, ки роҳкиро қимат аст, ҳол он ки фарзандон барои ноболиғӣ худашон наметавонанд сарҳадро убур кунанд”.

Сабоҳат Қодирова мегӯяд, дар Маскав чунин падару модарон зиёданд ва барои дарёфти маслиҳати зарурӣ онҳо ба як дигар занг мезананд: “Онҳое, ки фарзанд доранд, ба якдигар занг мезананд ё ба хешу табор занг мезананд ё ба ёру дӯстон. Мепурсанд, ки мо дар ҳамин гуна ҳолат ҳастем, чӣ кор кунем? Ман як шиноси хуб дорам, аз шаҳри Душанбе, Розияҷон. Он кас дар шаҳри Санкт- Петербург зиндагӣ мекунанд. Он кас ду фарзанд доранд, онҳо дар синфи 5 ва 7 мехонанд. Вай ҳам маҷбур аст ҳамин корро кунад. Мактаб мегӯяд, ки агар шумо ба қайд намонед, регистратсия надошта бошед, шумо фардо фарзандатонро ба мактаб наоред. Бечора, он кас ҳам ҳамин хел мушкил доранд. Ин хел оилаҳо дар Маскав хеле бисёранд, на танҳо тоҷикон, миллатҳои дигар ҳам ҳастанд”.

Сабоҳат Қодирова бо маслиҳати дӯстон то ҳол ба Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират дар Маскав ва ба Иттиҳодияҳои синфӣ ё профсоюзи муҳоҷирони кории кишварҳои Шӯравии пешин дар Русия барои кӯмак муроҷиат кардааст. Барояш гуфтаанд, ки қонунҳои муҳоҷирати Русия сабти номи фарзандони ноболиғи муҳоҷиронро пешбинӣ намекунад ва дар тағйироте, ки аз аввали соли 2014 эътибор пайдо кардааст, дар ин бора нуктае вуҷуд надорад.

Мо баъд аз шунидани суханони Сабоҳат Қодирова ба Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират дар Маскав ба ҷое, ки ин хонум муроҷиат кардааст, телефонӣ тамос гирифтем. Юлия Агафонова, ҳуқуқшиноси ин созмон кӯмакхоҳии Қодироваро намунаи ягона намедонад ва мегӯяд, чунин волидайн зиёданд ва аксари онҳо барои кӯмак ба онҳо муроҷеа мекунанд. Вале дар қонунҳои муҳоҷират дар ин бора дақиқ чизе гуфта нашудааст: “Мо ҳоло ба ин суол ҷавоби дақиқ надорем. Ин масъала дар ҳолати номуаянӣ қарор дорад, барои он, ки дар ин бора дар қонунҳои мавҷуда тавзеҳот ё тафсир вуҷуд надорад. Мақомоти расмӣ ҳам тавзеҳ намедиҳанд..., ҳамин тавр пиндоштан мумкин”.

Қонуни Русия “Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ” танҳо вазъи ҳуқуқии муҳоҷирони кориро дар назар мегирад, вале дар бораи шароити иқомати фарзандони онҳо дар қаламрави Русия нуктае мавҷуд нест. Чунин ҳолат фарзандони муҳоҷирони кории хориҷиро аз ҳаққи таҳсил дар мактабҳо, аз ҳаққи дарёфти хадамоти тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ маҳрум мекунад. Танҳо фарзандони ононе аз таҳсилу хадамоти дигар метавонанд баҳраманд шаванд, ки ҳаққи зисти муваққат ё иҷозаи зисти муваққат доранд. Дар ғайри ҳолат вақте, ки сабти семоҳаи иқомат ба поён мерасад, мактабҳо ҳатто дар миёнаи соли таҳсил фарзандони шаҳрвандони хориҷиро метавонанд аз мактаб биронанд. Русия “Аҳдномаи ҳақуқи кӯдак”-ро имзо кардаст ва бар асоси он давлат ӯҳдадор аст, ки бидуни дарназардошти вазъи ҳуқуқии волидайн кӯдаконро на танҳо аз таҳсил маҳрум накунад, балки онҳоро бо таҳсил, бо хадамоти тиббӣ фаро бигирад ва ба табъизи онҳо роҳ надиҳад.

Вале солҳои охир дар муҳоҷирати кории шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла муҳоҷирати кории тоҷикон ба Русия раванди нав мушоҳида мешавад. Муҳоҷирони корӣ акнун на танҳо худашон, балки фарзандонашонро бо худ мебаранд. Чунин ҳолат дар қонун холигоҳҳо ба вуҷуд меорад ва қонун боз ҳам тағиру такмил мехоҳад. Комил Дилмуродов, ҳуқуқшинос дар Иттиҳодияҳои синфии муҳоҷирони кории Русия дар Маскав чунин мегӯяд: “Ин камбудӣ аст. Умуман дар бораи фарзандони муҳоҷирони корӣ ё шаҳрвандони хориҷӣ дар қонун ягон калима гуфта нашудааст. Бо онҳо чӣ бояд кард? Ҳар се моҳ бояд хориҷ ва ворид шаванд. Ин ба фарзандони хориҷӣ чӣ мақоми ҳуқуқӣ медиҳад? Дар ин бора қонун “хомӯш” аст. Ин камбудист”.

Созмонҳои ҳифзи ҳуқуқи Русия салоҳияти пешниҳоди ислоҳот дар қонунро надоранд. Онҳо метавонанд ин масъалаҳоро дар ҳамоишҳо баррасӣ кунанд ва ба истилоҳ “ба гӯши мақомот” расонанд, на бештар аз он. Бинобар ин чунин ба назар мерасад, ки ба зудӣ мушкили сабти номи фарзандони Сабоҳат Қодирова ва ҳазорон ва ё шояд даҳҳо ҳазор нафар бидуни ҳал ва дар ҳолати номуаянӣ боқӣ монад. Қодирова чунин мегӯяд:

“Ман ҳайронам ва маҷбурам, ки маоши худро гирам ва дар ҳаққи фарзандҳоям зомин ҳам ки шавем, магар ки пулмонро ҷамъ кунем ва пеш аз 19 март марзро гузашта баргашта ба Русия дароем. Баъди 19 март мӯҳлат мегузарад ва он вақт барои ҳар кас бояд 3 ҳазор рублӣ ҷарима супорем. Мо кӯшиш мекунем, ки то 17-18 март ё сарҳади Украина ё сарҳади Туркия ё ҷои дигарро гузарем ва фарзандонамонро оварда бори дигар ба қайд монем, то ки онҳо ақалан имконияти хондан дар мактабро дошта бошанд. Ман умуман имконияти пасандоз кардан надорам. Кироя қимат аст. Як хоначаи хурдакаке, ки мо имрӯз онро кироя мекунем, мо ба он 17 ҳазор рубл месупорем. Ман бе рӯзи истироҳат кор мекунам. Агар як моҳ 30 рӯз дошта бошад, ман ҳамин 30 рӯз кор мекунам. Ба ғайр аз он коре, ки ман газет (рӯзнома) тақсим мекунам ва аз он 21 ҳазор рубл мегирам, ман боз дар дигар ҷо ҳам кор мекунам. Ба хотири он кор мекунам, ки имконоти хӯрондани фарзандон шавад, имконоти таҳсилоти онҳо шавад, имконоти додани иҷорапулӣ шавад”.

Дар ҳар кишвари дунё мактаб ҷоест, ки шароити созгорӣ ё адаптатсияи кӯдак бо ҷомеаро зудтар фароҳам меорад ва таҷрибаҳои ҷаҳонӣ нишон додааст, ки падару модарон ҳам бо кӯмаки ҳамин фарзандон зудтар худро бо ҷомеа мутобиқ мекунанд. Намунаҳори зиёде ҳаст, ки фарзандони муҳоҷирон ба нобиғаҳои ҷаҳонӣ табдил ёфтаанд ва ифтихори на танҳо ҳамон кишвар, балки ҷаҳониён шудаанд. Дар худи Русия чунин мисолҳо кам нестанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG