Пайвандҳои дастрасӣ

Бар асари тирпарронӣ дар як донишгоҳи назди шаҳри Чикагои иёлати Иллинойс камаш 6 кас ва аз ҷумла силоҳбадаст ба ҳалокат расиданд.

Тибқи хабарҳо силоҳбадаст худкушӣ кардааст.
Дар ин ҳодиса беш аз 10 каси дигар ҷароҳат бардоштанд.
Силоҳбадаст дар ҷараёни дарс ба толори саршор аз донишҷӯён ворид шуда, сӯи ҳозирин оташ кушодааст.
Доналд Грейдӣ раиси полиси донишгоҳ гуфт, ки баъди тирпарронӣ силоҳбадаст худкушӣ кард:
"Аз замоне, ки мохабар ёфтему афсарони мо дар ҷои ҳодиса ҳозир шуданд, камтар аз ду дақиқа гузашта буд. Мо тахмин мекунем, ки тамоми ҳодиса дар давоми д удақиқа ба вуқӯъ пайвастааст."
Ин чорумин ҳодисаи тирпарронӣ дар донишкадаҳои ИМА дар давоми як ҳафтаи гузашта мебошад.
XS
SM
MD
LG