Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бо талаби "Истеъфо!" ба майдон рехтани донишҷӯёни Булғористон


Донишҷӯён дар София, пойтахти Булғористон бо талаби истеъфои ҳукумат, ки ба нокомӣ дар мубориза бо фасод ва фақр муттаҳам мешавад, ба кӯчаҳо рехтаанд.

Тазоҳуроти ба ин монанд дар моҳи феврали соли равон аллакай як ҳукуматро дар ин кишвари фақиртарини Иттиҳоди Аврпуо ба истеъфо фиристода буд.

Бо густариши нооромӣ дар пойтахти Булғористон талаби истеъфои ҳукумат низ то рафт баландтар ба гӯш мерасад. Садҳо донишҷӯ дар атрофи бинои парлумон хайма зада, талаб доранд, ҳукумате, ки ҳизби сотсиалист таъсис додааст, ба истеъфо равад ва роҳро барои интихоботи нав боз кунад. “Исеъфо, истеъфо!” - шиор медиҳанд донишҷӯёни булғорӣ.

Намоишҳои эътирозии донишҷӯён як бахши маъракаи зидди ҳукумати нав аст, ки ба гуфтаи донишҷӯён, бо бизнеси “сиёҳ” ё ғайриқонунӣ робита дорад. Дар се ҳафтаи гузашта онҳо донишгоҳҳоро дар саросари кишвар ишғол карданд ва тақрибан ҳар рӯз намоиши эътирозӣ баргузор мекунанд. Намоишгарон ҳукуматро, ки вокунишfш ба саркӯб кардани тазоҳурот то ҳол маҳдуд буд, ба беэътиноӣ ба хостаҳои худ муттаҳам мекунанд.

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:14 0:00
Линки мустақим


Александр Попов, як донишҷӯи риштаи забони англисӣ, ки авоили ҳафта дар ҷараёни задухӯрд бо пулис захмӣ шуд, мегӯяд: “Онҳо ба ҳама кор омодаанд, ки садои моро хомӯш кунанд. Онҳо намехоҳанд мо ба фасодкорӣ, тамаркузи пулу мол дар дасти як гурӯҳ, ва сохторе, ки барои худ сохтаанд ва дар он худро роҳат хис мекунанд, мухолифат кунем.”

Хашму норозигӣ аз мушкилоте, ки реша дар жарфҳо дорад, моҳи феврали соли равон бо суқути ҳукумати ҳизби марказу ростгароҳо анҷом шуд. Аммо ҳукумати нав бо сарварии нахуствазир Пламен Орешарски эътимоди мардумро дар пасманзари иттиҳоми марбут ба фасодкорӣ аз даст дод. Ноиби раҳбари ҳизби MRF, як коршарики эътилофи ҳоким дар Булғористон, авоили моҳи моҳи равон ба истеъфо рафт ва ҳоло бо иттиҳоми сарпечӣ аз пардохти молиёт ва шустушӯи пул таҳти бозҷӯӣ қарор дорад.

Мавҷи нави эътирозҳо дар ҳоле ба хурӯш омад, ки додгоҳи Қонуни Асосӣ ба Делиан Пеевски, сарватманди матбуот ҳақ дод, ки дар баробари раҳбарӣ ба ожонси давлатии амнияти миллӣ курсии вакили парлумонро низ ҳифз кунад. Таъиноти Пеевски ба ин мақом мавҷи норозигиро ба вуҷуд овард ва парлумон бо фишори тазоҳургарон номзадии ӯро бозпас хонд.

Тазоҳуроти ин ҳафта феълан ором ҷараён дорад ва эътирозгарон аз фаъолиятҳои бидуни хушунат кор мегиранд. Бинобар назарсанҷиҳо, 60 дарсади аҳолии Булғористон, ки аз фасодкорӣ, бесуботии сиёсӣ ва мушкилоти иқтисодӣ хаста шудаанд, аз тазоҳургарон пуштибонӣ мекунанд. Аксари профессорҳо ва устодони донишгоҳҳо дар тарафи донишӯёни худ қарор гирифтаанд ва дурӯғу нуфузи рӯзафзуни аҳли сарват дар муҳити сиёсӣ ва иҷтимоии кишварро маҳкум мекунанд.

Аз замони суқути ҳукумати коммунистҳо дар ин кишвар дар 24 соли пеш, сатҳи таваллуд дар Булғористон коҳиш ва сатҳи маргу мир баръакс афзоиш ёфтааст. Кишвар дар ростои муҳоҷирати рӯзафзун қарор дорад. Ҳатто узвият дар Иттиҳодияи Аврупо низ натавонист вазъи ин кишварро, ки ҳисоби миёнаи маоши мардумаш 530 доллар аст, беҳтар кунад.
XS
SM
MD
LG