Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Донишгоҳи Кӯлоб: Тақдири устодон - дар дасти шогирдон (ВИДЕО)


Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб мехоҳад, аз тариқи пурсиши пинҳонӣ ё махфӣ миёни донишҷӯён сафҳои худро аз омӯзгорони "тасодуфӣ", "камсавод" ва "ришвахор" пок кунад.

Натиҷаи овоздиҳии пинҳонии донишҷӯён дар рӯзҳои наздик тақдири омӯзгорони "тасодуфӣ" ва "камсавод"-и Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлобро ҳал хоҳад кард. Маъмурияти ин донишгоҳ миёни тақрибан ҳазор донишҷӯ бо таҳияи як пурсишнома хислату кори омӯзгоронро санҷидааст.

Абдулло Табаров, ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, рӯзи 19 январ дар нишасти хабариаш гуфт, ин тасмим дар пайи шикояти зиёди донишҷӯён аз кори омӯзгорон гирифта шудааст. Донишҷӯён ба ин суолҳои пурсишнома, ки бештар кори факултаҳо, омӯзгорон ва кафедраҳоро дар бар мегирифтааст, ба таври махфӣ посух додаанд.

Ба гуфтаи Табаров, қаблан кафолат дода шуда буд, исми ягон донишҷӯ ошкор нахоҳад шуд ва шарт ҳам ин буда, ки ягон донишҷӯ дар пурсишнома ному насаби худро нанависад. Ректори донишгоҳ мегӯяд, донишҷӯён бидуни тарс аз устодон ин пурсишномаҳоро пур кардаанд ва ҳоло маъмурияти Донишгоҳ нукта ба нукта онҳоро меомӯзанд.

Абдулло Табаров

Абдулло Табаров

Ӯ гуфт: "Донишҷӯён дар ин пурсишнома нисбати саводу маърифати омӯзгорон эроди бисёр гирифтанд. Ҳоло бо ин пурсишнома масъулин кор карда истодаанд ва рӯзҳои наздик аттестатсия гузаронида шуда, натиҷааш эълон хоҳад шуд. Ва баъди гузаштани атестатсия метавонед шумо ба натиҷааш ошно шавед, ки кадом омӯзгорон дар донишгоҳ мемонад ва кадомаш - не."

Бори аввал аст, масъулини Донишгоҳи Кӯлоб бо анҷоми як назарпурсии махфии донишҷӯён "хубу бад"-и кори омӯзгоронро муайян мекунанд. Ин иқдом дар ҳолест, ки ду сол қабл собиқ ректори ин донишгоҳ Нуралӣ Салихов, дар гирду атрофи биноҳои таълимӣ қуттиҳои арзу шикоят насб карда буд, то донишҷӯён шикоятҳои худро бе мамоният дар ин қуттиҳо гузоранд. Аммо дар давоми як сол ягон шикояти донишҷӯён аз омӯзгорон дар ин қуттиҳо андохта нашуд. Шарти ректори собиқ ин буд, ки донишҷӯён бояд ному насаби худро дар шикоят сабт кунанд. Аммо таҷриба нишон дод, ки ягон донишҷӯ ҷуръати бо ному насаби худ шикоят кардан аз устодони донишгоҳро надорад.

Донишҷӯён аз назарпурсие, ки тариқи як пурсишномаи махфӣ миёни онҳо анҷом шудааст, истиқбол мекунанд. Гулизор, як донишҷӯи донишгоҳи Кӯлоб дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин пурсишнома шаффоф буд ва бо ҳамсабақонаш ҳарчӣ тавонистанд, дил холӣ карданд. Ӯ мегӯяд, нисбат ба устодони сахтгир ҳарфҳои хуб навиштанд, вале дар ҳаққи омӯзгороне, ки дарсҳои худро бо қиссаву афсона ба поён бурда, дар ҷамъбасти имтиҳонот донишро ба инобат намегиранд, балки дар ивази ришва баҳо мегузоранд, ҳақиқатро навиштанд. Ин донишҷӯ мегӯяд, агар маъмурияти донишгоҳ ҳарфи донишҷӯёнро ҷиддан ба назар бигиранд, пас то соли дигар ин мактаби олӣ аз устодони ришвахор ва бемасъулият тоза хоҳад шуд.

Гулизор мегӯяд: «Ин як моҳ пеш тариқи анкета гузаронида шуд ва барои донишгоҳ як чизи нав буд. Дар ин пурсиш донишҷӯён озодона фиқру ақидаи хешро нисбати омӯзгор навиштанд. Дар воқеъ омӯзгороне дар донишгоҳ ҳастанж, ки доим донишҷӯёнро қарздор мекунанд. Ва донишҷӯён низ ба қавли худашон ин омӯзгоронро бад медиданд, вале онҳо боз ҳамон омӯзгоронеро навиштанд, ки дар воқеъ дарсашон қонеъкунанда набуд.»

Омӯзгорон вале мегӯянд, ин эҳтимол низ зиёд аст, ки донишҷӯён ба кори омӯзгорон ғаразнок баҳо диҳанд. Шаҳбози Рустамшоҳ, як омӯзгори ҷавони ин донишгоҳ мегӯяд, аксаран донишҷӯён ҳамон омӯзгоронеро ба истилоҳ «чап» мегиранд, ки сахтгиру серталабнд. Аз ин рӯ, ба гуфтаи ӯ, эҳтимолан устодони сахтгиру серталаб мавриди сиёҳнависии донишҷӯён қарор гирифта бошад.

«Ин иқдоми хеле хуб аст, агар шаффофу одилона гузашта бошад. Бовар дорам, ки ин ришвагириро аз байн мебарад. Аммо мутаассифона, ҳоло донишҷӯён бештар ҳамон омӯзгоронеро эҳтиром мекунанд, ки баҳояшонро бе пурсиши зиёд мегузоранд. Аз ин рӯ, мумкин аст, баҳои онҳо яктарафа барояд. Ба ҳар ҳол, умедворам, ки маъмурият ба ин пурсиш қаноат накарда, худаш ҳам барои мӯйро аз хамир ҷудо кардан таҳқиқ мекунад. Дар ин ҳолат, яъне баҳои дутарафаи ҳам маъмурият ва донишҷӯён метавонад ҳақиқатро окшор кунад,» - гуфт Шаҳбози Рустамшоҳ.

Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бо беш аз 7 ҳазор донишҷӯ бузургтарин мактаби олӣ дар вилояти Хатлон дониста мешавад. Ҳарчанд, овозаҳо дар мавриди ришва гирифтани омӯзгорони ин донишгоҳ зиёд буданд, аммо тайи як соли ахир ягон омӯзгори он бо гумони ришвагирӣ боздошт ё муҷозот нашудааст.

Маъмурияти донишгоҳ низ мегӯянд, назарпурсии махфиро танҳо ба хотири решакан кардани фасод ва раҳоӣ аз устодони тасодуфӣ анҷом додаанд. Дар 9 факултаи ин донишгоҳ бештар аз 440 омӯзгор дарс медиҳанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG