Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Иҷбори донишҷӯён ба пуштибонӣ аз номзадии Эмомалӣ Раҳмон


Донишгоҳи Хуҷанд

Донишгоҳи Хуҷанд

Бархе аз донишҷӯён мегӯянд, аз онҳо талаб карда мешавад, ки ба тарафдорӣ аз номзадии раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон имзо диҳанд.

Ҷамъоварии имзои донишҷӯён ба ҷонибдории президенти феълии кишвар бо кумаки раҳбарони факултаҳо дар чанд донишгоҳи кишвар ба мушоҳида расидааст. Афроди ҷамъоварандаи имзоҳо худро намояндагони ҳизби ҳокими халқии демократӣ муаррифӣ кардаанд ва ин дар ҳолест, ки ин ҳизб бояд исми номзадашро дар анҷумани рӯзи 4 октябраш маълум кунад. То пешбарии расмии номзадаш ягон ҳизб ҳаққи ҷамъоварии имзо ба тарафдорӣ аз ӯро надорад.




Як донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, ки худро Бахтиёр Муҳаббатов муаррифӣ кард, мегӯяд, шеваи ҷамъоварии имзо барои номзади ҳизби ҳоким дар Донишгоҳи Хуҷанд маъракаи фурӯши саҳмияҳои Роғунро ба хотир меорад. Дар зоҳир он ихтиёрист, аммо дар асл иҷборӣ. Вай афзуд, афроде дар долонҳо аз донишҷӯён тақозо мекунанд, дар варақаҳои расмӣ имзо гузоранд ва ҳамчунин рақами шиноснома ё билети донишҷӯии худро низ қайд кунанд. Ба қавли Бахтиёр, танҳо пас аз суоли донишҷӯён, ки чаро онҳо бояд дар варақаҳо имзо гузоранд, маълум гашт, ки ин имзоҳо ба ҷонибдории Эмомалӣ Раҳмон ҷамъоварӣ мешудаанд.

Дар бораи вокуниши донишҷӯён ба ин иқдом Бахтиёр Муҳаббатов чунин гуфт: «Худатон медонед имрӯз чӣ гуна вазъ аст ва чӣ гуна метавон эътироз кард, вақте ки ӯ донишҷӯ аст. Аслан набояд инро барои донишҷӯён ҷорӣ мекарданд. Интихоб озод аст ва донишҷӯ ҳар касеро хоҳад, интихоб мекунад.»

Ба гуфтаи Бахтиёр, донишҷӯён аз тарси он ки аз донишгоҳ хориҷ нашаванд, танҳо миёни худ гила мекарданд ва мегуфтанд, ки интихоб кардан ҳаққи конститутсионии онҳост ва бояд ба таври ихтиёрӣ ҷараён гирад. Вале ба гуфтаи ӯ ва донишҷӯёни дигар, ҷамъоварии имзо бо истифода аз фишор дар дигар донишгоҳу донишкадаҳои шаҳри Хуҷанд низ ба мушоҳида расидааст.

Донишҷӯи соли сеюми факултаи технологияи иттилоотии Донишкадаи политехникии шаҳри Хуҷанд, ки номашро шартан Абдураҳмон гуфт, меафзояд, яке аз устодони факулта ҳангоми дарс ба аудитория даромада, аз донишҷӯён хостаааст, ки онҳо шумораи шиноснома, билети донишҷӯӣ ва ё дафтарчаи санҷишияшонро дар рости номашон нависанд.

Абдураҳмон мегӯяд, пас аз навиштани ин маълумот омӯзгор гуфтааст, донишҷӯён бояд ба дигар синфхона рафта, дар рӯйхати умумии донишҷӯёни факулта имзо гузоранд. Вақте донишҷӯён сабаб пурсиданд, омӯзгор дар посух гуфтааст, магар касе розӣ нест, ки Эмомалӣ Раҳмон аз нав президент шавад: «Гуфтанд, ки сарвари давлат номзадияшро монад ё не? Агар ҳа, имзо гузоред, агар не, имзо нагузоред. Лекин имзо гузоштани ҳамаатон шарт аст. Баъзеҳо саркашӣ карда, дар дарс иштирок накарданд. Баромада рафтанд ва баъди анҷом ёфтани имзоҷамъкунӣ омада, дарсро идома доданд.»

Ба қавли Абдураҳмон, бархе аз донишҷӯён ба нишони эътироз дарсро тарк карданд. Декани факулта нисбати ин амали онҳо чизе нагуфт, аммо дастур дод, ки дуюмбора ва сеюмбора онҳоро даъват карда, имзоҳояшонро гиранд. Дар Донишгоҳи политехникии Хуҷанд наздики 7 ҳазор донишҷӯ таҳсил мекунанд.

Иҷборан ҷамъ овардани имзо ба ҷонибдории як номзад дар донишгоҳҳои Тоҷикистон дар ҳоле сурат мегирад, ки раҳбарони донишгоҳҳо дар сӯҳбат бо Озодӣ аз анҷом шудани чунин коре изҳори бехабарӣ мекунанд. Барои намуна, муовини ректори Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд Абдуфатоҳ Раҳимов мегӯяд, дар ин маврид иттилое надорад. Ба қавли ӯ, ҳарчанд дар кишвар маъракаи ҷамъоварии имзо барои номзадҳо дар ҷараён аст, касе ҳақ надорад, ки донишҷӯёнро ба ин кор маҷбур кунад, зеро дар назди қонун ҳама ҳизбҳо ҳуқуқи баробар доранд. Муовини ректори Донишгоҳи Хуҷанд мегӯяд, агар ягон нафар ин корро пинҳонӣ анҷом надода бошад, расман дар донишгоҳ чунин коре нашудааст, зеро одатан барои чунин иқдом аз раҳбарияти муассиса иҷозаи расмӣ хоста мешавад: «Нафаре, ки синнаш аз 18 боло шудааст, ба кадом ҳизбе хоҳад, овоз медиҳад. Ҳар як ҳизб ҳуқуқ дорад аз хонаҳо низ имзо ҷамъ кунад, бинобар ин агар вай донишҷӯйи мо бошаду истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд, дар ҳудуди оилаашон ин корро карда бошанд, чизе гуфта наметавонам.»

Шокирҷон Ҳакимов – ҳуқуқдон ва муовини раиси ҳизби мухолифи сотсиал-демократ чунин амалро хилофи қонун хонда гуфт, ҳар нафаре ки синнаш ба 18 расидааст, ҳаққи райъ доданро дорад ва номзади ягонаашро бояд худаш интихоб намояд: «Донишҷӯён метавонанд имзо нагузоранд, вале маълум аст, ки дар бойгонии тамоми донишгоҳҳо маълумотҳои зарурӣ дар бораи макони таваллуд, синну соли донишҷӯён вуҷуд дорад ва механизми ҷамъоварии имзо аз усулҳои маъмурӣ ҳам осон аст. Ин аст, ки онҳо ба ҳамин роҳ рафта истодаанд.»

Алидод Расулов

Алидод Расулов

Вазорати маорифи Тоҷикистон хабари ҷамъоварии имзо барои номзадҳо ба истилоҳ миёни донишҷӯёнро рад кард. Алидод Расулов, сардори раёсати муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии вазорати маорифи Тоҷикистон зимни сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, тибқи моддаи 3-и Қонун дар бораи маорифи Тоҷикистон, таблиғи ҳама гуна аҳзоби сиёсӣ дар муассисаҳои таълимӣ манъ аст: «Ин масъала пояи воқеъӣ надорад. Чун риояи моддаи 3-юми Қонун дар бораи маориф зери назорати ҷиддӣ қарор дорад. Тибқи гуфтугӯи телефонии мо бо масъулини донишгоҳҳои Хуҷанд, чунин воқеа вуҷуд надорад.»

Ба қавли ин масъули вазорати маориф, донишҷӯёни аз синни 18 боло метавонанд узви ин ё он ҳизб бошанд, аммо набояд дар донишгоҳ ҳизб ё гурӯҳеро ташвиқ кунанд.

Дар ҳамин ҳол, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон – як созмони иҷтимоӣ, ки Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси номзад дар интихоботи президентии моҳи ноябр пешбарӣ кардааст, мегӯяд, барои ҷамъоварии имзо ба ҷонибдории президенти феълии кишвар, ки аз ҷониби ин иттифоқ пешниҳод шуд, дар шаҳру навоҳӣ аз 10 то 15 гурӯҳи корӣ ташкил додааст, ки дар миёни онҳо донишҷӯён аз донишгоҳҳо низ ҳастанд ва миёни мардум фаъолият мебаранд. Фирӯза Шарифова, як намояндаи Иттифоқи ҷавонон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт: «Гурӯҳҳои корӣ бештар аз ҳисоби донишҷӯён ва аъзои фаъоли Иттифоқи ҷавонон аст. Ва барои гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар манотиқ ва донишгоҳҳо онҳо кор карда истодаанд.»

Абдуманнон Додоев

Абдуманнон Додоев

Куммиссиюни марказии интихоботи Тоҷикистон (КМИР) ҷамъоварии имзо аз донишҷӯёнро мумкин медонад, вале ба шарте ки ҷамъоварии имзо битқи қонун сурат бигирад. Абдуманнон Додоев - роҳбари дастгоҳи КМИР гуфт, аҳзоби сиёсӣ танҳо дар сурати ташкили гурӯҳи ташаббускор барои ҷамъоварии имзо метавонанд ба донишгоҳҳо рафта имзо ҷамъ кунанд. Ва дар ин маврид ҳам имзоҳо бояд ихтиёрӣ ҷамъоварӣ шаванд. Оқои Додоев афзуд: «Агар донишҷӯён узви гурӯҳҳои корӣ шуда бошанд, ҳаққи ҷамъ овардани имзоро доранд. Аммо як шахс танҳо як имзо карда метавонад ба ҷонибдории як номзад ва он ҳам ихтиёрӣ.»

Ҳамчунин Додоев гуфт, ки барои пешгирӣ аз қонуншикании масъулини донишгоҳҳо чораҳои қатъӣ андешида мешавад.

Ҳар як номзад муваззаф аст, барои сабти номаш то 7 октябр ба КМИР 210 000 имзои тарафдоронашро бисупорад. Интихоботи навбатии раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 6 ноябр баргузор мешавад. То имрӯз барои ширкат дар ин интихобот 7 номзад пешбарӣ шудаанд.

Ойниҳол Бобоназарова аз номи ҳизби наҳзати исломӣ, Исмоил Талбаков - аз ҳизби коммунист, Толиббек Бухориев - аз ҳизби аграрӣ, Саидҷаъфар Исмонов - аз ҳизби демократ,Олим Бобоев - аз ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ, Абдуҳалим Ғаффоров - аз ҳизби сотсиалист ва раисиҷумҳури кунунӣ Эмомалӣ Раҳмон - аз Иттифоқи ҷавонон ва иттифоқҳои касаба ҳамчун номзад пешбарӣ шудаанд. Ду ҳизби дигари расмии Тоҷикистон - ҳизби ҳокими халқии демократӣ ва ҳизби сотсиал-демократ анҷуманҳои пешазинтихоботии худро ба рӯзҳои 4 ва 6 октябр таъин кардаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG