Пайвандҳои дастрасӣ

Шӯрои ҷамъиятӣ ба пешниҳодӣ Ҳизби демократии Тоҷикистон дар мавриди тағйири мақоми ин шӯро ба "Шӯрои машваратии назди президент", вокуниши тунд нишон додааст.

Шўрои ҷамъиятӣ дар як баёния ин пешниҳодро "нигоҳи тангназаронаи Ҳизби демократии Тоҷикистон"арзёбӣ кардааст.

Ҳизби демократии Тоҷикистон бо пахши як изҳорот рӯзи 28-уми майи соли равон фаъолияти "Шӯрои ҷамъиятӣ"-ро дар марҳилаи кунунии кишвар нокифоя арзёбӣ намуда, хостори таъсиси «Шӯрои машваратӣ дар назди президенти Тоҷикистон» шуда буд.

Дар баёнияи Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон, ки рӯзи 12-уми июн интишор шуд, таъкид шудаааст, ки «танҳо ба хотири ин, ки ин Шӯро ҷамъиятӣ аст, созмонҳои байналмиллалӣ ба мисли СММ, САҲА, ва дигар созмонҳои байналмилаливу ҷамъиятӣ бо он ҳамкорӣ мекунанд.»

Дар баёнияи Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон аз ҷумла омадааст: «Шӯрои ҷамъиятӣ ташкилоти ҷамъиятӣ мебошад ва шахси юридикӣ набуда, дар сурати ба Шӯрои машваратӣ табдил доданаш, он ба яке аз сохторҳои давлатӣ табдил меёбад, ки ба принсипҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ мухолифат дорад.»

Ин Шӯро дар идомаи баёния сабаби чунин пешниҳодҳо аз тарафи ҲДТ ва ҲНИТ-ро шарҳ дода мегӯяд, ки ин ду ҳизб соли 2010 баъди интихоботи Маҷлиси Намояндагон ҳамчун нишони эътироз ба натиҷаҳои он узвияти хешро дар Шӯрои ҷамъиятӣ қатъ карданд. Ва ин ба он маъност, ки ин ҳизбҳо аз иҷрои уҳдадориҳои худ дар амри иҷрои арзишҳои Аҳдномаи ризоияти миллӣ сарпечӣ карданд:

"Ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ӯҳдадор шудаанд, ки давлатро дар масоили иқтисодӣ, сиёсӣ, ҷамъиятӣ, фарҳангӣ дастгирӣ менамоянд, дар таҳкими истиқлолияти он, ноил шудан ба ризоияти миллӣ мусоидат мекунанд, экстремизм, фишору зӯроварӣ ва терроризми байналмилалиро маҳкум мекунанд. Аз ин рй вақте, ки ҳизби сиёсӣ аз Шӯрои ҷамъиятӣ мебарояд ё пешниҳод менамояд, ки мақоми он тағйир дода шавад, ин маънои онро дорад, ки ин ҳизб аз ин ӯҳдадориҳо даст мекашад."

Саидҷаъфар Исмонов, раиси ҲДТ

Саидҷаъфар Исмонов, раиси ҲДТ

Аммо Саидҷаъфар Исмонов, раиси Ҳизби Демократии Тоҷикистон мегӯяд, ки Шӯрои ҷамъиятӣ дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва cиёсии кишвар таъсиргузор нест ва ҳузури камранги он боис шудааст, ки бархе аз ҳизбҳо аз ҳайати он берун шаванд: «Дар ин Шӯро ҷамъ мешаванд ва фақат гуфтугӯ мекунанд, масъалаҳоро номбар мекунанд, аммо дар роҳи табиқи онҳо Шӯро ҳеҷ иқдом намекунад.»

Оқои Исмонов афзуд, шояд тағйир додани мақоми он аз «Шӯрои ҷамъиятӣ» ба «Шӯрои машваратӣ дар назди президент» дар ҳалли масъалаҳои мубрами ҷомеъа мусоидат кунад: «Мо пешниҳоди тангназарона надорем, бигузор ин масъалаи пешниҳодии мо дар матбуот нашр карда шавад ва назари мардум шунида шавад.»

Дар идомаи баёнияи Шӯрои ҷамъиятӣ гуфта мешавад, ки «тағйир додани мақоми Шӯро маънои онро дорад, ки ҳизбҳои сиёсӣ ва созмонҳои ҷамъиятие, ки Аҳдномаро ба имзо расондаанд, аз ӯҳдадориҳо ва принсипҳои Аҳднома даст мекашанд.»

Шӯрои ҷамъиятӣ созмони иҷтимоиест, ки ҳанӯз соли 1994 таъсис ёфта, дар он беш аз 70 созмони сиёсиву иҷтимоиву фарҳангӣ, аз ҷумла аҳзоби сиёсии расмии кишвар шомил ҳастанд. Раиси Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон, раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аст. Ин ягона ниҳоде арзёбӣ мешуд, ки дар доираи он тамоми аҳзоби сиёсӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ гирди ҳам омада, доир ба масоили ҷомеа ибрози назару тадбир мекарданд.

Аммо тайи чанд соли ахир бархе аз аҳзоби бонуфузи кишвар аз ҳайати он расман хориҷ шуданд ва Шӯрои ҷамъиятиро як ниҳоди камтаъсир дар ҳаёти ҷомеа номиданд. Дар қатори ихроҷшудагон, Ҳизби Наҳзати Исломӣ, Ҳизби демократ ва Ҳизби сотсиал деморкати Тоҷикистон мебошанд. Аҳзоби сиёсӣ сабаби аслии хориҷ шудани худро аз Шӯро, дар тақаллуб ва ғайримунсифона сурат гирифтани интихоботҳои раёсатиҷумҳурӣ ва парлумонии кишвар шарҳ дода буданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG