Пайвандҳои дастрасӣ

Ангишт дар бухориҳо на танҳо гармӣ, марг ҳам меорад (ВИДЕО)


Бухориҳо дар бозор

Бухориҳо дар бозор

Фоҷиаи марги чаҳор кӯдак ва модари онҳо аз дуди заҳрогини ангишт садҳо нафарро дар Тоҷикистон такон дод ва андешаҳоеро сари амнияти истифодаи бухориҳо ба миён овард.

Ҳодисаҳои фоҷеабори як ҳафтаи ахир дар натиҷаи заҳролудӣ аз гази ангишт, ки ба кушта шудани 6 нафар, аз ҷумла 5 узви як хонавода, бо шумули чаҳор кудаки дӯстрӯ, нигаронииҳои амиқеро дар мавриди хатарзо будани бухориҳо ба бор овардааст.

Хонаводаи муаллима Гулизор Фахриддиноваи 70-сола, дар як деҳи дурдасти ноҳияи Шаҳринав, мисли аксар дигар хонаводаҳои деҳоти Тоҷикистон манзили сарду торики худро бо истифода аз печи ангиштӣ гарм мекунад. Он гуна, ки хонум Фахриддинова, рӯзи панҷшанбеи 11 декабр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, печка ягона роҳи раҳоии ин хонавода аз сардии зимистон аст.Аммо пас аз шунидани ҳодисаҳои нохуш ва маргумири одамон аз дуди ангишт ин оила хеле тарсону эҳтиёткор шудааст.

Ин аст, ки ба гуфтаи вай шабҳоро назди печ бо бедорхобӣ рӯз мекунад ва ҳар замон аз ҳоли фарзандону набераҳо, ки дар хоби нозанд, хабардор мешавад. “Ман танҳо 2-3 соат хоб меравам. Фақат вақте печ пурра хомӯш мешавад, метавонам, хоб равам. Ором, хобида наметавонам, чун писаронам оилаву фарзандони худро ба ман гузошта ба Русия рафтаанд. Инҳо як қисми дили ман ҳастанд. Барқ фақат дар бегоҳ 3 соат ва саҳар 2 соат дорем, ки хонаро гарм карда намешавад.”

Ин мусоҳиби мо бо ишора ба бухорӣ ё печ, воситаи аслии зимистонгузаронии хонаводааш гуфт, соли дуввум аст, ки онро истифода мекунад ва ин печро ҳам махсус барои истифодаи ангишт харидааст.

Ҳалим як тоҷири печ ё бухориҳои гармидиҳӣ дар бозори “Султони Кабир” мегӯяд, онҳо дар фурӯш печҳои комилан бехатар, аз ҷумла печи туркӣ ҳам доранд, ки дар он мешавад, тамоми навъи сӯзишвориро истифода бурд, аммо аз сабабе, ки нархи гарон доранд, харидораш хеле кам аст.

Ба гуфтаи вай нархи чунин бухорӣ бештар аз 1000 сомонӣ аст. Аммо Ҳалим мегӯяд, як сабаби сар задани ҳодисаҳои нохуш дар тарзи нодуруст сохта шудани печҳо аст, ки ба гуфтаи вай сӯрохиҳои зиёд ва ҷойи дудбарои кам доранд. “Ҳоло ҳастанд устоҳое, ки печи хуб намесозанд. Масалан, ҷое, ки дари печ аст, бояд таваҷҷӯҳ кард, ки пластинка дошта бошад ва вақте дар пӯшида мешавад, бояд ягон сурох намонад, вагарна дуд баромаданаш мумкин. Баъд дудбарои баъзе печҳо танг сохта мешаванд ва вақте оташ баланд ё дуд зиёд шуд, аз ҳар сурохи он дуд метавонад барояд, ки ин хатар дорад. Дудбаро бояд васеъ ва раҳи баромади дуд ба берун осон бошад, то дуди заҳролуди ангишт ва хона надарояд.”

Ин мусоҳиби мо, ки печҳоро аз корхонаҳои махсус ва кафшергарон гирифта, савдо мекунад, мегӯяд, талош дорад, то худ низ печҳои бехатарро интихоб ва ба сокинон пешниҳод кунад.

Аммо кафшергарон, ки ба сохтани бухориҳо ҳам барои ангишт ва ҳам барои ҳезум машғуланд, мегӯянд, онҳо талош мекунанд, аз оҳану маҳсулоти арзон ва барои мардум дастрас, печи нисбатан бехатар созанд. Вале ба гуфтаи онҳо, бехатарӣ бештар аз худи истифодабаранда ва интихоби дудбарои сифати аъло вобастааст.

Наврӯз, кафшергаре, ки дар бозори “Султони Кабир” бухорӣ месозад, мегӯяд, “Ҳозир оҳан ва ҳамин труба ё лулаҳои дудгузаре, ки фурӯхта мешаванд, дар мо бесифатанд аксарият, агар оҳан ва лӯлаи босифат бигирем, нархаш гарон мешавад. Масалан, оҳани русӣ аст, касе наметавонад онро бихарад. Лӯлаҳои асбестӣ, ҳам русӣ ва ҳам чиноӣ дорад. Чиноияш ба гармӣ мутобиқат намекунад, вале мардум онро зиёд мехаранд ва тунук аст, вақте гарм шуд, кушод мешавад ва поин омаданаш мумкин, ки дар натиҷа метавонад, дудро вориди хона кунад ё боиси сӯхтор шавад.”

Кафшергарон ва ҳам тоҷирони печфурӯш дар баъзе ҳолатҳо худи истифодабарандгони печро дар риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ айбдор мекунанд ва мегӯянд, онҳо сари вақт лӯлаҳои дудбарои печро тоза намекунанд.

Гулизор Фахриддинова, сокини як деҳи ноҳияи Шаҳринав, ки чандин даҳсолааст, ба воситаи бухорӣ сардиҳои зимистонро пушти сар мекунад, мегӯяд, бояд дар истифодаи он, қабл аз ҳама худи хонаводаҳо боэҳтиёт бошанд ва ҳеҷ гоҳ онро ҳангоми хоб ва ё танҳо будани кӯдакон пурангишт кунанд. “Ман ба ҳама кӯакон фаҳмондагӣ ҳастам, ки ба печ наздик нашаванд ва ҳамчунин ҳамеша як калони хона дар назди печ меистаду назорат мекунад. Ва ҳар ҳафта як бор лӯлаи дудбароро хабар мегирем, то тозаву дудбароӣ осон бошад.”

Зимнан, печи сӯхти ангишт, аз серхаридортарин бухориҳои бозорҳои Тоҷикистон аст. Ин печҳо, ки дар шакли мухталиф сохта шудаанд, аз 200 то 400 сомонӣ арзиш доранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG