Пайвандҳои дастрасӣ

Мушкили ронандаи тоҷик – аз убури марзи Узбакистон то...


Мирзоалӣ Каримов

Мирзоалӣ Каримов

Як ронандаи боркашони тоҷик мегӯяд, дар тӯли ҳар сафараш, ки се моҳ идома мекунад, бо ҳодиса ва мушкили зиёд рӯ ба рӯ мешавад.

Мирзоалӣ Каримов дар 26 соли ронандагӣ қаламрави аксар кишварҳои Осиё ва Аврупоро бо мошини боркаши худ тай кардааст. Ҳар сафари хориҷии Мирзоалӣ, ки то ҳудуди 3 моҳ идома мекунад, бо ҳодисаву мушкилоти зиёд анҷом мешавад.

Мушкили умдае, ки Мирзоалӣ дорад, убури марзи Узбакистон дар тӯли се рӯз будааст. “Мо бояд 1650 километрро дар 72 соат тай кунем. Агар дар ин муддат аз хоки Узбакистон набароем, барои ҳар рӯзи дер кардан 70 доллар ҷарима месупорем,” -- гуфт ӯ.

Дар асоси тартиботи убуру мурур ронандаҳои тоҷик бояд дар се рӯз аз қаламрави Узбакистон хориҷ шаванд. Ронандаҳои қирғиз 5 шабонарӯз, туркҳо 20 рӯз ва русҳо як моҳ ҳаққи будубош дар Узбакистонро доранд. Маҳз муҳлати кӯтоҳ ва роҳи тӯлонии Узбакистон боис ба мушкилоти ронандаҳои тоҷик дар кишварҳои дигар мешавад.

Ин мушкилоти Мирзоалӣ ва ронандаҳои дигари тоҷик дар ҳолест, ки ҳаққи роҳкирои боркашонӣ аз Тоҷикистон то Русия аз 4 ҳазор доллари қаблӣ то 2000 доллар коҳиш ёфтааст. Сабабро Мирзоалӣ дар ҳузури афзояндаи мошинҳои Қирғизистону Узбакистон дар Тоҷикистон мебинад. Зеро онҳо дар Узбакистон, Қазоқистон ва Русия мушкил надоранд ва ҷарима ҳам намепардозанд.

Мирзоалӣ Каримов мегӯяд, ки “масалан, мошинҳои Узбакистон меояд, мошинҳои Қирғизистон меояд ва борҳои моро мегиранду ба нархи арзон мебаранд. Дар дигар кишварҳо мо ҳақ надорем бори кишвари сеюмро кашонем. Барои мисол, дар Олмон бояд бори Узбакистонро бор мекардам, ба ман гуфтанд, ки ту ҳақ надорӣ бори моро барӣ.”

Аммо ба қавли Мирзоалӣ, дар Қирғизистон муносибат ба ронандаҳои тоҷик хеле сард ва ҳатто таҳкиромез будааст: “Як рӯз нозирони роҳи Қирғизистон маро манъ карда, бачаҳоро заданд ва пулҳоямонро гирифтанд. Ба мақомоти интизомии Қирғизистон муроҷиат кардем, аммо ягон чора надиданд.”

Ин ронандаи тоҷик мегӯяд, чораи дигаре надорад ва ин сахтиҳоро бояд таҳаммул кунад. Ӯ аз мошини боркаш ва сафар ба кишварҳои хориҷӣ дил канда наметавонад,зеро чархҳои гардони мошин Мирзоалӣ ва хонаводаашро нон медиҳад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG