Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Довталабона ба сарбозӣ рафту бе пои равон монд. ВИДЕО


Умаралӣ Камолов

Умаралӣ Камолов

Умаралӣ Камолов, сокини рустои Ҳалқарӯди ноҳияи Ҳисор, ки ҳамагӣ дар ҳабдаҳ рӯзи хидмат аз пои равон монда ва шаш сол боз рӯи ҷойгаҳ хоб аст, мегӯяд, барои табобат ба кумак ниёз дорад. Ё ҳадди ақалл, ба қавли ӯ, мехоҳад ба мактаби маъюбон шомил шуда, соҳиби ягон касб гардад ва аз ин тариқ ба хонаводааш кӯмак кунад.

Ӯ рӯзи 9 август дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, ду сол боз барои шомил шудан ба мактаби маъюбон талош мекунад, аммо то ҳол муваффақ нашудааст. "Шаш сол боз дар як ҷой хобам. Чӣ мешавад, ки аз хона баромада, ягон ихтисос гирам ва кор карда каме худро хурсанд кунам?" – суол гузошт ӯ. То кунун масъулони мактаби маъюбон дар ин бора изҳори назар накардаанд.

Дар ҳоли ҳозир Умаралӣ Камолов дар ниҳодҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ба ҳайси маъюби гуруҳи якум сабт шуда ва ҳар моҳ 130 сомонӣ нафақаи маъюбӣ мегирад. Вай мегӯяд, баъди ҳабдаҳ рӯзи хидмат дар артиш таби баланд кард ва бетаваҷҷуҳии масъулони қисми низомӣ ӯро аз пойи равон монд.

"Таб доштам, вале танҳо баъди се рӯзаш ба назди пизишк бурданд. 52 рӯз дар бемористони низомӣ будам ва табобат гирифтам. Алакай кор аз кор гузашта буд. Ман аз пойи равон мондам," - нақл кард ӯ.

Умаралӣ 26 сол дорад ва баъд аз хатми мактаби миёна мехост, ки соҳиби маълумоти олӣ шавад, аммо ба далели набудани шароит натавонист ба ин орзуяш расид ва довталабона ба артиш рафт. Умаралӣ Камолов гуфт, "мехостам, хизматро адо кунаму дар Коллеҷи ҳарбӣ таҳсилро идома дода, соҳиби ягон вазифа шавам. Аммо нашуд. Тақдир ҳамин будааст."

Бо вуҷуди беморӣ ва шаш соли дар як ҷой хоб будан қаҳрамони гузориши мо ҳанӯз умедро аз даст надодааст. Волидони Умаралӣ мегӯянд, шаш моҳи аввал писарашон дар бистари беморӣ бе ҳаракат хоб буд. Ҳоло метавонад, бинишинад ва ё дасташро камубеш ҳаракат диҳад."

Умаралӣ умедашро аз даст надодааст

Умаралӣ умедашро аз даст надодааст

Иллати то ин лаҳза сиҳат нашудани Умаралӣ Камоловро пизишкон дар саривақт табобат нагирифтани ӯ донистаанд. Идимоҳ Камолова, модари Умаралӣ, гуфт, "ҳоло пизишкон мегӯянд, илоҷи дар хориҷа табобат кардани , писарам ҳаст, вале агар пул ёфт шавад." Табибон бемории Умаралиро "Полирадикулиневрит" ташхис мондаанд. Табибони ҳиндустонӣ харҷи эҳтимолии табобати ӯро 12 ҳазор доллар гуфтаанд.

Умаралӣ Камолов мегӯяд, масъулони ҳукумати Ҳисор ба ӯ ваъда дода буданд, барои ба хориҷа рафта табобат гирифтанаш кӯмак мекунанд. "Ҳатто шиносномаи хориҷӣ ҳам гирифтам. Ҳеҷ нест, ки ёрӣ расонанд. Се сол мешавад интизори ёрии онҳоям," - гуфт ӯ.

Умаралӣ Камолов ягона сарбозе нест, ки ҳангоми адои хидмати ҳарбӣ саломати худро аз даст додааст. Ҳамасола борҳо баҳси додгоҳии латту кӯб, шиканҷа ва ҳатто марги сарбозоне расонаӣ мешавад, ки пайвандонашон талаби зарари расидаро мекунанд. Пешниҳоди созмонҳои дифои ҳуқуқи сарбозон ва ҳам ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мавриди барномаи мушаххаси кумак ба ҳамтақдирони Умаралӣ то ҳол бенатиҷа мондааст.

ҲИСОБИ БОНКИИ УМАРАЛӢ КАМОЛОВ ИН АСТ:

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG