Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Дар рӯйи мавҷҳои Омӯ аз сӯи ватан моро тир мезаданд"


Ҷавонони тоҷик ва кӯмакҳои башардӯстона дар солҳои 1990-ум.
Ҷавонони тоҷик ва кӯмакҳои башардӯстона дар солҳои 1990-ум.

Ҷонибек Сангов 21 сол дошт, ки дар пайи тасаллути нерӯҳои Фронти Халқӣ бар водии Вахш ба Афғонистон паноҳ бурд.

Беш аз 60 000 кушта, 25 000 зани бева, 53 000 кӯдаке, ки ятим монд, 36 000 манзиле, ки тахриб шуд ё ба коми оташ рафт ва беш аз 1 миллион беҷошуда - чунин аст чанд натиҷаи ҷанги харобиовари шаҳрвандии Тоҷикистон. Аз ин 1 миллионе, ки дарбадар шуд, як бахши бузургаш, ағлаб аз водии Вахш, худро бо умеди наҷоти ҷон ба рӯди Омӯ заданд ва дар Афғонистон паноҳ ёфтанд.

Дар Афғонистоне, ки худ дар вартаи ҷанг қарор дошт, вале бо ин вуҷуд, синаи меҳрубониашро аз паноҳҷӯёни тоҷик дареғ надошт. Ҷонибек Сангов, сокини ноҳияи Қубодиён ҳамагӣ 21 сол дошт, ки дар моҳи декабри соли 1992-юм, дар пайи тасаллути нерӯҳои Фронти Халқӣ бар водии Вахш, ҳамроҳ бо аҳли хонаводаву рустояш низ ба Афғонистон паноҳ бурд.

Ҷонибек Сангов: "Вақте ҷанг ба ҷои мо расид, мардум гуфтанд, ки бояд тарафи сарҳад гурезем. Дар марз ду ҳафта мондем, ки силоҳбадастон онҷо омаданд, мо гурехтем ва тавассути дарё рафтем ба Афғонистон. 21 сол доштам. Хонаҳоро партофта, дасти холӣ баромада рафта будем. Тамоми аҳли оила, 12 ё 13 нафар будем."

Озодӣ: Кӯдаки майда ҳам буд ҳамроҳатон?

Ҷонибек Сангов: "Бале, майдаву калон ҳама якҷо рафтем."

Озодӣ: То марз пиёда рафтед, ё чӣ гуна?

Ҷонибек Сангов: "Дар мошинҳо рафтем. Баъд ин ҳама мошинҳоро дар марз партофтем ва гузаштем аз дарё."

Озодӣ: Хонаҳоятонро кай сӯзонданд? Вақте будед дар русто ё баъд?

Ҷонибек Сангов: "Вақте мерафтем, хонаҳоямон обод буд. Чизе гирифта ҳам натавонистем бо худамон. Баъд, вақте як-ду нафаре, ки барои “разведка” ва ягон чизи лозимашонро гирифтан ба русто омаданд, баргашта, хабар оварданд, ки баъзе чизу чораи мардумро ғорат карда, дигар ҳама чизи боқимондаро ҳамроҳ бо хонаҳо оташ задаанд."

Озодӣ: Дар марз чанд рӯз мондед?

Ҷонибек Сангов: "Тақрибан 15 рӯз. Баъзеҳо хайма зада буданду баъзеҳо дар дохили мошинҳояшон хоб мерафтанд. Як рӯзи сиёҳ."

Озодӣ: “Боевик”-ҳо ҳам омада, ғам медоданд?

Ҷонибек Сангов: "Гоҳ-гоҳ ҳамла мешуд, тирпарронӣ мекарданд ва мардум мегурехт. Баъд аз ҳамин ҳамлаҳо маслиҳат карданд, ки дигар ҷои ақиб гаштан нест, ягона роҳ аз марз гузаштан аст."

Озодӣ: Вақте симхорро шикастед, марзбонони рус чизе нагуфтанд?

Ҷонибек Сангов: "Не, онҳо бетарафӣ карданд, чизе ба мо нагуфтанд."

Озодӣ: Дарёро чӣ гуна гузаштед?

Ҷонибек Сангов: "Балонҳои мошинҳоро дам кардему қувваҳои афғон аз он тараф кӯмак карданду... Чанд КАМАЗ-у МАЗ буд, балонҳои ҳамаашро кандему бо ҳамонҳо гузаштем. Чанд кас дар об ғарқ ҳам шуд, чанд нафари дигарро ҳангоми гузаштан парронданд. Бисёр шуд ин гуна ҳодисаҳо вақти убури дарё."

Озодӣ: Вақти гузаштан шуморо парронданд магар?

Ҷонибек Сангов: "Бале, ҳамон лаҳза “боевик”-ҳо омаданд, тирборон шуд ва чанд нафарро дар болои дарё куштанд."

Озодӣ: Ҷангиёни Фронти Халқӣ буданд онҳо ё ягон гурӯҳи дигар?

Ҷонибек Сангов: Ростӣ, намедонам. Мо онҳоро намедидем, паррон-паррон мешуд ва мардум ба воҳима афтода, ҳарсӯ мегурехт.

Озодӣ: Ҳамон рӯз ҳам паррон-паррон шуд, ки мардум худро ба дарё зад ва азми гузаштан ба Афғонистонро кард?

Ҷонибек Сангов: "Охир, дигар оқибат надошт, дар ин ҷо ҳама хонаву дари моро алов зада буданд ва мардум мегуфтанд, маъное надорад ин ҷо мондан, ягон кафолат ҳам нест, агар мо баргардем ба рустоямон. Маслиҳат ин шуд, ки ягона чора барои мо гузаштан аз дарёст."

Озодӣ: Дар он тараф чӣ гуна қабулатон карданд?

Ҷонибек Сангов: "Ба дараҷаи олӣ. Хуб пешвоз гирифтанд моро ва ҳаматарафа кӯмак карданд. Аз аз ҷиҳати ғизо, ҳам аз ҷиҳати пӯшок. Бурданд, баъзеаш ҳатто дар хонаҳояшон ҷо карда, нону обамонро доданд. Зӯр кӯмак карданд!"

Озодӣ: Дар кадом минтақа будед Шумо?

Ҷонибек Сангов: "Мо дар Мазори Шариф, дар Кампи Сахӣ будем."

Озодӣ: Рӯзатон чӣ гуна мегузашт дар он ҷо? Коре ё шуғле доштед?

Ҷонибек Сангов: "Ҳар кас ба ҳар навъ. Касе кори сохтмон мекард, касе -- ронандагӣ ва касе ҳам – тиҷорат. Мардум чӣ касбе, ки дар Тоҷикистон дошт, ҳамон шуғлашро дар ҳамон ҷо пеш мебурд."

Озодӣ: Худат чӣ кор мекардӣ?

Ҷонибек Сангов: "Рости гап, асосан бекор будам. Гоҳо тиҷорат мекардам, ягон чиз гирифта, мефурӯхтам. Ростӣ, Созмони Милал ёрии зиёд мекард ва аз ҷиҳати ғизо ва либос танқисӣ надоштем. Мо дар маҷмӯъ ягон 8 моҳ истодем дар Кампи Сахӣ."

Озодӣ: Чанд нафар буд гуреза аз Тоҷикистон?

Ҷонибек Сангов: "Фақат аз Шаҳритӯсу Қубодиён ягон 60-70 ҳазор буд."

Озодӣ: Ба Покистон ҳам рафта будӣ барои таҳсил, не?

Ҷонибек Сангов: "Бале, ман рафтам, аммо шароиташ хушам наомад, баъди тақрибан як моҳ баргаштам, наистодам дигар."

Озодӣ: Мадраса буд ё чӣ мактабе, ки туро фиристоданд?

Ҷонибек Сангов: "Давраи тайёрӣ буд ва ба мо хатти арабиро таълим медоданд. Ман бояд баъди хатми ин давра дар риштаи таърихи донишгоҳ таҳсил мекардам, вале падарам мариз шуд ва азбаски дигар шароити хондан надоштам, дигар он ҷо наистодам."

Озодӣ: Бозгашти Шумо аз Афғонистон чӣ гуна сурат гирифт? Кӣ мусоидат кард? Бо кадом роҳ баргаштед?

Ҷонибек Сангов: "Мо бо хоҳиши худамон ва бо розигии ҳукумат баргаштем. Ташкил карданд бозгашти моро. Ба Ҳайратон оварданд моро ва аз он ҷо бо мошинҳо ба рустои худамон омадем. Дар марзи Тоҷикистон бо Узбакистон ҳамаи мо аз санҷиши тиббӣ гузаштем, ки бо худ ягон маризӣ надошта бошем."

Озодӣ: Мақомот ҳам бозпурсиатон карданд, ки куҷо будед ва чӣ кор мекардед ин ҳама вақт дар Афғонистон?

Ҷонибек Сангов: "Бале, як ҷои махсус доштанд дар марз, ки моро як шабонарӯз нигоҳ доштанд. Дар онҷо аз тамоми идораҳо буданд, мепурсиданд ҳар кадоми моро, ки чӣ кор мекардӣ дар он тараф?"

Озодӣ: Вақте баргаштед, аҳволи рустоятонро чигуна дарёфтед?

Ҷонибек Сангов: "Хонаву дарамон комилан сӯхта, хокистар шуда буд. Созмони "Каритас" ёрдам карду мардум хонаҳояшро аз нав пӯшонд ва зиндагӣ боз рафтан гирифт дигар."

Озодӣ: Аммо бисёрии онҳое ки баргаштанд аз Афғонистон, шуғле дар ватан пайдо накарданд ва боз муҳоҷир шуданд ба Русия. Худат чӣ?

Ҷонибек Сангов: "Ман ҳам аллакай соли 1994 ба Маскав рафтам, чун шароит хеле вазнин шуда буд дар Қубодиён."

Озодӣ: Созмонҳои байналмилалӣ як кӯмак карданд, ки хонаҳоятонро пӯшондед ва бо ҳамон тамом?

Ҷонибек Сангов: "Не, то як-ду соли дигар кӯмаки ғизоӣ мерасонданд. Равған, шакар, орд, биринҷ – ҳама чизи моро таъмин мекарданд, вале зиндагӣ боз ҳазору як мушкили дигар дорад. Барои ҳамин, мо ҳам маҷбур шудем, ки биравем ба Русия."

Озодӣ: Ҷанги Тоҷикистон мардумро дар ду ҷабҳа ҷудо карда буд. Он мардуме ки аз тарафи дигар буд, чӣ гуна пазируфт бозгашти Шуморо?

Ҷонибек Сангов: "Хуб буд муносибаташон зоҳиран. Албатта, мо дар мавҷи сеюм ё чоруми бозгашти гурезаҳо аз Афғонистон баргаштем ва то он вақт вазъ оромтар шуда буд. Онҳое, ки қабл аз мо омада буданд, мегуфтанд, ки бархе мардуми таҳҷоӣ, асосан узбакҳо, ғамашон медиҳанд, дашному ҳақорат медиҳанд гурезаҳоро. Вале вақте мо баргаштем, ягон мушкил набуд, ин гапҳо ҳама тамом шуда буд."

Озодӣ: Онҳое, ки ғам медоданд, ҳоло куҷо шуданд?

Ҷонибек Сангов: "Дар ҳамин Қубодиён зиндагӣ доранд ҳамроҳи мо."

Озодӣ: Рафтуомаду "саломуалек" доранд бо Шумо?

Ҷонибек Сангов: "Бале, ҳозир муносибатҳо хеле хуб аст, ягон мушкил надорем бо ҳамдигар, мисли хешу табор шудаанд ҳозир."
XS
SM
MD
LG