Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

“Аз Русияаш безорам...” Қиссаи қатли Ёрмурод дар Екатеринбург


Ёрмурод Ҷӯраев

Ёрмурод Ҷӯраев

Ёрмурод Ҷӯраев се ҳамлагарро аз пой афтонд, вале чорумаш даст ба корд бурд ва рост ба қалби ин муҳоҷири 31-сола аз Тоҷикистон зарба зад...

“Акнун дар дилам нияти Русия ҳам нест, орзу ҳам намекунам. Безор шудем аз Русия ҳаму аз кор ҳаму... Мардикорӣ мекунам дар ҷои худаму мегардам, тамом.”

Ин оҳи дили як муҳоҷири тоҷик, ки овозхони ҷавони тоҷик Беҳрӯзи Аминҷон дар оғози клипи таронаи “Ғарибӣ”-аш ҷо кардааст, чанд рӯз пеш Ёрмурод Ҷӯраевро чунон ба ваҷд овард, ки ӯ зери ин тарона тугмаи “класс”-ро пахш кардаву шарҳи кӯтоҳе ҳам гузоштааст ки: “Бисёр хуб хондааст. Бародарон ҳама “класс”-ро зер кунед, ки дигарон ҳам тамошо кунанд.”

“Ғарибӣ”-и Беҳрӯзи Аминҷон, ки достони муҳоҷирони дар Русия ҷонбохтаи тоҷик аст, охирин видеоест, ки Ёрмурод Ҷӯраев, ин муҳоҷири 31-сола аз рустои Ёрии ноҳияи Панҷакент дар саҳифааш дар “Одноклассники” барои тамошо ба дигарон тавсия додааст.

Шоми 29 май, ҳамагӣ 3 рӯз баъд худи ӯро сарнавишти қаҳрамонони ин тарона дарёб кард. Ёрмурод, ки дар шаҳри Екатеринбурги Русия дар як сохтмон кор мекард, шоми якшанбе ба манзили яке аз ҳамватанҳояш ба меҳмонӣ даъват шуда буд. Аммо дар роҳ ба меҳмонӣ дар кӯчаи Викулов 4 ҷавони сархуш пеши роҳи Ёрмуродро гирифтанд ва бо алфози қабеҳи қавмгароёна ба ӯ ҳамла карданд.

Боймурод Ҷӯраев, падари Ёрмурод, рӯзи 1 июн дар як тамоси телефонӣ бо Озодӣ гуфт: “Дар роҳ 4 нафар гирдаш кардаанд. Ӯ худаш танҳо будааст. Се нафарашро зада, аз пой афтондааст, вале чорумаш бо корд ба дилаш задааст.”

Дилмурод Ҷӯраев, бародари Ёрмурод, ки низ дар яке аз сохтмонҳои Екатеринбург кор мекунад, гуфт, то ҳол ҳеч кадоме аз ҳамлагаронро дастгир накардаанд: “Ман рафтам, ки гуфтанд, инро як гурӯҳ куштаанд. Ёрмурод шоми 29 май ба меҳмонӣ мерафт ва дар назди биное, ки бояд медаромад, ба вай ҳамла кардаанд. Тафтишот рафта истодааст, вале умеди зиёде надорем, ки натиҷа бидиҳад. То ҳол мегӯянд, ки ҳамлагаронро кофта истодаем.”

Дар бораи кушта шудани Ёрмурод Ҷӯраев ягон расона хабар надодааст. Дар сомонаи расмии пулиси Екатеринбург низ ин ҳодиса дар лентаи хабарҳои ҷиноӣ зикр нашудааст. Танҳо дар саҳифаи Ёрмурод дар “Одноклассники” яке аз онҳое, ки ӯро мешинохт, аз марги ин муҳоҷири ҷавон хабар дода ва тибқи анъанаи мазҳабии роиҷ дар байни мардуми тоҷик, аз ҳама пурсидааст, ки “Эй мардум, Ёрмурод чӣ одаме буд?”

Дар посух даҳҳо нафар бо орзуи ободии охира ба ин муҳоҷири ҷавонмарг ва талаби сабри ҷамил ба наздиконаш аз Ёрмурод ҳамчун як “бачаи хуб”, “ҷавонмарди зӯр”, “акои меҳрубон” ва бо ишора ба касбаш ҳамчун “устои гулдаст” ёд кардаанд.

Ёрмурод Ҷӯраев дар саҳифааш дар “Одноклассники” хеле фаъол буд ва ба фарқ аз бисёре аз муҳоҷирони дигари тоҷик, ки дар ин шабакаи иҷтимоӣ асосан пушти чизҳои тафреҳие, чун латифаву таронаҳои шӯх мегарданд, масоили ҷиддитар ва асосан мушкилоти муҳоҷирони тоҷик дар Русияро доман мезад.

Саҳифаи Ёрмурод Ҷӯраев дар "Одноклассники"

Ӯ аз ҷумла аксеро гузоштааст, ки чигуна як муҳоҷир даромади ночизаш дар Русияро 5 тақсим мекунад – барои хӯрду хӯрок, барои фиристодан ба хона, барои иҷораи манзил, барои раҳпулӣ ва барои патент. Аз тақсимоти Ёрмурод бармеояд, ки ҳиссаи азими маоши муҳоҷир сарфи патенту дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷаи давлати Русия сарф мешавад.

Дар баҳси гарми зери акс бархе муҳоҷирони дигар аз ӯ эрод гирифтаанд, ки чаро пули пулисро зикр накардааст? Худи Ёрмурод ҳам назарашро навиштааст, ки “бисёр азоб аст барои муҳоҷирон.”

Ҷое дигар шеъреро дар бораи муҳоҷирон гузоштааст, ки як порааш ин аст:

Нигар акнун аҳвола,

Зиндагии ҳарсола,

Бо билети насия

Меравад ба Расия...

“Илоҳӣ омин. Худоё патентро аз байн бардорад.”

“Илоҳӣ омин. Худоё патентро аз байн бардорад.”

Дар зери як аксаш, ки ду даст ба дуо гирифтааст, Ёрмурод Ҷӯраев шояд дуои миллионҳо муҳоҷири ҳамтақдираш дар Русияро ба забон оварда, навиштааст: “Илоҳӣ омин. Худоё патентро аз байн бардорад.”

Сарнавишти Ёрмурод Ҷӯраев ҳамсони сарнавишти садҳо ҳазори дигар аз муҳоҷирони тоҷик аст: Кӯдакии сахти даврони ҷанги шаҳрвандӣ – мактаб – мардикорӣ дар Русия.

Ҷамоати Ёрӣ аз бузургтарин ҷамоатҳои Панҷакент ба шумор меравад ва мардумаш, ба гуфтаи Хуршеди Атовуллоҳ, хабарнигори тоҷики зодаи ин ҷамоат, бо як шуҷоати хоси худ фарқ мекунанд.

Хуршеди Атовуллоҳ дар сӯҳбат бо Озодӣ афзуд, аксари мардони қобили кори Ёрӣ ҳар сол барои мардикорӣ ба Русия мераванд: “Ба ҷуз аз чанд хоҷагии деҳқонӣ дар ҷамоати Ёрӣ ягон ҷои кор набуду нест. Пештар мардуми инҷо бо кишти тамоку рӯзашонро мебурданд, ки ҳоло тамом шуд. Ҳама ба Русия мераванд ва асосан дар Екатеринбург, Новосибирск, Красноярск ва қисме дар атрофи Маскав кор меҷӯянд. Асосан кори сиёҳи сохтмон мекунанд.”

Ҳар сол то 1 миллион нафар аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон ба ҷустуҷӯи кор ба Русия мераванд. Ва ҳар рӯз дар Русия бино ба ҳисобҳо, дастикам 3 муҳоҷири тоҷик ба зиндагӣ падруд мегӯянд. Бархе бар иллати маризӣ, бархе – ба иллати фалокатҳои фаннӣ дар ҷои кор ё дар садамаҳои нақлиётӣ, бархе, чун қаҳрамони ин гузориши мо Ёрмурод Ҷӯраев – бо марги иҷборӣ ва аз ҷумла дар натиҷаи ҳамлаҳои гурӯҳҳои қавмгаро.

Таронаи «Ғарибӣ»-и Беҳрӯзи Аминҷон бо пораи риққатоваре ба поён мерасад:

Баъзе мондем солҳо

Дар инҷо ҳар куҷо

Хандаи фарзандро надидем.

Баъзе мо пул гуфтем,

Баъзе мо гул гуфтем,

Тобути чӯбини худ бурдем…

Боймурод Ҷӯраев, падари Ёрмурод гуфт, ҷанозаи писари ҷавонмаргашро рӯзи 2 июн аз тариқи парвози Екатеринбург – Хуҷанд ба Ватан меоранд. Боймурод мегӯяд, ба ҷуз худаш дигар касе аз аҳли оилаи онҳо дар Ёрӣ хабари марги Ёрмуродро ҳанӯз намедонад: «Тақдири мо ҳамин будааст, албатта, аз тақдир ҷои гурез нест. Вале ҳоло ман инҷо нишастааму намедонам, ки модарашро барои қабули тобути Ёрмурод чӣ гуна омода кунам? Чӣ тавр фаҳмонам, ки писарат дар ғурбат мурд? Чӣ гуна?»

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG