Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Худоё, ақл деҳу оқилам кун... Достони марги мудҳиши як ҷавони тоҷик


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Асрор Табаррук Усмонзода, муҳоҷири 23-солаи тоҷик, ки ба гулӯяш сиркову аммиак рехта буданд, шаби 20 апрел дар бемористон аз олам даргузашт.

Худоё, ақл деҳу оқилам кун,

Мадеҳ давлат, вале соҳибдилам кун.

Агарчӣ зиндагӣ бошад хӯру хоб,

Қатори говҳо дар оғилам кун.

Хонед, андеша кунед, дӯстон.

Ин танҳо матнест, ки Асрор Табаррук Усмонзода аз рустои Оббурдони ноҳияи Мастчоҳи Тоҷикистон ҳанӯз дувуним сол пеш дар саҳифааш дар шабакаи “Одноклассник” нашр кардааст ва се нафар зери ин матн ба Асрор офарину боракаллоҳ гуфтаанд.

Асрор, ки ҳамагӣ 23 сол дошт, шаби 20 апрел дар бемористони шаҳри Хати-Мансийски Русия, воқеъ дар 2500-километрии шимолушарқи Маскав ва 300-километрии ғарби шаҳри Сургут вафот кард.

Аҳмадхоҷа Усмонов, писарамаки Асрор рӯзи 21 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, “Асрор соати ёздаҳи шаб ба ҳуш наомада, даргузашт. Ҳоло тобуташро омода кардем ва ҷанозаашро, насиб бошад, рӯзи якшанбе аз Сургут бо ҳавопаймо ба Тоҷикистон мефиристем.”

Асрор Усмонзода ҳамроҳ бо ҳамдеҳагон ва ду бародараш, дар маҷмӯъ 20 нафар, дар як сохтмони марбут ба ширкатҳои “Новый город” ва “АкСтройкапитал” дар шаҳри Ханти-Мансийск кор мекарданд. Ин ширкатҳо ба Гайдар Зауров, як соҳибкори доғистонӣ тааллуқ доштаанд.

Наздикони Асрор Усмонзода марги ӯро ба баҳси маоши ӯву мардикорони тоҷики дигар бо ширкати сохтмонӣ рабт медиҳанд. Ба гуфтаи онҳо, Асрор рӯзи 7 апрел ба идораи ширкат даромада, аз раисаш Гайдар Зауров маоши аз соли гузашта бозмондаашро талаб кардааст. Вале молики ширкат ва атрофиёнаш ӯро аз идора пеш мекунанд ва таҳдид ҳам мекунанд, ки ҳаддашро бишиносад.

Ва алакай шаби 8 апрел афроди ҳанӯз номаълум ба манзиле, ки Асрор дар кӯчаи Кирови шаҳри Ханти-Мансийск ба сар мебурд, ҳамла оварда, ӯро латукӯб мекунанд ва дар охир ба гулӯяш омехтаи сирко(уксус) ва аммиак мерезанд.

Саҳифаи Асрор Усмонзода дар "Одноклассники"

Саҳифаи Асрор Усмонзода дар "Одноклассники"

Аҳмадхоҷа Усмонов, писарамаки Асрор мегӯяд: “Мо ба ҳамин фикрем, ки ӯро барои маошаш куштанд. Ба ӯ чанд бор таҳдид карда буданд. Баъди ба бемористон афтоданаш пули маоши ӯро даррав пайдо карда, доданд. Вале боз ҳам бо оҳанги таҳдид ба мо ҳушдор доданд, ки аз маоши коргаронаш қарздор будани ширкатро ба муфаттишон нагӯем.”

Кумитаи тафтишоти минтақаи Юграи Русия рӯзи 19 апрел, як рӯз пеш аз марги Асрор Усмонзода хабар дод, ки қазияи ҳамла ва заҳролуд шудани ин мардикори тоҷикро тафтиш мекунад ва дар баробари фарзияҳои дигар фарзияи баҳси маоши ӯву коргарони дигар бо ширкати сохтмонӣ ҳам мавриди таҳқиқ қарор мегирад.

Ин дар ҳолест, ки расонаҳои маҳаллӣ аз қавли манобеи худ дар мақомоти пулиси минтақа менависанд, дар фарзияи мақомот Асрор Усмонзода муҳоҷире менамояд, ки аз ғояти бепуливу бекорӣ ба танг омада, қасд ба ҷони худ кардааст ва худаш ба гулӯяш сирко рехтааст.

Аммо Аҳмадхоҷа Усмонов, писарамаки Асрор мегӯяд, “вақте мо ба пулис занг задем, чандин соат онҳо як нафар ёфта натавонистанд, ки ба ҷои ҳодиса бифиристанд. Фақат тарафи шом билохира як афсари пулис ёфт шуд ва ба ҷои ҳодиса омад. Ӯ дар бадани Асрор осори латукӯбро мушоҳида ва сабт кард. Вале намедонам, ки оё ин қазия то куҷо одилона ва то охир тафтиш мешавад ва гунаҳкорони марги Асрори ҷавонмарг ҷазо хоҳанд дид.”

Каромат Шарифов, раиси Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷики Русия ба Озодӣ гуфт, ки ин қазия набояд дар нимаи роҳ монда шавад. Ӯ гуфт, аз мақомоти Русия тафтиши фарогири марги Асрор Усмонзода ва ба ҷавобгарӣ кашондани омилони ҳамла ба ин муҳоҷири тоҷикро талаб мекунад.

Ширкати “АкСтройКапитал” аз мардикорони тоҷикаш дар маҷмӯъ ҳудуди 2 миллион рубл, муодили 29 ҳазор доллар қарздор будааст. Ба гуфтаи Аҳмадхоҷа Усмонов, ширкат аз Асрор аз соли 2015 тақрибан 150 ҳазор рубл, чизе бештар аз 2 000 доллар қарз дошт. “Барои ҳамин як пули ночиз ҷонашро аз даст дод Асрори мо. Дунёро надид, аз 18-солагӣ ҳар сол ба мардикорӣ меомад ва охири охир, аҷалашро низ дар ҳаминҷо ёфт,” – бо алам гуфт Аҳмадхоҷа дар сӯҳбат бо Озодӣ.

Ҳар сол то 1 миллион нафар аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон барои таъмини рӯзгори хонаводаҳои худ ба хориҷ ва асосан ба Русия мераванд. Ҳар сол беш аз 1000 нафар аз муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба иллатҳои мухталиф, аз ҷумла бар асари фалокатҳои фаннӣ дар ҷои кор, садамаҳои нақлиётӣ, ҳамлаҳои гурӯҳҳои қавмгаро ваё мисли Асрор дар пайи баҳси маош бо корфармо, ҷони худро аз даст медиҳанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG