Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Охирин Наврӯзи Маликаи ҷавонмарг (ВИДЕО)


Малика Мирзоева

Малика Мирзоева

Ҷавондухтаре, ки дар як намоишномаи наврӯзӣ нақши “арӯси гунг”-ро бозӣ карда буд, пас аз анҷоми намоиш худро дар оғили хонаашон ба дор овехтааст.

Ҷасади Малика Мирзоеваи 17-сола аз рустои Тугаракро наздиконаш соати 15-и рӯзи 17-уми март замоне пайдо карданд, ки ӯ аллакай ҷон дода буд. Ҳамсинфонаш дар мактаби рақами 11-и ноҳияи Восеъ мегӯянд, қабл аз марг вақте Малика нақши "арӯси гунг", як саҳначаи нимҷиддиву нимшӯхӣ аз ҳаёти тозаарӯсеро он чунон бо ҳаяҷон иҷро карда буд, ки касе тасаввур намекард, ки ӯ рӯзе даст ба ҷони худ мезанад.

Бархе аз ҳамсабақонаш мегӯянд, пас аз иҷрои ин нақш гӯиё ин духтар ҳадафи тамасхур қарор мегирад ва наздиконаш ҳам барои иҷрои чунин нақше ӯро сарзаниш мекунанд. Як ҳамсабақи Малика, ки нахост номашро зикр кунем, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Маликаро баъди анҷоми намоиши наврӯзӣ амакаш бо кадом писаре дида, писарро зери латкӯб қарор медиҳад ва Маликаро ҳам таҳдид мекунад, ки дар хона ҷазояш хоҳад дод.

Малика Мирзоева

Малика Мирзоева

“Малика дар рӯзи Наврӯз дар ду саҳнача бозӣ карда буд. Баъди Наврӯз, амакаш, ки муаллими ҳамин мактаб аст, ӯро бо кадом писаре дида, писарро зад. Малика гурехта пинҳон шуд ва ба ҳамсинфонаш гуфт, дари маро пӯшед, ки амакам маро мекушад. Баъди чанд дақиқа аз тиреза овоз баровард, ки дарро кушоед. Калидро оварда кушода натавонистанд, баъдан ман калиди дигарро оварда дарро кушодам ва ӯ ба хонашон рафт. Баъди ду соат овозааш баромад, ки ӯ худро ба дор овехтааст,” - афзуд мусоҳиби мо.

Малика Мирзоева духтари калонии хонадоне дар ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ буд. Волидайни Малика овозаҳо дар бораи духтарашон беасос медонанд, вале низ намегӯянд, ки чаро ин духтари 17-сола даст ба худкушӣ зад.

Бунафша Наимова, модари Малика рӯзи 19 март ба Радиои Озодӣ ҳикоят кард, ки рӯзи Наврӯз духтараш пас аз иҷрои нақши “арӯси гунг” ба хона баргашта, бо намоиши қадду қомат аз модараш хостааст, то зебогии ӯро васф кунад. Аммо модар дар посух ба духтар гуфтааст, ки «нав туро дида будам, чӣ лозим аст боз дидан?». Ӯ мегӯяд, намедонистам, ки ин охирин дидор бо духтарам будааст.

Бунафша Наимова

Бунафша Наимова

Бунафша Наимова афзуд: “Ман дар Наврӯзиаш иштирок кардам ва баъди анҷоми Наврӯзӣ гуфтам, биё, ба хона равем. Ӯ гуфт, лагандҳоямро гирифта меоям. Чанд лаҳза пас аз пуштам омада расид. Гуфтамаш, биё, ягон чиз хӯр. Ӯ гуфт, дар Наврӯзӣ хӯрок хӯрдам, ва оғилҳоро рӯфтанӣ рафт. Ва манро гуфт, ки бушкаҳоро ҷамъ кунам, зеро баъди рӯбучини оғил барои об мерафтем. Вале вақте рафтам, ки ҷеғаш задам, дидам ки ӯ аллакай худро ба дор овехтааст. Пеш аз ин кор духтарам тарсида буд ва мехостам, дуояш хонем. Вале ӯ гуфт, ки баъди Наврӯз.”

Худкушии Малика дар ҳоле рух дод, ки ду ҳафта пеш як хонандаи дигари ҷамоати деҳоти Тугарак ҳам қасди худкушӣ кардааст, аммо волидайнаш тавонистаанд ӯро наҷот диҳанд. Алишер Неъматов, сардори шӯъбаи умури дохилаи ноҳияи Восеъ бидуни ироаи ҷузъиёт ба Озодӣ гуфт, ин қазия таҳти тафтиш қарор дорад.

Манзили хонаводаи Малика дар Тугарак

Манзили хонаводаи Малика дар Тугарак

Дар сӯҳбат бо Озодӣ амма ва холаҳояш Маликаро духтари ҷасур унвон карданд. Онҳо мегӯянд, гӯё Малика дар компутараш навиштааст, ки ӯ бояд ҳамроҳи ду додараш худро аз кӯҳи Ҳимолой партояд. Волидайни Малика мегӯянд, онҳо ҳатто намедонанд, ки ин кӯҳи Ҳимолой куҷост?

Бино бар иттилои расмӣ, танҳо дар 18 рӯзи моҳи март дар минтақаи Кӯлоб 3 нафар қасди ҷони худ кардаанд. Соли гузашта дар ин минтақа 41 нафар, аксаран ҷавонон, худкушӣ кардаанд.

Ба сурати умум, ҳар сол дар Тоҷикистон беш аз 400 нафар қасди худкушӣ мекунанд. Яъне ба ҳисоби миёна, ҳар рӯз на камтар аз 1 нафар.

Видео дар Ютуб:

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG