Пайвандҳои дастрасӣ

Кӯдаки гурусна аз Сурия дунёро ба даҳшат овард


Муҳаммад Исо аз Мазоё

Муҳаммад Исо аз Мазоё

Дар матбуоти дунё навори видеоие аз Сурия чарх мезанад, ки дар он як кӯдак аз шаҳри Мазоё аз 7 рӯз инҷониб чизе ба даҳон набурданаш ҳарф мезанад.

Кӯдаке бо номи Муҳаммад Исо дар шаҳри Мазоё (مضايا)и Сурия мегӯяд, ки ҳафт рӯз инҷониб чизе нахӯрдааст ва хеле гурусна аст.

Муаллифони наворе, ки хабаргузории Рейтерс аз шабакаҳои иҷтимоӣ дарёфт намудааст, исрор меварзанд, ки мисли Муҳаммад Исо 40 ҳазор сокини Мазоё ва фирориёне, ки дар ин шаҳри ҳаммарз бо Лубнон ҷамъ шудаанд, аз гуруснагӣ азият мекашанд.

Ба қавли ҳомиёни ҳуқуқи башари Сурия дар якуним моҳи гузашта дар Мазоё, ки аз тарафи нерӯҳои давлатии режими президенти Сурия Башор Ал-асад ва силоҳбадастони Ҳизбулллоҳи Лубнон муҳосира шудааст, камаш 10 нафар аз гуруснагӣ ба ҳалокат расидаанд.

Барномаи озуқаи СММ таъкид кардааст, ки сарфи назар аз оташбаси моҳи сентябр нерӯҳои давлатӣ мусоҳираи Мазоёро идома медиҳанд.

Дар тӯли панҷ соли ҷангҳои Сурия камаш 250 ҳазор нафар ба ҳалокат расидаанд.

СММ саъй дорад, 25-уми январ ҷонибҳои даргири Сурияро барои музокироти хатми низои панҷсолаи ин кишвар дар Женева ҷамъ кунад.

7-уми январ Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ эълон кард, ки нерӯҳои давлатии Сурия ба ходимони ин созмон иҷозат додаанд, ки вориди Мазоё шаванд.

Акнун СММ ба интиқоли кумакҳои башарӣ ба Мазоё омодагӣ мегиранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG