Пайвандҳои дастрасӣ

Аз ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон 15 сол гузашт. Хотираҳои мардум аз он рӯзҳои сиёҳ то рафт хиратар мешаванд.

Бисёре аз мардум, ки шоҳиди хунрезиҳо дар кишвар буданд, намехоҳанд, он рӯзҳоро ба ёд биёранд. Ҳарчанд дар бораи он ҷанг чандин китоб навишта шуд, вале қиссаҳои аслии ҷанг ҳанӯз нонавишта мондаанд.

Ҳар нафаре, ки дар соли 1992-юм, дар оғози ҷанги шаҳрвандӣ, дар Тоҷикистон буд, ба хубӣ ёд дорад, ки кишвар ба майдони тохтутози гурӯҳҳои мусаллаҳ, ниқорситониву ҷазодиҳӣ табдил шуда буд.

Ҳар нафаре, ки силоҳ дошт, худро фармондеҳи олам мешумурд ва амр медод. Якеро мекушт, дигареро мебахшид. Дар он солҳо мардуми рӯшанфикр ва ошкоргӯ, ки шояд дар мавзӯе назаре дода бошанд ва ё бо ягон намоянндаи гурӯҳи дигар саломуалейк карда бошанд, таҳти таҳқир қарор гирифтанд.

Дар он солҳо гурӯҳе аз мусаллаҳон ба ҷони шоири саршинос Гулрухсори Сафӣ таҳдид карданд ва ӯ танҳо бо амри тақдир ва кӯмаки афроди хайрхоҳ, аз қасоси гуруҳи мусаллаҳ ҷон ба саломат бурд. Он қиссаро, ки соли 1992-юм иттифоқ афтода буд, худи Гулрухсор ва Низорамоҳ Зарифова, ҳамсояи шоир ва зани фаъоли кишвар, қисса карданд.

Гулрухсор: "Яке Абдусалом ном дошт, дигаре Ҷумъахон ва Қурбону Хоҷаназар. Инҳоро Файзалӣ Саидов фиристода буд. Чунон гурӯҳи байналмилалие буданд, ки ҳар кадоме намояндаи як миллат буд. Аҷиб. Хонаи мо дутабақа аст. Инҳо аз табақаи якум ворид шуданд. Чӣ хел онҳо ворид шуданд, ин барои ман то ҳол афсона аст. Аз он қадар ҷои танг. Онҳое, ки ворид шуданд, бо автомат, таппонча ва грантомет ворид шуда буданд. Вақте ворид шуданд, диданд, ки танҳоям. Ман дар яке аз китобяҳом низ навиштам, ки вақте қотилони ман дар рӯбарӯи ман бо силоҳ қарор гирифтанд, ҳеҷ кас мисли ман бо Худо наздик набуд. Ман чашмони Худоро медидам. Қудрате, ки Худо барои ман дод, ин буд, ба ҷои он ки аз онҳо тарсам, ба таҳқир кардани онҳо сар кардам. Ба онҳо гуфтам, ки як сӯзан наовардед бо худатон. Гуфтанд, ки чаро? Гуфтам, барои куштани ман, барои куштани як зан. Барои куштани як инсон як сӯзан кифоя буд. Маълум буд, ки хеле фиребхӯрдаанд. Онҳо донистанд, ки ба хонаи як шоире омаданд, ки натанҳо бо дигарон ҳатто бо мӯрча ҳам ҷанг карда наметавонад. Онҳое, ки барои қатли ман омада буданд, ба онҳо шири гарм пешниҳод кардам. Ҷони одам ширин аст. Аксари ҳамсояҳо дарҳояшонро бастанд. Ба ҷуз апаи меҳрубон Низорамо Зарипова, ки ба кӯмаки мо расид. Гуфт, эй бачаҳо чӣ кор мекунед? Ин шоир аст..."

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG