Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рустам - шоири “капиталист”, вале дар орзуи коммунизм


Рустам Аламхонзода дар пояи ҳайкали Ленин
Рустам Аламхонзода дар пояи ҳайкали Ленин

Дар шаҳри Кӯлоб марди тоҷире ба сар мебарад, ки се дӯкон дорад, вале ҳамеша дар васфи Шӯравӣ шеър мегӯяд ва орзу дорад, ки СССР барқарор шавад.

Дар гӯшае аз бозори Кӯлоб Рустам Аламхонзода, як тоҷири маҳаллӣ рӯзи худро бо тиҷорат ва навиштани шеър дар васфи ҷомеаи Шӯравӣ бегоҳ мекунад. Ӯро ҳамкоронаш “капиталист”-е ном мебаранд , ки ҳамеша дар лаб васфи ҷомеаи комунистиро мекунад . Шеъраш бӯи коммунизм дорад ва баръакси садҳо шоири дигар тоҷик то ҳол дар васфи истиқлоли Тоҷикистон шеъре нагуфтааст.

Ленин- манбаи илҳоми Рустам

Рустам Аламхонзода ҷомеаеро пайваста васф мекунад, ки "капиталистҳо"-и навбаромаде чун худи ӯро қабул надошт ва ҷазо медод. Ӯ дар бозори Кӯлоб се дукон дорад ва дар онҳо аз техникаи замонавӣ то хуролку либосворӣ мефурӯшад.

Аламхонзода мегӯяд, ки макони дӯстдоштааш боғи шаҳри Кӯлоб ва атрофи пайкараи Валимир Ленин, асосгузори давлати Шӯравӣ аст. Пайкараи Ленинро як дафъа дар соли 2011 аз боғи марказии шаҳри Кӯлоб бардоштанд, аммо баъди эътирози коммунистҳо онро баргардонданд. Аламхонзода мегӯяд, ки шеърҳои ба дили худ наздикро дар пояи ҳамин пайкара эҷод кардааст.

Порае аз як шеъри Аламхонзода:

“Як партия буд раҳбари мо,

Мебурд раҳе, ки буд аёнам,

Дилсӯзтарини рӯи олам,

Душман ба ҳама ситамгаронам.

Он партия буд коммунистӣ

Дар даст гирифта буд инонам,

Аз хирмани пурсахои олам,

Пур карди ҳамеша дастархонам."

“Мо ҳама бемории “бонкрот” шудаем”

Рустам - шоири "капиталист", аммо дар орзуи коммунизм
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:07 0:00

Шоири шӯравипараст дар дӯконаш
Шоири шӯравипараст дар дӯконаш

Шеваи зиндагии Рустам пас аз пошхӯрии Шӯравӣ аз қолаби сотсиалистӣ ба тарзи сармоядорӣ иваз шуд. Ӯ аз нахустин нафароне буд, ки дар бозори Кӯлоб дӯкони тиҷоратӣ боз кард. Бо меъёрҳои минтақаи Кӯлоб ӯ марди сармоядор ҳисоб мешавад. Аммо Рустам Аламхонзода мегӯяд беҳтарин солҳои умраш ҳамон солҳое буданд, ки дар СССР гузаштаанд.

“Дар даври Шӯравӣ 8 соат кор мекардем, ҳозир 12 соат- 16 соат кор мекунем, аммо ҳеҷ не ки шиками мо аз нон сер шавад,”- мегӯяд Аламхонзода.

Рустам Аламхонзода моҳе як бор то 20 нафар аҳли фарҳанги Кулобро ҷамъ мекунад ва маҳфили шеър меорояд. Аввалин шеърҳои "ленинӣ"-ии ӯ дар ҳамин маҳфил садо медиҳанд.

Ӯ мегӯяд: “Замони Шӯравӣ хотири мардум ҷамъ буд, хотири мо ҷамъ буд. Мо боварӣ доштем, пагоҳ кор меравем, маош мегирем, зиндагиамон хуб мегузарад. Ҳозир чӣ? Ҳозир агар як рӯз касал шавӣ, варақаи бемориро аз куҷо мегирӣ? Кӣ маро бюллетен медиҳад, ҳеҷ кас намедиҳад. Як ё ду рӯз аз кор қафо, ки мондӣ, банкрот мешавӣ, банкроте ки дар Америка буду дар шаҳрҳои мо набуд. Ҳамон касали банкрот омада ба Кӯлоб ҳам расид.”

Биҳишт”, ки наберагони шоир намешиносанд

Фарзандони Рустам Аламхонзода ва наберагонаш, ки дар Тоҷикистони мустақил таваллуд шудаанд, фалсафаи ӯро дарк намекунанд ва намедонанд, ки қиссаҳои падари хонадон аз Шӯравӣ ҳақиқат доранд ё ӯ муболиға мекунад.

Меҳрубон Аламхонова, набераи Аламхонзода мегӯяд, ҳамеша бобояш дар бораи “биҳиште” сӯҳбат мекунад, ки барои онҳо нофаҳмо ҳаст: “Ман намедонам, ки СССР чӣ буд, лекин бобоям дар борааш шеър медонад, шеър менависад, аз нақли бобоям мехоҳам ки ҳамон давра бошаду ҳамон хел зиндагӣ кунем,”- мегӯяд Меҳрубон.

“Ӯ шоири тамалуқкор нест”

Шариф Сафаров, раиси бахши ҳизби комунистии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб мегӯяд, ба ин шоир эҳтироми хос дорад. Ӯ мегӯяд, Рустам Аламхонзода узви ин ҳизб нест, аммо барои идеяҳои ин ҳизб болотар аз аъзои он хизмат мекунад: “Ин комунисти ҳақиқӣ ҳаст. Дар ҳақиқат комунизмро дӯст медорад. Онҳое, ки дар замони Шӯравӣ шеър мегуфтанд ва ҳоло намегӯянд, тамалуқкорӣ мекарданд, вале рустам бе тамалуқ шеър мегӯяд. Ӯ орзӯҳояшро мегӯяд ва барои шеъърҳояш аз ҳеҷ кас чизе талаб надорад.”

Насли калонсоли минтақаи Кӯлоб, яке аз минтақаҳои рушднакардаи Тоҷикистон, ҳамеша давраи Шӯравиро бо даврони истиқлол муқоиса мекунанд ва ҳусну кубҳи ҳарду давраро ба тарозӯ мегузоранд. Вазни тарозу умдатан ба фоидаи "СССР" анҷом мешавад. мардуми оддӣ мегӯянд, истиқлолу давлатдорӣ хуб аст, аммо инсон дар умри кӯтоҳаш бояд хуб зиндагӣ кунад ва пайваста дар фикри нон набошад.

Рустамхони Аламхонзода бовар дорад, орзуи бозгашти сохти социалистӣ, танҳо як орзу нест ва рӯзе метавонад баргардад.

“Рафту Шӯравӣ барқарор шуд, ман аз баҳри ҳамаи молу мулкам мегузарам ва ҳамаро ба Шӯравӣ мебахшам. Чунки боварӣ дорам, ки маро ҷои кор медиҳад, фарзандонамро мактаб медиҳад, ҳама имкониятро ба мо фароҳам мекунад,”- мегӯяд Аламхонзода.

XS
SM
MD
LG