Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лапшин - тани танҳо дар муқобили Система (ВИДЕО)


Дмитрий Лапшин
Дмитрий Лапшин

Як сокини шаҳри Душанбе, ки қаблан шаҳрдор Муҳаммадсаид Убайдуллоев ва вазири дифоъ Шералӣ Мирзоро ба додгоҳ кашида буд, ҳоло бо омбудсмен Зариф Ализода вориди чунин даъво шудааст.

Дмитрий Лапшин, сокини ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Зариф Ализода, ваколатдори ҳуқуқи инсони Тоҷикистонро бо иттиҳоми “нақзи ҳуқуқаш” ба додгоҳ кашондааст ва изҳори ноқаноатмандӣ мекунад, ки омбудсмен ба додгоҳ низ эҳтиром намегузорад ва ба мурофиаҳо намеояд.

Лапшин рӯзи 18 уми март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ба он хотир Ализодаро ба додгоҳ кашонд, ки Ваколатдори ҳуқуқи инсон шикоятҳои Лапшинро баррасӣ накарда, онҳоро ба ниҳодҳое мефиристад, ки Лапшин алайҳашон шиква кардааст: “Ман ба Ализода муроҷиат кардам, ки ҳуқуқҳои ман аз сӯи мансабдорон нақз шуданд. Вай ба ҷои он, ки худаш шахсан ин масъаларо ҳаллу фасл кунад, ҳуқуқи маро нақз карда, шикояти маро ба унвонии ҳамон ниҳоде фиристодааст, ки ман аз болояш шикоят карда будам. Ҳол он, ки мувофиқи банди 5−и Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон” дубора фиристодани муроҷиати шаҳрванд ба он ниҳод ва ё мансабдоре, ки аз он шикоят кардааст, мумкин нест.”

Лапшин аз вайрон шудани ҳуқуқҳояш аз сӯи Ализода нахуст ба додгоҳи ноҳия Синои пойтахт шикоят бурда, ноком шуд.

Зариф Ализода, Ваколатдори ҳуқуқи инсони Тоҷикистон
Зариф Ализода, Ваколатдори ҳуқуқи инсони Тоҷикистон

Ин ҳол ӯро водор намуд, ба зинаҳои болоии додгоҳӣ шикоят кунад ва ҳамин тавр то ба зинаи ниҳоӣ -- Додгоҳи олии Тоҷикистон расид. Ба гуфтаи Лапшин, дар ҳамаи зинаҳои додгоҳӣ бо вуҷуди пойфишории ӯ худи Ализода шахсан дар ягон мурофиа ширкат накард ва дар бархе аз онҳо аз номи ӯ танҳо шахси ваколатдораш ҳозир шуд.

Дар ҳамин ҳол, дар ниҳоди зери роҳбарии Зариф Ализода мегӯянд, Лапшин ба онҳо шикоятҳои зиёд меорад ва бисёре аз онҳо роҳи ҳалли худро меёбад.

Ҳусниддин Нидоев, масъули бахши шӯъбаи ҳифзи ҳуқуқҳои сиёсӣ ва шаҳрвандӣ дар суҳбат бо радиои Озодӣ дар робита бо муроҷиатҳои Лапшин гуфт: “Ман се мавриди муроҷиати Лапшинро медонам, ки дар ҳар се маврид масъалааш ҳал шуд. Якумаш, гирифтани маълумотнома бо забони русӣ аз вазорати тандурустӣ буд, ки мо гирифта додем. Дигарӣ, дар мавриди гирифтани маълумотнома оид ба ширкати Лапшин дар машқҳои ҳарбӣ дар Самарқанд буд, ки низ роҳи ҳалли худро ёфт. Аз Кумитаи андоз низ як маълумотнома хоста буд, онро ҳам гирифтем.” Ҷаноби Нидоев афзуд, эҳтимол Лапшин бо шикоятҳои дигар низ муроҷиат карда бошад, ки мувофиқи имкон ба онҳо низ расидагӣ мекунанд.

Дар мавриди шахсан ширкат накардани Ализода дар мурофиаҳои додгоҳӣ як мақоми ин ниҳод ба шарти зикр нашудани номаш гуфт, раис вақти холӣ надорад ва дар мурофиаҳо намояндаи ваколатдори ӯ ширкат кардааст.

Маҳмадсаид Убайдулоев
Маҳмадсаид Убайдулоев

Аммо Ализода ягона мақоми давлатии Тоҷикистон нест, ки Лапшин онҳоро ба хотири “нақзи ҳуқуқҳояш” ба додгоҳ кашондааст. Қаблан вай бо иддаоҳои гуногун аз Маҳмадсаид Убайдулоев, раиси Маҷлиси миллӣ ва шаҳрдори Душанбе, Зафар Азиззода, раиси Шӯрои адлия, Шералӣ Мирзо, вазири мудофеа ба додгоҳ шикоят бурдааст. Аммо дар ҳеҷ яке аз ин мақомдорон ба толори додгоҳ ҳозир нашуданд ва ба ҷои онҳо афроди ваколатдорашон ширкат кардаанд, ки ба гуфтаи Лапшин, “салоҳият надоранд”.

Лапшин мегӯяд, мақомдорон худро аз шаҳрвандони оддӣ боло медонанд ва гӯё тобеи қонун нестанд. Ӯ аз посухи катбии Шералӣ Мирзо мисол меорад, ки гуфтааст, ӯ шахси одӣ нест ва ӯро танҳо додгоҳи низомӣ метавонад, муҳокима кунад.

Лапшин мегӯяд, мансабдорони тоҷик ба як “кастаи дахлнопазир” табдил ёфтаанд, ки зӯри бозуи қонун ба онҳо намерасад. Вале шаҳрвандони оддӣ дар барқарор кардани ҳуқуқҳои оддитарини худ оҷизанд.

Ба додгоҳ кашонида шудани мансабдорони баландпоя аз сӯи шаҳрвандон дар кишварҳои муттамаддин як таҷрибаи оддӣ аст. Аммо дар Тоҷикистон, ин ҳодисаи нодир ба шумор рафта, шаҳрвандони хеле каме ба хотири додхоҳӣ аз мансабдорони баландпоя ба додгоҳ шикоят мебаранд. Аксарият бар инанд, ки ин гуна кашмакашҳои додгоҳӣ ба ҷуз аз талафи беҳудаи вақт натиҷаи дигаре намедиҳанд.

Аз ин рӯ, ҳам ҳамсояҳо ва ҳам кормандони додгоҳҳо ба нависонависи Лапшин бо табассум менигаранд ва давутозҳои ӯро як кори беҳуда ё “Дон-Кихот”-бозӣ медонанд. Лапшин бар хилофи чунин андешаи аксари ҷомеаи Тоҷикистон аз азми худ барои талаби ҳуқуқаш заррае ақиб нишастанӣ нест.

Дмитрий Лапшин
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:43 0:00

XS
SM
MD
LG