Пайвандҳои дастрасӣ

Як зани нонпаз аз шаҳри Кӯлоб бо ифтихор мегӯяд, дар 25 соли кораш шояд чанд миллион нон пухта бошад ва дар ин муддат ҳазорон нафар маззаи нони ӯро чашидаанд.

Туғайбӣ Наимова, як зани нонпаз, ки ба гуфтаи худаш, дар тӯли чоряк асри кор “як бар-бар”-ро бо дастпухти худ бузург кардааст, мегӯяд, нонҳои пухтааш дар ин муддат ҳисоб надоранд, шояд ҳатто чанд миллион бошад. Туғайбӣ Наимова ҳамроҳ бо духтари 35-солааш нону кулчаву фатир мепазад ва дар байни ҳамаи қишрҳои ҷомеаи шаҳри Кӯлоб - аз бой то камбағал - муштарӣ дорад. Асрори асосии бозори гарми нонҳои ин хола дар ин будааст, ки ӯ нонро дар танӯри лойии бобоӣ мепазад.

Ҳоло дар ин шаҳри ҷануби Тоҷикистон кам аст нафаре, ки Туғайбӣ Наимоваи 70-соларо нашиносад. Модару духтар барои маъракаҳои ҳам тӯю ҳам азои мардум нону анвои мухталифи маҳсулоти нонӣ таҳия мекунанд ва дастархони мардумро оро медиҳанд.

Туғайбӣ Наимова, пас аз марги шавҳараш дар 25 соли пеш касби нонпазиро интихоб кард ва то ҳол зиндагиаш аз фурӯши ин неъмати бебаҳо таъмин мегардад.

Ӯ дар танӯре, ки дар назди як бинои баландошёнаи маҳаллаи Шамсиддини Шоҳин насб кардааст, рӯзона то 300 дона нон мепазад.

“Дар 45-солагиям шавҳарам гузашт ва ҳамин маконро обод карда, ба фурӯши нон машғул шудам. 5 - 10 соли пеш, то 500 дона нон дар як рӯз пухта савдо мекардам, ҳоло каме синну солам ба ҷое расидааст, ки акнун то 300 дона дар рӯз пухта, мефурӯшам. На танҳо аз шаҳр, ҳатто аз деҳот низ барои харидани нони ман меоянд,» - мегӯяд ин хонуми нонпаз.

Муҳаммадраҷаб, як нонфурӯши бозори «Саховат» -и шаҳри Кӯлоб дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, нони холаи Туғайбӣ аз ин сабаб серхаридор аст, ки маҳсулоташ аз танӯрҳои бобоӣ берун мешавад. Ба гуфтаи Муҳаммадраҷаб, ҳоло бештари нонфурӯшон аз чакдонҳои барқӣ истифода мебаранд ва нонҳояшон маззаи нони маҳаллиро надорад. Аммо ӯ мегӯяд, холаи Туғайбӣ бо меҳнати худ ва дар танӯр нон мепазад, ки албатта, нисбат ба танурҳои барқӣ хушмаззатар аст.

Туғайбӣ Наимова ҳамарӯза кор мекунад, аммо фармоишҳои умдаро барои рӯзҳои шанбеву якшанбе мегирад. Дар ин ду рӯз мардум маъмулан барои тӯю маъракаҳои худ нон фармоиш медиҳанд.

Ситора, як духтари 23-солаи маҳаллаи Шоҳин, маҳаллае, ки дар он Туғайбӣ Наимова танӯр ё “чакдон” дорад, гуфт, аз замоне ки худро мешиносад, хонуми Туғайбироро ҳамроҳи духтараш дар ин макон дидааст ва аз онҳо нон харидааст.

Ситора мегӯяд, ки харидорони нонпази машҳур ба ду гурӯҳ тақсим шудаанд, яке нони сафед ва дигаре нони сиёҳ харидорӣ мекунанд. «Мо кӯдак будем, ки дар инҷо холаи Туғайбӣ нон мепухт ва мо омада харидорӣ мекардм. Ҳоло аз пухтани нон хариданаш осонтар аст. Дар поён нонвой ҳаст, аммо ҳама ба ин макон меояд, зеро нонҳояш аз нонҳои бозорӣ фарқ мекунад, ҳам бо алов ва ҳам мисли нонҳои пухтаи модарони деҳот аст,»- мегӯяд Ситора.

Нархи нону кулчаҳои пухтаи Туғайбӣ Наимова нисбат ба қимати масолеҳи нонӣ дар бозори Кӯлоб фарқи зиёде намекунад. Гоҳе ҳатто аз нархи нони бозор арзонтар аст. Ӯ ҳар нонро ба қимати ду- се сомонӣ мефурӯшад. Бахши бузурги нонҳояш аз сари дегдон ба савдо мераванд. Ӯ мегӯяд, дар як рӯз аз фурӯши нон то 500-600 сомонӣ ба даст меорад, ки қисми ағлабаш барои пӯшондани харҷи орду ҳезум сарф ме шавад, вале як ҳиссае дар ҷайби ӯ ҳам мемонад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG