Пайвандҳои дастрасӣ

Печутобҳои рӯзгори Идибег ва 7 бачаи ӯ дар “кони пул”


Идибек бо фарзандонаш ва Каримҷон Ёров баъди барномаи "Пусть говорят"

Идибек бо фарзандонаш ва Каримҷон Ёров баъди барномаи "Пусть говорят"

Дар тӯли солҳои муҳоҷират садҳо муҳоҷири тоҷик дар Русия худро ёфта натавониста, барои солҳо дар он кишвар дармондаанд ва бархеи онҳо бо вуҷуди солиёни мусофирӣ ҳатто пули бозгашт ба Тоҷикистонро дар ҷайб надоранд.

Идибег Убайдов, ки дар рустои Жёлтое дар ноҳияи Сариоқтоши вилояти Оренбурги Русия бо исми русии “Игор” номаш мебаранд, 6 фарзандашро ба танҳоӣ тарбия мекунад. Ҳамсари ӯ Татяна Убайдова, ба гуфтаи Идибег, “мастомастӣ ва дугонабозии зиёд” дошт ва ду сол пеш вайро бо фарзандонаш партофта рафт. Бар илова, Идибег баъди даргузашти зану шавҳаре, ки дар Жёлтое дар ҳамсоягиаш ба сар мебурданд, Дима - писари 17-солаи онҳоро низ то замони ба балоғат расиданаш таҳти тарбияи худ гирифтааст.

Идибег(Игор) Убайдов рӯзи 27 август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Аз органҳои “опека” хоҳиш карданд, ки ту кӯдаконатро хуб тарбия мекунӣ, Димаро низ ба тарбия бигир. Ҳоло ӯро ҳам дар канори фарзандонаш нигоҳубин мекунам.”

Идибег ҷое кор намекунад ва буҷаи моҳонаи хонаводааш ҳамагӣ аз 8500 рубл, муодили 120 доллар - 3200 рубл кӯдакпулии фарзандони худи ӯ ва 5300 рубле, ки давлати Русия ба ӯ ба ҳайси васии Дима медиҳад, иборат будааст. Писари калонии ӯ Артём пеши модараш рафтааст, вале 5 тани дигар – Люба, Додарбек, Алишер, Алёна ва Акрам, ки аз 3 то 16 сол доранд, дар тарбияти ӯ боқӣ мондаанд. Сеи онҳо мактаб мераванд ва Люба дар омӯзишгоҳе дар маркази ноҳияи Сариоқтош касби фурӯшандагиро меомӯзад.

Идибег Убайдов

Идибег Убайдов

Исми ин зодаи Тоҷикистон моҳи январ, замоне вирди забонҳо шуд, ки моҷарои ӯву ҳамсари собиқаш бар сари фарзандонро ба минбари барномаи “Пусть говорят”-и шабакаи аввали телевизиони Русия кашонданд. Аҳли толор дар ин баҳси хонаводагӣ аксар тарафи Идибегро гирифт. Дар ҷараёни барнома бар асоси ташхиси ДНК эълон карданд, ки Акрам – писари хурдии ин хонавода аз Идибег нест, вале ӯ гуфт, бо ин вуҷуд ҳатто Акрамро ҳам ба он зан нахоҳад дод.

Ҳукумати вилояти Оренбург дар он барнома ваъда супурд, ки Идибегро ҳамчун падари серфарзанд бо манзили нав таъмин мекунад. Вале Идибег дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ҳоло иҷрои ин ваъдаро боз як сол қафо партофтаанд: “Гуфта буданд, ки хонаи нав медиҳем, надоданд. Ман ҳамчун падари серфарзанд ба як қитъаи замин ҳақ доштам, вале мегӯянд, замин нест. Ҳоло ман бо фарзандонам дар як манзили идораи роҳи оҳан, ки қаблан онҷо кор мекардам, зиндагӣ дорем. Ягон ҳуҷҷат надорад хонаи мо.”

Фарзандони Идибег Убайдов

Фарзандони Идибег Убайдов

Идибег, ки ҳоло 47 сол дорад, соли 1993, дар айни ҷӯши ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон, дар синни ҳамагӣ 25 зодгоҳаш – ноҳияи Ваҳдатро тарк кард ва ба Оренбург омад. Соли 1997 ба Татяна издивоҷ кард, соле баъд шаҳрванди Русия шуд, баъд фарзандҳо ба дунё омаданд ва бо ҳамин дар ҳаминҷо, дар рустои Жёлтое дармонд. Ӯ мегӯяд: “Кӯшиш мекунам, ки кӯдаконамро дар рӯҳияи мусалмонӣ тарбия кунам. Дар Жёлтое масҷид ҳам дорем, чунки аҳолиаш зиёдтар тоторҳову қазоқҳоянд. Вале кӯдаконам тоҷикиро намедонанд. Чанд сол шуд Тоҷикистон ҳам нарафтаем. Канӣ пуле, ки мо, 7 нафар сафари Тоҷикистон кунем? Рӯзамон бе ин ҳам дар инҷо ба зӯр мегузарад.”

Мисли Идибег муҳоҷирони тоҷике, ки ба далелҳои мухталиф дар Русия дармондаву ҳатто имкони молии баргаштан ба Тоҷикистонро надоранд, ваё дар инҷо соҳиби оилаву хонаву дар шуда ва аз наздикони худ дар Тоҷикистон фаромӯш кардаанд, кам нестанд.

Каримҷон Ёров

Каримҷон Ёров

Каримҷон Ёров, раҳбари созмони “ЭтМос”, яке аз ҷамъиятҳои тоҷикони Русия мегӯяд, бархе барои шароити беҳтараш мондан дар Русияро бартарӣ медиҳанд, вале онҳое низ кам нестанд, ки аз баргаштан, ба қавли маъруф, “изо” мекашанд: “Бисёриҳо меоянду вале дар Русия ҷои худро ёфта наметавонанд. Як сол, ду сол бекору сарсон мегарданд ва баъди ин дигар шарм медоранд, ки ба Тоҷикистон баргарданд. Дар Тоҷикистон як тасаввури умумӣ ин аст, ки Русия кони пул аст ва одам ҳар қадар дар Русия бисёр бимонад, пули бисёртар ҷамъ мекунад. Вале онҳое, ки чанд сол мемонанду пуле ҷамъ накардаанд, аз таънаи мардуму наздиконашон ибо мекунанд. Тоҷикҳое ҳам ҳастанд, ки бо пайравӣ ба мардуми маҳаллӣ майзада шудаанд. Чанд тоҷикро мо ҳатто аз байни бомжҳо пайдо кардем ва ба Тоҷикистон фиристодем.”

Азиза, як зани 70-сола аз канори Душанбе қиссаи писараш Маҳмудро мекунад, ки аз соли 1993 дар Русия буд ва бори аввал дар соли 2013 ва он ҳам баъди он ки ихроҷаш карданд, ба хона баргашт: “Баъди 20 сол ҳамагӣ як пакет дар дасташ омад. Дар он пакет ҳам чанд либоси кӯҳнааш буд. Як сӯм ҳам ҷамъ накардааст дар 20 сол! Омаду боз бори гардани ман шуд. Ҳар саҳар, “оча, ягон сӯмам те”, “Оча, маро зан те”... Охир аз куҷо? Ба мо-ку дар ин 20 сол як тин нафиристод, ақалан як санад накард ба худаш? Пуле ҷамъ накард, ки тӯйяш кунем?”

Муҳоҷирони тоҷик дар Русия

Муҳоҷирони тоҷик дар Русия

Шарофат, як модари дигар аз ноҳияи Ҳисор мегӯяд, соли гузашта, баъди 19 соли дар Русия бедарак шудани ду фарзандаш худ бо пули қарз билет гирифт ва ба суроғи онҳо рафт. Вале мегӯяд ӯ, кош намерафтам: “Дар Магнитогорск дар ҷойҳое зиндагӣ мекунанд, ки ба гуфтаи мо, тоҷикҳо, сагро бандӣ, намеистад. Калониаш ба як зани соҳиби 4 фарзанд хонадор шудааст. Ӯро ду бор дидам дар 27 рӯзи онҷо буданам. Бачаи дигарамро ҳамагӣ як бор дидам. Дигар чунон гум шуд, ки ягон бор пешам наомад. Ман дигар тоқат наовардам ва гуфтам, билетам бигиред, ки биравам. Ҳарчӣ ду бачаи дигарам номус карданду билетам гирифтанд ва баргаштам. Дилам якбора сиёҳ шуд, чунки фикр мекардам, ақалан дар онҷо як зиндагӣ доранд. Хок!”

Фарзандони Шарофат дар ин 19 сол боре ҳам ба ӯ пул нафиристодаанд ва ҳатто вақте падарашон аз олам чашм пӯшид, касе аз онҳо барои дафнаш наомад. 4 набераи ин зан аз писари калониаш бепадар ва дар хорию зорӣ бо пули ширфурӯшии модарашон ба воя расиданд, хонаву дар карданд. “Одам ба ҳар роҳе рӯзиашро меёфтааст, Худо ризқи ин сағираҳоро ҳам дод, вале дар дили одам аламаш мемонад,” - мегӯяд ин модар, ки дар замони Шӯравӣ унвони “Қаҳрамон-Модар” гирифта буд ва ҳоло гила дорад, ки ҳеҷ яке аз фарзандонаш “қаҳрамон-писар” нашуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG