Пайвандҳои дастрасӣ

Як марзбони тоҷик, ки ба Афғонистон фирор карда буд, ҳоло ба убури ғайриқонунии марз ва қасди пайвастан ба ҷангҷӯёни Толибон айбдор мешавад.

Додситонии низомии гарнизони шаҳри Кӯлоб алайҳи сарбози қисми низомии "21 33" -и нерӯҳои сарҳадии Тоҷикистон Фатҳулло Файзуллозода бар асоси чаҳор моддаи Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла убури ғайриқонунии марзи Тоҷикистон бо Афғонистон парванда кушодааст. Ин сокини маҳаллаи Мулдони шаҳри Исфара, ки дар як қисми низомии нерӯҳои марзбонӣ дар ҳудуди ноҳияи Ҳамадонӣ хидмат мекард, баъди убури марз аз тарафи пулиси Афғонистон боздошт ва ба мақомоти интизомии Тоҷикистон таслим карда шудааст.

Дар дафтари матбуоти Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон низ рӯзи 30 декабр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ба ташхиси ҳуввияти ин сарбоз ва ҷузъиёти убури ӯ ба кишвари ҳамсоя пардохтаанд.

Қаблан як мақоми додгоҳи низомии пойтахт ба Радиои Озодӣ гуфт, дар мавриди ба Афғонистон убур кардани Фатҳулло Файзуллозода ва кӯшиши бо ҷанбиши тундрави Толибон пайвастани вай парванда боз карда шуда шудааст.

Дар ҳамин ҳол, раиси маҳаллаи Мулдони ноҳияи Исфара,ки худро Давлатбой Содиров муаррифӣ кард, рӯзи 30 декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, намояндагони мақомоти интизомӣ ба онҳо дар бораи боздошти Фатҳулло Файзуллозода тақрибан дар аввалҳои моҳи декабр хабар дода буданд. Ӯ афзуд: “Вақте ки ҷасади як сарбозро ба Исфара оварданд, намояндагони мақомоти интизомӣ гуфтанд, ки як сокини дигари Исфара аз маҳаллаи Мулдон ба Афғонистон гузаштааст. Вай дар вақти аз марз гузаштан ба афғонҳо гуфтааст, ки дар инҷо ӯро намозгузорӣ намемонанд, китоби динӣ хондан намемонанд ва барои ҳамин мехостааст ба назди Толибон равад.”

Додситонии низомии гарнизони Кӯлоб бар асоси баёнияи Фатҳулло Файзуллозода мегӯяд, сарбози боздоштшудаи қисми ҳарбии “21 33” дар ноҳияи Ҳамадонӣ дар моҳи майи соли равон барои идомаи хидмат аз қисми ҳарбии “2620” ба ноҳияи Ҳамадонӣ интиқол дода шуд, вале ӯ рӯзи 19 ноябри соли равон тахминан соати 1400 аз дидбонгоҳи рақами 1 ба воситаи дарёи Панҷ ба Афғонистон фирор мекунад.

Тавре мақомоти тафтишотӣ мегӯянд, вай бо машварати бародараш Сайфулло, ки феълан дар Афғонистон мебошад, ба он кишвар фирор карда, қасд доштааст ба гурӯҳи Толибон бипайвандад. Фатҳулло Файзуллозода, бино ба баёноте ки ба тафтишот додааст, гӯё ҳанӯз то фирораш ба Афғонистон узви созмони тундрави “Ансоруллоҳ” будааст.

Аммо вай баъди вуруд ба Афғонистон аз тарафи сарбозони мақомоти амниятии Афғонистон боздошт шуда, ба Тоҷикистон истирдод мешшавад.

Додситонии низомии минтақаи Кӯлоб алайҳи ин ҷавон бар асоси чор банди Кодекси ҷиноӣ - моддаи 275 (фирор), моддаи 378 (нақзи Ойинномаи хидмати ҳарбӣ), моддаи 191 (ғайриқонунӣ гирифтани силоҳ) ва бо моддаи 335 (убури ғайриқонунии марзи давлатӣ) парванда боз кардааст.

Ба гуфтаи манобеи Озодӣ дар Исфара, маҳаллаи Мулдон бо гароиши як қисми сокинонаш ба ақидаҳои ифротӣ маъруф аст ва дар соли 2009 низ дар ин маҳалла чанд ҷавон, ки машғули ташвиқи адабиёти мазҳабии ифротӣ будаанд, боздошт шуда буданд.

XS
SM
MD
LG