Пайвандҳои дастрасӣ

С.Свердлов: Дипломатҳои хориҷӣ умқи бӯҳронро дар Тоҷикистон ҳанӯз дарк накардаанд


Стив Свердлов

Стив Свердлов

Муҳаққиқи Human Rights Watch мегӯяд, талоши мақомоти Тоҷикистон барои зери назорат нигоҳ доштани вазъ дар кишвар ва таъмини эътидол метавонад натиҷаи баръакс диҳад.

Дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо радиои Озодӣ аз шаҳри Бишкек муҳаққиқи масоили ҳуқуқи башар дар кишварҳои Осиёи Марказии созмони “Дидбони ҳуқуқи башар” ё Human Rights Watch Стив Свердлов гуфт, ҳаводиси Тоҷикистон дар соли 2015 башиддат тағйир ёфт ва тасмимҳои зиёди мақомоти баландпоя дар заминаи бастани ҲНИТу зиндонӣ шудани сиёсатмадорон ҷомеаи ҷаҳониро дар ҳайрат гузошт. Сӯҳбати радиои Озодӣ бо Стив Свердлов тавассути Скайп 27 январ дар рӯзи нашри гузориши солонаи Human Rights Watch дар бораи вазъи ҳуқуқи башар дар ҷаҳон ва ҳам Тоҷикистон анҷом гирифт.

Радиои Озодӣ: Кадом масъалаҳо дар соли 2015 бештар мавриди нигаронии муҳаққиқони шумо дар Тоҷикистон будааст?

Стив Свердлов: Мо дидем, ки соли 2015 ба истиснои масъалаи мубориза бо хушанти хонаводагӣ ҳама соҳаҳои марбут ба ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон зарбаи ҷиддӣ дид. Мо дидем, ки ҳукумат иқдомҳои амалиро барои мубориза бо ин падида рӯи даст гирифт. Дар маҷмӯъ, вазъ хеле бад шуд. Ҳизби пешсафи мухолифин мамнӯъ ва террористӣ эътироф шуд. Садҳо фаъоли ҳизб боздошт шуда ва ё кишварро тарк карданд. Инчунин мо ҳодисаҳои истирдоди мухолифони сиёсии ҳукумати Тоҷикистонро аз хориҷа – Русияву Туркия шоҳид шудем. Ҳодисаҳои хеле ҷиддии поймолшавии ҳуқуқи инсон, аз ҷумла одамрабоиро ба қайд гирифтем. Шароити қатли Умаралӣ Қувватов мавриди нигаронии ҷиддӣ буд. Як тамоюли хеле барҷаста ин шуд, ки чанд ҳуқуқшинос боздошт ва пушти панҷара андохта шуданд. Шумори зиндониҳои сиёсӣ зиёд шуд ва ҳатто як журналист – Аминҷон Гулмуродзода ҳам пушти панҷара рафт. Агар ҳанӯз чанд сол пеш шумори зиндониҳои сиёсӣ дар маҳбасҳои Тоҷикистон чанд нафар буд, баъди ду сол мо мебинем, ки шумори онҳо хеле зиёд шудааст.

Радиои Озодӣ: Шумо маҳдудшавии озодиҳои сиёсӣ ва фишорҳоро ба чӣ рабт медиҳед?

Стив Свердлов: Албатта, дар бораи манфиатҳои ҳукумат ҳадс задан душвор аст. Сиёсати тарс додан, пӯшондани чашми ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мухолифони сиёсӣ ба ҳукумат нирӯ мебахшад. Мо дидем, ки просесси консолидатсияи ҳукумат, ки дар давоми солҳои гузашта тадриҷан шакл мегирифт, дар як соли охир суръат пайдо кард. Тамоми ҷаҳон аз басташавии ҲНИТ ва ташдидёбии вазъ дар ҳайрат монд. Мутаассифона, Тоҷикистон мавқеашро дигар кард. Агар дар гузашта Тоҷикистон дар миёни кишварҳои дорои ҷомеаи пурқуввати шаҳрвандӣ қарор дошт, соли гузашта босуръат ба самти Ӯзбакистону Туркманистон, яъне ҳукумати худкома ҳаракат кард.

Радиои Озодӣ: Паёмадҳои ин ҷараёнҳо барои ояндаи кишвар чӣ буда метавонад?

Стив Свердлов: Вақте садои ҷомеаи шаҳрвандӣ хомӯш карда мешавад, вақте шаҳрвандон мебинанд, ки барои кӯшиши ширкат дар ҷараёнҳои сиёсӣ ба зиндон мераванд, вақте мухолифоне, ки дар ин ҳама ҷараёнҳои сиёсӣ ба таври сулҳомез иштирок мекарданд, ба зиндон андохта шуданд, ин ҳама як аломат медиҳад, ки демократия мераваду ҷояшро авторитаризм мегирад ва вазъ куллан бесубот мешавад. Агар ҳукумат хоҳад, ки вазъро назорат карда суботро фароҳам оварад, пас ҳар коре, ки мекунад, натиҷаи баръакс медиҳад. Эҳтимолан дар кишвар бесуботии ҷиддӣ ба миён ояд. Коре, ки дар нисбати ҲНИТ ва фаъолони сиёсӣ, дар робита бо бастани озодиҳо, ҳамчунин дар Интернет карда шуд, тамоми низоми созишномаи сулҳро, ки соли 1997 баста шуд, ба ҳам мезанад. Мо медонем, ки мардуми тоҷик дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ чӣ даҳшатҳое дидааст. Ҳеҷ кас намехоҳад, ки он ҳодисаҳо такрор шавад. Худи президент дар бораи аҳамияти сулҳу осиш сӯҳбат мекунад, вале воқеият ин аст, ки вақте ҳуқуқи инсон поймол мешавад, даврони нави бесуботӣ шурӯъ мешавад. Ҳеҷ кас гуфта наметавонад, ки оқибати он чӣ мешавад. Барои Тоҷикистон як давраи пурдаҳшате шурӯъ шуд. Аз ҳоло иқдоми ҷиддӣ андешидан лозим аст, зиндониҳои сиёсиро озод, шароити фаъолиятҳои демократиро фароҳам овардан ва озодиҳову ҳуқуқи бунёдии инсонро, ки дар Сарқонун барои ҳар як шаҳрванд замонат дода шудааст, аз нав дастгирӣ кардан лозим аст.

Радиои Озодӣ: Ҷаноби Свердлов, бояд гуфт, дар Тоҷикистон бисёр журналистон бо таваҷҷӯҳ ба ҳодисаҳое, ки мегузарад, аз созмонҳои байналмилаливу ҷомеаи ҷаҳонӣ озурда ҳастанд, ки гӯё аз ин кишвар канорагирӣ кардаанд. Онҳо мегӯянд, ки дар бисёр ҳолатҳо, вақте ҷомеаи шаҳрвандӣ интизори садои пуштибонии онҳо буд, ин садо баланд нашуд. Аз сӯи дигар мегӯянд, ки воқеияти ин солҳо собит кард, ки интиқоду даъватҳои дипломатии ҷомеаи ҷаҳонӣ бештар хусусияти декларативӣ касб кардааст ва дар амал вазъро тағйир намедиҳад. Шумо чӣ мегӯед?

Стив Свердлов: Бале, ин танқид дуруст аст. Танқид ва ҳам вокуниш барои амалҳои муайяни ҳукумат бояд садо диҳад. Дар созмони Human Rights Watch чунин фикр мекунанд, ки шояд дар соли 2015 сиёсатмадорону дипломатҳое, ки аз вазъияти Тоҷикистон мушоҳида мекунанд, барои то ин андоза бад шудани вазъи ҳуқуқи инсон омода набуданд. Ҳеҷ кас пешгӯӣ карда наметавонист, ки як ҳизби пешвои мухолифин, ширкатдори интихоботи охир, баста мешавад. Ҳеҷ кас тавассур намекард, ки раҳбари “Гурӯҳи 24” Умаралӣ Қувватов дар Истамбул кушта мешавад. Ба гӯшаи хаёли касе наомада буд, ки як созмони бонуфуз ва мӯътабари “Нота Бене” баста хоҳад шуд. Эҳсоси мо ин аст, ки дипломатҳои ғарбӣ ва созмонҳои мудофеи ҳуқуқи инсон тоза ба омӯзиши вазъ шурӯъ кардаанд ва шояд то охир умқи ин бӯҳронро дар Тоҷикистон ҳанӯз дарк намекунанд. Албатта, мо аз онҳо даъват мекунем, ки пеш аз ҳама вазъро омӯхта баъдан, бидуни таъхир, иқдом кунанд, кори амалие анҷом диҳанд. Соли 2014 мо як ҳодисаи аҷиби дигареро шоҳид шудем, вақте аспирант Александ Содиқовро бегуноҳ чор моҳ дар боздошт нигоҳ доштанд. Он замон фишорҳои байналмилалӣ кор дод ва ӯ озод шуд, чунки ҷаҳониён ба ин қазия таваҷҷӯҳ карданд. Бояд вазъро хуб омӯхта, баҳои ин ҳама ҷараёнҳоро ба афроди муайян дар Тоҷикистон фаҳмонд. Барояшон гуфтан лозим аст, ки ин ҳама метавонад боиси эҷоди мушкили виза, ҳисобҳои бонкӣ ва дигар масъалаҳо шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG