Пайвандҳои дастрасӣ

Стив Свердлов, раҳбари дафтари Human Rights Watch дар Осиёи Марказӣ, аз бадтар шудани вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кард.

Сӯҳбати хабарнигори Радиои Озодӣ бо Стив Свердлов дар рӯзҳое иттифоқ уфтод, ки вакили дифои шинохта Шӯҳрат Қудратов бо иттиҳоми ришватдиҳӣ дар боздоштгоҳи вазорати адлияи Тоҷикистон ба сар мебарад. Гулафрӯз Қурбонова, ҳамсари Шӯҳрат Қудратов, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки аз боздошти шавҳараш як ҳафта сипарӣ шудааст ва аммо мақомот то ҳол иҷозаи мулоқот бо ӯро надодаанд ва чаҳор рӯзи ахир бо баҳонаи «карантин» ба боздоштгоҳ бурдани ғизоро ҳам манъ кардаанд. Хонум Гулафрӯз изҳор намуд, ки аз вазъи сиҳати шавҳараш ва шароити нигаҳдории ӯ сахт нигарон аст.

Стив Свердлов ба мо гуфт, ки Шӯҳрат Қудратов бояд то бозбинии мустақилонаи парвандааш раҳо карда шавад. Ба гуфтаи масъули дафтари Human Rights Watch дар Осиёи Марказӣ, боздошти вакили дифоъ боиси нигаронии зиёд шуд, зеро ӯ ҳама вақт бо парвандаҳои афроди маъруф сару кор дошт. Ҷаноби Свердлов афзуд, ки бар асари фаъолияташ дар масоили дифоъ аз ҳуқуқи башар ва ширкат дар парвандаҳои пурсару садо боздошт шудани Шӯҳрат Қудратов баъид нест.

Ӯ мегӯяд, «расонаҳо навиштаанд, ки Шӯҳрат Қудратов барои ришватдиҳӣ дар робита ба парвандае боздошт шудааст, ки бозрасияш идома дорад. Мо ҳанӯз имкони тафтиши ин иттиҳомро пайдо накардаем ва талошамонро барои таҳқиқи ин парванда идома медиҳем. Аммо бар пояи қавонини байнулмилалӣ оид ба ҳуқуқи башар, ҳар фарди боздоштшуда барои бозрасии мунсифонаи додгоҳӣ ҳақ дорад. Шӯҳрат Қудратов ҳақ дорад, ки вакили дифоъ дошта бошад, бо пайвандонаш дидор бубинад ва аз ин рӯ мо аз мақомоти Тоҷикистон даъват мекунем, ки ҳама ҳуқуқҳои ӯро риоя кунанд".

Радиои Озодӣ: Нозирон ва расонаҳо бар ин ақидаанд, ки боздошти Шӯҳрат Қудратов бо мавқеъи ӯ дар робита ба парвандаи соҳибкори маъруф Зайд Саидов рабт дорад, парвандае, ки то ҳол суолҳои зиёдеро беҷавоб гузоштааст. Аз ин пеш, тавре Шумо медонед, Фахриддин Зокиров, дигар вакили дифои Саидов ҳам боздошт шуда буд. Шумо бо ақидае, ки Шӯҳрат Қудратов барои танқиди шадид мақомот заҷр мекашад, то куҷо мувофиқед?

Свердлов: Дар ин бора чизе гуфтан душвор аст, аммо, бубинед, Қудратов чанде пеш аз боздошт дар изҳороте ҷомеъаи байнулмилалиро бо қонуншиканиҳое ошно намуд, ки дар парвандаи Саидов дидаву зикр карда буд…Мо медонем, ки ба Шӯҳрат Қудратов, ба ҷуз барои фаъолияташ дар ҳизби сотсиал-демократӣ, дар ҷараёни дифоъ аз Зайд Саидов ҳам таҳдид карда буданд. Ӯ дар бораи ин таҳдидҳо мо ва дигар

Боздошти Шӯҳрат Қудратов

Боздошти Шӯҳрат Қудратов

ҳомиёни ҳуқуқи башарро огаҳ карда буд. Ба ин хотир, рӯйдоди феълӣ чун боздошт бо ангезаи сиёсӣ ба назар мерасад. Мо аз кофтукоби манзили хонуми ӯ аз сӯи кормандони Оҷонси зидди фасод ҳам нигаронем. Аз нигоҳи мо, ин парвандаи фардест, ки мавқеи муҳими шаҳрвандӣ дошт, аз ин рӯ, риояи ҳама ҳуқуқҳои ӯ дар боздоштгоҳ хело муҳим аст. Мақомоти Тоҷикистон бояд ба ҷомеъаи байнулмилалӣ ва мардуми маҳаллӣ собит кунанд, ки ба қонун арҷ мегузоранд ва ин парванда ангезаи сиёсӣ надорад. Ва агар иттиҳоми ҷиддие алайҳи ӯ нест, бояд раҳояш кунанд. Ба мо ҳанӯз далелҳое ироа нашудаанд, ки Шӯҳрат Қудратов шахси хатарнок аст ва шояд аз кишвар фирор кунад, аз ин рӯ, тафтиши парванда метавонад бидуни нигаҳ доштани ӯ дар боздоштгоҳ низ идома ёбад..

Радиои Озодӣ: Шумо вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистонро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

Свердлов: Ҳамкорони мо дар Тоҷикистон хабар медиҳанд, ки беш аз як сол боз ҷомеъаи шаҳрвандӣ дар фазои тарсу ҳарос ба сар мебарад. Албатта, мо ҳарфҳои раиси Кумитаи давлатии амниятии миллии Тоҷикистонро шунидем, ки фаъолони ҷомеъаи шаҳрвандиро бо бархе аз нерӯҳои тахрибкор дар кишвар рабт медод ва ин раванди бад аст. Тоҷикистон ҳамеша бо бештар ошкор будан назар ба бархе аз кишварҳои ҳамсояаш фарқ мекард. Ҳамчунин бояд гуфт, то солҳои ахир Тоҷикистон бо он маъруф буд, ки он ҷо маҳбусони сиёсӣ тақрибан нестанд. Аммо парвандаи Зайд Саидов ва боздошти ахири Александр Содиқов ҳамаро нигарон карданд, зеро баёнгари онанд, ки мақомот ба озодии баён ҳассосият нишон медиҳанд. Тасаввуроте ҳосил мешавад, ки мансабдорон аз ҳама гуна баҳсҳо дар мавриди интихоботи раёсатҷумҳурии соли гузашта ва ҳоло дар робита ба ҳаводиси Бадахшони Кӯҳистон тарс доранд. Ба онҳо бояд ӯҳдадориҳои байнулмилалияшонро ёдрас кард. Воқеъан ҳам мақомот ба масоили умумии ҳуқуқи башар бархӯрди ҷиддӣ мекунанд ва, аз ҷумла, ду сол пеш дар мавриди ҷилавгирӣ аз шиканҷа ба комёбиҳое муваффақ ҳам шуда буданд. Аммо ҳоло хатаре мавҷуд аст, ки Тоҷикистон ақибнишинӣ мекунад. Аз ин рӯ, дар робита ба парвандаи Шӯҳрат Қудратов мо аз мақомот даъват мекунем, ки ӯҳдадориҳои худро дар ёд дошта бошанд.

Радиои Озодӣ: Оё шумо дар мавриди он чаро маҳз ҳоло вазъи ҳуқуқи башар бадтар шудааст, фарзияи худро доред?

Свердлов: Дар ин бора чизе гуфтан муҳол аст. Дар Русия таи ду соли ахир мо шадидтарин дар бист соли ахир фишор болои фаъолони ҷомеъаи шаҳрвандиро мушоҳида мекунем. Ва он чӣ дар Русия мегузарад, барои кишварҳои ҳамсояаш бетаъсир намемонад. Ҳаводиси Украина ҳам боиси нигаронии мақомоти Осиёи Марказӣ шудааст. Мо медонем, ки мавзӯи Бадахшони Кӯҳистон барои Тоҷикистон мавзӯи басо ҳассос аст. Аммо бояд дар ёд дошт, ки дар мавриди риояи қавонини байнулмилалӣ оид ба дифоъ аз ҳуқуқи башар ба касе имтиёзе дода нашудааст.Бо вуҷуди низоъҳо, бо вуҷуди ҳассосияти авзоъ, бо вуҷуди суолҳои «нешдор»-и вакилони дифоъ, донишмандон, хабарнигорон ва ҳомиёни ҳуқуқи башар, мансабдорони аршад бояд ба ин мавзӯъ бар пояи Қонуни асосӣ ва қавонини байнулмилалӣ бархӯрд кунанд. Фақат бо риояи ин меъёрҳо Тоҷикистон нерӯмандтар ва босуботтар хоҳад шуд. Ҳама гуна нақзи ҳуқуқи башар - ин роҳ сӯи бесуботист.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG