Пайвандҳои дастрасӣ

Стивен Сигал, ҳунарманди маъруфи Ҳолливуд раҳбари Русия Владимир Путинро як раҳбари намунавӣ тавсиф кард ва гуфт, Амрико бояд бо Русияи Путин дӯстӣ биҷӯяд.

Стивен Сигал, ҳунарманди шинохтаи синамои Амрико ва филмсози шинохтаи Ҳолливуд, ки авохири ҳафтаи гузашта дар шабакаи телевизионии муҳофизакори Fox News-и Амрико зоҳир шуд, дар мусоҳибааш аз Владимир Путин ба сифати як раҳбари сатҳи баланд ва аз хадамоти амниятии Русия ҳамчун як воҳиди зиддитеррористии ҷаҳонӣ ситоиш кард.

Ин тасвири тираи амниятӣ, ки як бомбгузори интиҳорӣ ба шикор баромадааст ва мақомоти Амрико як ҳуҷуми ногузири террористиро интизор доранд ва киштиҳои ҷангии Ийолоти Муттаҳида дар ҳоли омодабош қарор гирифтаанд, бахше аз сенарияест, ки дар остонаи оғози бозиҳои олимпӣ дар Сочи, Майк Ҳукаби, собиқ довталаби курсии раёсати ҷуҳмҳури Амрико авохири ҳафтаи гузашта дар шабакаи худ - Fox News - ба баҳс кашид.

Аммо ба назар мерасад, ки коршиноси ҳунарҳои размӣ Стивен Сигал ин мавзӯъро беҳтар аз дигарон медонад.

Стивен Сигал, ки дар синамо асосан бо иҷрои нақши мардони ҷанг, аз ҷумла бо иҷрои нақши Нико маъруф аст, меҳмони барномаи Майк Ҳукаби шуда, бо зикри шинохте, ки аз хадамоти амниятии Русия дорад, хатари ҳуҷум ба Сочиро эҳтимоли “тақрибан ғайримумкин” хонд.

Ӯ эътироф кард, ки амнияти комил дар ҳеҷ ҷой вуҷуд надорад ва гуфт: “Масалан шумо барои харидани як пачка шакар ба кӯча мебароед ва ба садамаи нақлиётӣ дучор мешавед.” Сигал бо истифода аз минбари Fox News ба тавсифи Путин ва Хадамоти амнияти Русия ва ё ФСБ пардохт.

Стивен Сигал ҳамчунин аз раисҷумҳури Ийолоти Муттаҳида Барак Обама даъват кард, ки бо Русия равобити танготанг бунёд кунад: “Ин як кишварест нирӯманд, дорои захираҳои ҷаззоб ва раҳбари арзишманд. Ман бовар дорам, ки онҳо дӯстони мо ҳастанд ва ягона роҳи ҷилавгирӣ аз фурӯ рафтан ба коми абарқудратҳои дигар ё эмин мондан аз асароти номатлуб дӯстӣ бо Русия аст. Ба назари ман, онҳо бояд аз шарикони олии мо бошанд.”

Сигал дар Fox News

Сигал дар Fox News

​Дар масъалаи Сочи, ба назари Стивен Сигал, ҳузури амниятиҳо дар ҷараёни Бозиҳои зимистонаи олимпӣ ба таври назаррас эҳсос хоҳад шуд. Ӯ бо зикри омодабоши сатҳи баланди амниятии Сочи шонси бомбгузорони интиҳориро дар роҳи халалдор кардани ин Олимпиада ночиз арзёбӣ кард.

Майк Ҳукаби, мизбони барномаи Fox News Стивен Сигалро ҳамчун “сафири ғайрирасмии рушди равобит бо Русияи Владимир Путин" муаррифӣ кард ва гуфт, "ин корест, ки аз дасти президенти мо намеояд.”

Шарҳи мазкур дар пасманзари равобити сарди Русияву Амрико ва ин ки Обама дар баробари чанд раисиҷумҳури ғарбӣ иштирок дар ифтитоҳи бозиҳои Олимпӣ дар Сочиро рад кардааст, ҳамчун тамасхур садо дод.

Аммо Стивен Сигал аз равобити хубаш бо Русия лаззат мебарад. Ӯ бо Путин якҷо сурат гирифтааст ва аз ӯ ҳамчунин дархост шудааст, ки идеяи ифтитоҳи бозори аслиҳаи Русия дар Амрикоро “лоббигарӣ” ва ё тарғиб кунад.

Сигал дар бораи Эдвард Сноуден, ки асрори амниятии Амрикоро фош кардааст ва ҳоло муваққатан дар Русия ба сар мебарад, ҳарфи зиёд назад. Ӯ гуфт, “шарҳи ин мавзӯъ бидуни доштани маълумот дар бораи мӯҳтавои асноде, ки Сноуден фош кардааст, кори осон нест.”

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG