Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"СПАД - боэътимодтарин сохтор баъди хуруҷи НАТО аз Афғонистон


Александ Стерник. Акс аз www.kommersant.ru
Александ Стерник. Акс аз www.kommersant.ru

Раҳбари департаменти Вазорати умури хориҷаи Русия Александр Стерник дар бораи равобити Русия ва Осиёи Марказӣ изҳори назар кард.

Раҳбари департаменти Осиёи Марказии Вазорати умури хориҷаи Русия Александр Стерник дар сӯҳбат бо хабарнигори сайти www.kommersant.ru гуфтааст, ки Осиёи Марказӣ ба саҳнаи рақобатҳои миёни Русия, ИМА ва Чин табдил шудааст. Ӯ мегӯяд, ки дар ин минтақа, ки ба маҳалли рақобатҳои идеяву консепсияву тарҳҳои геополитикӣ табдил ёфтааст, нафаре пирӯз мешавад, ки “на ҳарфи холӣ, балки пешниҳодҳои амалии ҳамкориро ироа хоҳад кард”.

Вале бо ин вуҷуд, мегӯяд ин дипломати баландпояи рус, “то ҳол, ҳеҷ як аз бозигарони минтақаӣ натавонистанд модели муассиртари амнияти дастаҷамъӣ, ба ҷуз Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД)-ро пешниҳод кунанд”.

Ба бовари Стеринк, баъди аз Афғонистон рафтани нирӯҳои НАТО, ба раҳбарии ИМА, созмони СПАД метавонад “боэътимодтарин” сохторе дар минтақа шавад, ки барои таъмини ҳамаҷонибаи минтақа мусоидат кунад. “Ҳамкориҳои наздики НАТО, сохторҳои низомии Иттиҳодияи Аврупо, Афғонистон ва Покистон бо СПАД метавонад ҳалли мантиқии масоили амниятии минтақа шавад”, гуфтааст ӯ.

Айни замон, ӯ гуфтааст, ки Русия тасмими аз ҳайати СПАД берун шудани Ӯзбакистонро “эҳтиром” мекунад ва ният надорад, ки барои бозгардони Тошканд зери чатри ин созмон аз фишангҳои мисли “фишор болои муҳоҷирон” истифода кунад.

Раҳбари департаменти Осиёи Марказии Вазорати умури хориҷаи Русия Александр Стерник дар робита бо натиҷаҳои сафари президент Владимир Путин ба Тоҷикистон, тамдиди ҳузури пойгоҳи низомии Русия ва гузаштҳо дар масъалаҳои муҳоҷират гуфт, ки кишвараш “ба масъалаи марбут ба рушди Тоҷикистон саховатмандона” муносибат кардааст.

Дар Русия беш аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд ва маблағҳои онҳо 50 дар сади маҳсулоти нохолиси миллиро ташкил медиҳад. “Мо аз ҷониби худ омодаем тамоми талошамонро ба харҷ диҳем, ки шаҳрвандони меҳнатдӯсти Тоҷикистон дар чаҳорчӯби қонун ба фоидаи кишвармову худашон кор кунанд”, гуфт ӯ.
XS
SM
MD
LG