Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақоми "омӯзгор" ба мураббиҳои кӯдакистон


Мақоми омӯзгорону мураббияҳои кӯдакистонҳо дар Тоҷикистон баробар ба сатҳи муаллимони мактабҳои ибтидоии кишвар шуда ва маошашон низ баланд мешавад.

Ин бартарӣ ба кормандони кӯдакистонҳо дар пайи тасвиби «Қонуни нави омӯзишу парвариши томактабӣ», ки рӯзи чоршанбеи 13-уми ноябр тавассути палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон ба тасвиб расид, дода мешавад.

Абдураҳмон Хонов, вакили порлумони Тоҷикисон, ки дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон зарурати таҳияи ин санадро шарҳ дод, гуфт, қонуни мазкур барои бунёд ва беҳтар кардани шароити кӯдакистонҳо ва ҳамчунин ҷалби ҳарчӣ бештари кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ мусоидат хоҳад кард. Дар баробари ин ба гуфтаи ҷаноби Хонов, қонуни мазкур хадамоти тиббии ройгонро барои кӯдакон ба таври доимӣ дар ин муассисаҳо кафолат медиҳад.

Абдураҳмон Хонов афзуд, «дар қонуни мазкур ҳуқуқ ва ҳимояи иҷтимоии субъектҳои раванди таълиму тарбияи то мактабӣ мушаххас дарҷ гардидаанд. Аз ҷумла дар моддаи 16-ум имтиёзҳои хубу мусоидро барои омӯзгорону мураббияҳо ва ҳамчунин онҳое, ки дар чунин вафзифа кор кардаву ба нафақа баромадаанд, муқаррар намудааст, яъне онҳо ҳуқуқ доранд аз имтиёзҳои омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф тибқи қонунгузориҳои Тоҷикистон истифода баранд.»

Қабули "қонуни нави омӯзишу парвариши томактабӣ" дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон беш аз 500 муассисаи томактабӣ ва 711 маркази рушди кӯдакон фаъолият мебарад, аммо фарогирии кӯдакон ба ин муассисаҳо дар қиёс бо кишварҳои дигари пасошуӯравӣ аз ҳама камтар арзёбӣ мешавад.

Ҳамчунин ба иттилои вазорати маорифи Тоҷикистон, танҳо 10 дарсади кӯдакон ба кӯдакистон мераванд, вале дар Қирғизистон ин рақам 20 дарсад ва дар Белорус 95 дар садро ташкил медиҳад.

Нуриддин Саидов, вазири маорифи Тоҷикистон мегӯяд, бо назардошти он, ки Тоҷикистон аз ҳама дертар ба ислоҳоти ин соҳа шуруъ кардааст, биноан мушкилоти зиёди ҳалношуда дар ин росто боқӣ мемонад. Ба бовари ҷаноби вазир, қабули ин қонун барои бунёди боғчаҳо, беҳтар кардани таълиму тарбия ва ҳамчунин бо муррабияҳои ҳирфаӣ таъмин намудани муассисаҳои томактабӣ замина хоҳад гузошт.

Нуриддин Саидов афзуд, «барои таъмини муасссиаҳои томактабӣ бо мутахассисон дар Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ва шаҳрҳои Хоруғу Қӯрғонтеппа ва Хуҷанду Кӯлоб ихтисоси педогогика ва психологияи томактабӣ, омӯзгори мусиқӣ ва расмро ташкил намуад ва ҳамчунин ҷиҳати таъисиси факултаи педиатрӣ дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон тадбирҳои амалӣ андешида шуда истодаанд. Ҳамчунин бо фармони вазири маориф дар моҳи октябри соли ҷорӣ як гурӯҳи махсуси корӣ барои таҳияи 100 филми тасвирии омӯзишӣ бо забони тоҷикӣ таъсис дода шуда. Ва дар назар аст, ки то соли 2015 20 қисми ин филмҳо ба навор гирифта шавад.»

Вазири маориф гуфт, дар маҳалли зарардида аз зилзила мактаб месозанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:53 0:00

Ин гуфтугузорҳо дар ҳолест, ки аксари волидайн дар Тоҷикитсон ҷонибдорӣ онанд, ки тифлонашон дар боғча назди хурдсолони дигар тарбия гиранд, то аз хурдӣ аллакай вориди ҷомеа ва бо як омодагии қаблӣ ба мактаб қадам гузоранд.

Вале шароити номусоиди боғчаҳо, ҳирфаӣ набудани кормандон, нодории оилаҳо дар пардохти маблағи кӯдакистон ва аз сӯи дигар ҳавасманд набудани худи кӯдакон барои таҳсил дар боғча, ғолибан монеи амалишавии ин хостаҳои волидон мегардад.

Бону, сокини 55-солаи пойтахт, мегӯяд, маҳз ба хотири рушд кардани наберааш ӯро ба боғча мебарад. Дақиқтараш мебурд. Зеро утоқҳои сард ва хӯрокҳои якрангу камғизои боғча ӯро маҷбур кардааст, набераашро аз он ҷо бигирад. Вай мегӯяд, «қариб ҳар рӯз мураббияву дояҳояшон иваз мешаванд. Ба кӯдакон тамоман аҳамият дода намешавад. Ҳатто баъзан либосҳои ӯро ба дигар кӯдакон низ мепӯшонанд. Хурду хӯрок ҳам нағз нест, фақат макарону шавла. Ҳуҷраяшон хунук, як рӯз пас гулӯ дард мешавад, дигар аз дору харидан монда шудем. Ҳозир ба хулосае омадам, ки ин 3 моҳи зимистон набераамро дар хона нигаҳбонӣ кунам.»

Дар ҳамин ҳол нозирони умур низ мегӯянд, дар ин муассисаҳо аксаран онҳое кор мекунанд, ки тасодуфан ва аз ночорӣ ба ин соҳа "афтодаанд" ва ба маҳзи мушкилоти молӣ, мутахассисон боғчаҳоро тарк мекунанд. Гуфта мешавад, ҳоло мураббияҳои маълумоти олидор то 500 сомонӣ, онҳое, ки маълумоти миёна ва махсус доранд ҳудуди 400 сомонӣ ва дояҳо наздики 300 сомонӣ маош мегиранд.

Аммо ба бовари Дилафрӯз, ёвари раҳбари кӯдакистони рақами 17-и шаҳри Душанбе, ки собиқаи 19 солаи корӣ дорад, қабули ин қонун ва пешбинӣ шудани имтиёзҳо ба кормандони муассисаҳои томактабӣ барои ҷалби мураббияҳо ва ҳавсамандии онҳо кӯмак хоҳад кард.

Хонум Дилафрӯз афзуд, «интизороти ман аз ин қонун беҳтар шудани шароит дар кӯдакистонҳо аст. Умедворем, ки макатбҳои калонтар бунёд шаванд, то ин ки ҳамаи кӯдакон имкони тарбия гирифтан дар боғчаҳоро дошта бошанд. Зеро дар ин маҳаллае, ки боғчаи мо фаъолият дорад, аҳолияш бениҳоят зиёд аст, аммо мо иқтидори қабули ҳамаи ин кӯдаконро надорем. Ҳоло дар гурӯҳҳо, ки бояд то 25 кӯдак тарбият гирад, то 30 ва аз ин ҳам бештар кӯдакон тарбият мегиранд. Албатта дар қисё бо 10 соли пеш ғизои кӯдакон беҳтар шудааст. Пештар агар кашаро бо об мепӯхтанд, ҳоло бо шири хушк. Ҳамчунин ба кӯдакон ҳасибу шири қиёмкардашуда ва мурғи пухташуда медиҳанд.»

Ҳоло дар шаҳри Душанбе 112 муасссисаи томактабӣ фаъолият мебарад ва дар маҷмӯъ дар Тоҷикистон 89 ҳазору 244 нафар кӯдак пас аз гирифтани малакаҳои муҳимтарин, ки барои рушди зеҳнии онҳо зарур аст, сари мизи мактабӣ мешинанд.

Дар ҳамин ҳол вазорати маорифи Тоҷикистон тасмим дорад, то муддати се соли оянда фарогирии кӯдакон ба кӯдакистонҳоро аз 10 то ба 30 дарсад расонад.
XS
SM
MD
LG