Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пайкараи як афсар пас аз 6 соли кушта шуданаш дар Камароб


Дар ноҳияи Восеъ, воқеъ дар ҷануби Тоҷикистон ба хотираи як афсари кушташуда дар Камароб пас аз 6 соли маргаш нимпайкара гузоштанд.

Давлатшоҳ Амиршоев, аз ҷумлаи 22 сарбозу афсаре ҳаст, ки моҳи октябри соли 2010 дар дараи Камароби Рашт бар асари суқути чархболи низомӣ, кушта шуд. Нимпайкараи Давлатшоҳ Амиршоев дар саҳни мактаби деҳаи Пушёни Болои ноҳияи Восеъ гузошта шуд. Ин мактаб низ ба номи ин афсар, ки замони кушта шуданаш 22 сол дошт, номгузорӣ шудааст.

Мусо Ғафурзода, раиси ноҳияи Восеъ 26-уми июн дар расми ифтитоҳи ин нимпайкара гуфт, ёдоварӣ ва қадрдонӣ аз афроде, ки дар роҳи сулҳу оромии ватан кушта шудаанд, эҳсоси ифтихорро дар насли наврас бедор месозад. Ӯ гуфт, “ҳукумати ноҳия ба қаҳрамонони ватан, ки зодаи ин ноҳия буданд, арҷ мегузорад ва ҳамеша аз онҳо ба некӣ ёдоварӣ хоҳанд кард.”​

Дар ноҳияи Восеъ аз ин қабл ба хотираи Рустам Амакиев, фармондеҳи гурӯҳи “Алфа”-и Кумитаи давлати амнияти миллии Тоҷикистон, ки рӯзи 15-уми сентябри соли 2015 дар амалиёти зидди дастаи Абдуҳалим Назарзода ё худ Ҳоҷӣ Ҳалим кушта шуда буд, нипайкара гузошта буданд.

Аммо бори аввал аст, ки дар як ноҳияи Тоҷикистон ба хотири яке аз қурбониёни ҳодисаҳои тирамоҳи соли 2010 дар минтақаи Рашт пайкара мегузоранд.

Араби Дӯстмурод, як шоири маҳаллӣ 26-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳанӯз дар соли 2010 фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва саҳифаҳои матбуот пешниҳод карда буданд, ки дар шаҳри Душанбе ба хотири сарбозони кушташуда дар Дараи Камароб пайкараи умумӣ гузошта шавад. Араби Дӯстмурод мегӯяд, тирамоҳи соли 2010 дар Рашт беш аз 60 сарбозу афсар кушта шуд, ки пас аз хатми ҷанги шаҳрвандӣ пурталафоттарин ҳодиса маҳсуб мешуд.

-Мутаассифона, он замон ин пешниҳодро касе ба инобат нагирифт. Вагарна гузоштани як ёдгории умумӣ барои ин сарбозону афсарон худ як мактаби тарбияи ватандӯстӣ ҳаст. Бунёди чунин пайкара ва ёдгориҳо ёдоварӣ аз хатару қурбониёни терроризм дар Тоҷикистон аст,-гуфт, ӯ.

Пас аз хатми ҷанги шаҳрвандӣ дар манотиқи гуногуни Тоҷикистон ва дар пайи амалётҳои ҷудогона алайҳи ин ё он гурӯҳ, даҳҳо сарбозу афсар кушта шуданд. Аз ҷумла моҳи сентябри соли гузашта дар пайи ошӯби Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи Вазири мудофиаи Тоҷикистон 14 тан аз афсарону кормандони пулис кушта шуданд, ки Рустам Амакиев, фармондеҳи гурӯҳи “Алфа” дар миёни онҳо буд.

Саъдӣ Намозов, як коршиноси маҳаллӣ мегӯяд, ҳукумати Тоҷикистон аз кушташудаҳо дар амалиёт алайҳи гурӯҳи Ҳоҷӣ Ҳалим ба қадри кофӣ қадрдонӣ кард, аммо дар аксар маврид хонаводаҳои дигар сарбозону афсароне, ки дар ҳодисаҳои ҷудогона дар марз кушта мешаванд, кӯмаки дуруст дарёфт намекунанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки бар асоси тағйири қонун дар бораи “Вазъи ҳуқуқии хизматчиёни” ҳарбӣ сар аз соли 2012 ҷубронпулии пас аз марг ба хонаводаҳои сарбозону афсарони кушташуда як баробар кам шудааст.

Дилрабо Самадова
Дилрабо Самадова

Дилрабо Самадова, масъули созмони “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” мегӯяд, то соли 2012 ба оилаи афсарону сарбозон пас аз вафот 80 маоши ҳадди ақал пардохт мешуд, аммо ҳоло он даҳ баробар кам шудааст.

Бар асоси моддаи 16-и қонун "Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ”, ки “Кафолати суғуртаи хизматчиёни ҳарбӣ. Ҳуқуқ ба ҷуброни зарар” ном дорад, ҳамакнун ҳар волидайн ва ҳамсару фарзандони ҳалокшудагон танҳо 8 маоши ҳади ақал кӯмакпулӣ мегиранд, ки ба гуфтаи ин ҳуқуқшинос, хеле ночиз аст: “Пештар маблағи бад намегирифтанд. Хонаводаи афсарони ҳалокшуда бештар 80 ҳазор сомонӣ ва сарбозон то 20 ҳазор сомонӣ кӯмакпулӣ дарёфт мекарданд. Чаро ин кӯмакпулиҳоро кам карданд, маълум нест.”

Пайкарагузорӣ ба афсарону сарбозони ҳалокшуда дар Тоҷикистон пас аз пошхӯрии шӯравӣ як кори тоза ҳаст. Бори дуввум аст, ки дар як соли ахир дар ноҳияи Восеъ барои афсарони кушташуда пайкара мегузоранд. Соли гузашта ба Рустам Амакиев, фармондеҳи гурӯҳи “Алфа” ва ҳоло ба як афсари кушташуда дар 6 соли пеш дар Дараи Камароб нимпайкара гузоштанд.

XS
SM
MD
LG