Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муносиботи давлат бо дин ва диндорон. Манфӣ ё мусбат?


Ҳарчанд коршиносони масоили дин ва сиёсатшиносону ҷомеашиносон иртиботи дину давлат дар Тоҷикистонро дар гузаштаи начандон дур муътадил арзёбӣ менамоянд, вале вазъи ду соли ахир нишон медиҳад, ки мақомоти ҳукуматӣ бо мазоҳиби мухталиф дар ин кишвар ба таври дигар бархӯрд мекунанд.

Бо ин ҳама, ба эътиқоди бештари таҳлилгарон, мақомоти қонунгузории Тоҷикистон ҳанӯз фаъолияти густурдаи 86 созмони мазҳабӣ ва як ҳизби сиёсии исломиро дар кишвар маҳдуд накардааст.

Аммо ин гурӯҳи коршиносон бархӯрди ҳамарӯзаи мақомоти мухталифи ҳукуматиҷикистон бо давлатро як навъ кӯшиши давлатӣ кардани дин аз тарафи мақомоти ҳукумати ин кишвар натиҷагирӣ мекунанд. Иддае дигар аз пешниҳоди тарҳи ҷадиди қонун дар бораи «Дин ва созмонҳои динӣ» дар изтиробанд ва онро гоми нахусти расмӣ ба суи сардии муносибати давлат бо дин мехонанд.

Маҳмудҷон Тӯраҷонзода: "Бархе аз давлатмардон бо дин мушкил доранд, на худи давлат"

Ба ин нигоҳ накарда, пайравони дини мубини Ислом, ки 97 дарсади аҳолии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд, аз тахриби масоҷиди панҷвақта дар Душанбе, ба донишгоҳ роҳ наёфтани ҳиҷобдорон ва маҳдуд кардани ширкати наврасон дар намози ҷамоаро аз тасмимҳои аввали давлат дар роҳи сард кардани муносиботаш бо намояндагони ин дин баҳогузорӣ намудаанд.

Аммо Абдуллоҳи Раҳнамо, таҳлилгари Маркази пажӯҳишоти стротежии назди раисҷумҳури Тоҷикистон, вазъи зоҳирии муносибати давлат бо динро мусбат арзёбӣ мекунад. Ба пиндори вай, дар кишвар заминаҳои ҳуқуқиву амалие мавҷуданд, ки метавонанд муносибати хуби давлат бо динро таъмин созанд. Вале мегӯяд ӯ, як мушкили зеҳние, ки «мубориза бо дин» унвон шуда, аз даврони Шӯравии атеистӣ боқӣ мондааст, намегузорад, то чунин вазъи мӯътадил дар муносибати давлат бо дин ҳукмфармо бошад.

Оқои Раҳнамо ба ин нукта ҳам ишора мекунад, ки тӯли даҳ соли гузашта давлати Тоҷикистон барои фаъолияти созмонҳои динӣ имконоти хуберо фароҳам овардааст ва мешавад, ин муносибатро идома дод. Вай ҳамчунин гуфт, озодиҳое, ки дар қонунгузории Тоҷикистон барои фаъолияти диндорон пешбинӣ шудааст, дар сурати пурра татбиқ гардидан, вазъи муносибати давлат бо дин дар қиёс бо ҷамоҳири пасошӯравӣ дар Тоҷикистон нодир хоҳад буд:

«Агар мо таҷрибаи муносибати дин ва давлат дар Тоҷикистонро бо таҷрибаи кишварҳои дигари Осёи Марказӣ муқоиса кунем, равшан мешавад, ки таҷрибаи мо беҳтар аст. Ин таҷриба дар ду самт бисёр арзишманд аст: яке ин ки мо заминаи ҳуқуқӣ барои муносибати мавзуну мӯътадили дину давлат дорем, яъне дар сатҳи қонунгузории Тоҷикистон ин масъала ҳалли мусбат ёфтааст. Дуввум, дар сатҳи таҷрибаи амалӣ, таҷрибае, ки мо аз соли 1999 то бад-ин сӯ дорем, таҷрибаи ҳамзистии амалии нерӯҳои сиёсии динӣ ва давлат танҳо дар Тоҷикистон мушоҳида мешавад, албатта, дар минтақа. Аз ин рӯ, таҷрибаи мо ҳам аз назари ҳуқуқӣ ва ҳам аз назари амалӣ хеле нодир аст».

Дар банди ҳаштуми Қонуни асосии Тоҷикистон омадааст, ки созмонҳои динӣ аз давлат ҷудо ҳастанд ва наметавонанд ба кори давлат дахолат кунанд. Қонуни ҷории дин ҳам барои фаъолияти диндорон ва созмонҳои мухталифи динӣ шароити мусоидеро фароҳам овардааст, яъне ҳар даҳ пайрави адёни ғайриисломӣ метавонанд як созмони динии худро таъсис бидиҳанд.

Пайравони дини Ислом низ бо вуҷуди он ки барои таъсиси як ибодатгоҳ имзои аз даҳ то понздаҳ ҳазор диндор тақозо мешавад, ин қонунро намунаи беҳтарин медонанд. Аз ин рӯ, ба назари Маҳмудҷони Тӯраҷонзода, яке аз рӯҳониёни Тоҷикистон, бархӯрди баъзе аз масъулини давлат бо дин манфӣ аст, на муносибати давлат бо дин.

Эшони Маҳмудҷон Тӯраҷонзода

Оқои Маҳмудҷон Тӯраҷонзода ба ин тартиб аз тахриби масоҷид ва манъи ҳиҷобдорон ба макотиби олӣ ёдовар мешавад ва онро нуктаи аслии ба сардӣ гароидани муносибати давлат бо аҳли дин медонад. Вай мегӯяд, ки дафъаҳои ахир муносиботи давлат бо дин дар Тоҷикистон дар баробари ҷамоҳири дигари пасошӯравӣ, масалан, Қирғизистон сардтар мешавад. Вай ба гунаи мисол аз тасмими мақомоти Қирғизистон хотиррасон мешавад, ки ахиран барои занон иҷозаи расмӣ додааст, то бо ҳиҷоб низ барои шиноснома акс бардоранд:

«Дуруст аст, ки ахиран муносибати давлат бо дин як хӯрда тағйир ёфтааст. Махсусан дар муносибат бо занони мусулмон ва ибодатгоҳи мусулмонон. Вале аз назари банда ин бархӯрдро намешавад муносибати давлат бо дин гуфт. Саҳеҳтараш инро муносибати бархе аз давлатмардон бо дин ва диндорон мешавад гуфт. Ҳамон давлатмардоне, ки баъзе аз ниҳодҳои давлатиро дар ихтиёр доранд. Зеро муносибати давлатро бо дин аз рӯи Қонуни асосии кишвар муқаррар мекунанд. Аксари масоиле, ки миёни давлатмардон ва диндорон ба вуҷуд омадааст, хилофи Қонуни асосӣ аст. Барои мисол, дар асоси аризаи мардум ба қайд нагирифтани баъзе масҷидҳо. Ин амал бар хилофи қонуни озодии виҷдон ва муассисаҳои динӣ ҳаст, аммо барои ҳамеша сарфи назар мешавад».

Дар ҳамин ҳол, раҳбари Иттиҳоди масеҳиёни инҷилгарои баптистӣ Александр Давидов низ аз муносибати мӯътадили кунунии давлати Тоҷикистон бо созмонҳои динӣ ишора мекунад. Вале ӯ дар изтироб аст, ки тарҳи ҷадиди қонун дар бораи «Дин ва созмонҳои динӣ», агар дар шакли мавҷудааш барои тасвиб ба Порлумон пешниҳод гардад, дар муносиботи давлат бо дин шикофие ба вуҷуд хоҳад омад, ки боис ба нигарониҳои зиёди мақомот хоҳад шуд. Оқои Давидов, ки калисои онҳо беш аз ҳафтод сол бад-ин сӯ дар Тоҷикистон фаъол аст, ба ҳар ҳол умед дорад, ки давлат бо намояндагони адёни мухталиф сари гуфтугӯ менишинад:

Раҳбари баптистҳои Тоҷикистон: "Тарҳи ҷадиди қонуни дин шикофие миёни дин ва давлат хоҳад овард"

«Худоро шукр, ки бо давлати Тоҷикистон муносибати хуб дорем ва ҳамдигарфаҳмӣ миёни мо ҳукмфармост. Ба ин маънӣ, ки дар қаламрави Тоҷикистон имкони сабтином шудан ва озодона фаъолият карданро дорем. Касе ба кори мо дахолат намекунад. Албатта, баъзе мушкилиҳо низ вуҷуд доранд, аммо ин мушкилиҳои ҷузъиянд ва ҳалли онҳо даст хоҳад дод. Вале чун сухан бар сари лоиҳаи ҷадиди қонун дар бораи озодии эътиқод меравад, бояд бигӯям, ки ин лоиҳа чандин бандҳои ба ҳам мухолиф дорад ва иҷрои онҳо имконнопазир хоҳад буд. Зеро агар як банди ин лоиҳаи қонунро иҷро бикунӣ, ҳатман бо банди дигари он мухолифат мекунад ва кор боз ҳам печидатар мегардад».

Воҳидхон Қосиддинов, раҳбари дастгоҳи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, бархӯрди мақомоти давлатӣ бо дин, махсусан, дини Исломро муносибати манфӣ ва оштинопазири давлат бо пайравони ин дин арзёбӣ мекунад, на камтар аз он. Вай мегӯяд, солҳои ахир дар кишвар ифротгароии дунявӣ зиёд мушоҳида мешавад ва он ба ифротгароӣ ё тундгароии исломӣ низ замина хоҳад гузошт. Оқои Қосидхонов мегӯяд, имрӯз мақомоти давлатӣ аз рушди дини Ислом ва фаъолияти густурдаи дигар созмонҳои динӣ дар ҳаросанд ва онро барои амнияти кишвар хатарзо медонанд, ки иштибоҳ будааст:

«Вақтҳои ахир дар Тоҷикистон, намегӯям аз ҷониби ҳамаи ҳукуматдорон, балки аз суи бархе аз ҳукуматдорон мубориза алайҳи дин ба як ҳодисаи одӣ бадал гардидааст. Онҳо мехоҳанд ба ҳар роҳ ба дин зарба ворид кунанд. Ҳаминро бояд бигӯям, ки эшон аз суи диндорони кишвар барои худ хатаре эҳсос мекунанд ва ин боис ба нигаронӣ аст. Боис ба ташвиш аст, ки онҳо мехоҳанд пеши роҳи густариши динро бигиранд ва муқобили дин мубориза баранд ва динро аз беху бунаш баркананд. Ин бархӯрди манфӣ аст. Ман мегӯям, ки ба ҷои чунин бархӯрдҳои манфӣ бояд ҳукумат бо диндорон сари гуфтугӯ нишинад, беҳтар аст мисли ин ки ахиран дар Қирғизистон ҳукумат ҳамкорӣ бо аҳли динро оғоз кард».

Дар маҷмӯъ, ба назари коршиноси мустақил Абдуғаффори Камол вазъи муносибати давлат бо дин чандон нигаронкунанда нест, ҳарчанд масъалаҳои ҷузъӣ дар муносибати ду ҷониб ба миён омадааст. Вай мегӯяд, давлат ҳанӯз тасмими ҷиддӣ нагирифтааст, ки бояд фаъолияти диндоронро дар кишвар мамнӯъ кунад. Ба дидгоҳи оқои Камол, фақат шӯъбаи умури дин дар ҳукумати Тоҷикистон бо пешниҳоди як тарҳи ҷадид хостори контроли ҳарчи шадиди фаъолияти созмонҳои ғайриисломӣ ва ба чаҳорчӯби қонунӣ овардани фаъолияти муассисоти динӣ иқдом кардааст. Вай мегӯяд, ин ки як ҳизби расмии исломӣ ва беш аз ҳаштод созмонҳои дигари ғайриисломӣ фаъолият ва таблиғ мекунанд, вазъияти муносибат хуб аст:

«Мегӯянд қонун ҳич гоҳ бад нест, иҷрои қонун бад аст. Мушкил ин аст, ки ҷойгоҳи воқеъии дин дар ҷомеъа дар миёни сохтори давлатӣ муайян нашудааст. Масалан, ҳар як мансабдор намедонад, ки то куҷо метавонад ба дин ҳуҷум кунад ва то куҷо метавонад баръакс аз дин барои машруият бахшидан ба раёсати худ истифода бикунад. Баъзе аз масъулини радаҳои поёнӣ маънии давлати дунявиро зиддинӣ мефаҳманд, дар ҳоле ки мо дунявӣ мегӯем, давлати демократиро дар назар дорем ва дар он ҳар як инсон метавонад дин дошта бошад, ё ҳам надошта бошад».

Ҳамин тавр, аз тарафи давлат масъалаи бастани масоҷид ва бо русарӣ ширкат накардани донишҷуён ва зарурати тарҳи ҷадиди қонун ва масоили дигари марбут ба дину мазоҳибро то кунун ба таври расмӣ ҳеҷ кадом аз мақомоти расмии давлат шарҳ надодааст, ки ҷониби давлати Тоҷикистон аз дину диндорон чӣ мехоҳад ва вазъи пешомада низ нишон медиҳад, ки бархурди давлат бо дин ҳамчунон мармуз боқӣ мемонад, тавре таҳлилгарон мегуянд, намешавад ба таври мушахас пешбинӣ кард, ки чунин вазъ чӣ ҳолатро дар ояндаи наздик пеш хоҳад овард.

XS
SM
MD
LG