Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукумати электронӣ дар Тоҷикистон. "Хоҷа боғ дорӣ, дорам"?


Сомонаи Додгоҳи олии Тоҷикистон, ки аз соли 2012 боз матлаби нав нашр накардааст

Сомонаи Додгоҳи олии Тоҷикистон, ки аз соли 2012 боз матлаби нав нашр накардааст

Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон аз ниҳодҳои давлатии кишвар хостааст, ки иртибот бо сокинонро аз тариқи сомонаҳои расмии худ ба роҳ монда, аз истифодаи "факс" даст кашанд.

Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ба вазорату идораҳо ва ҳукуматҳои маҳаллӣ ҳушдор додааст, то иртибот бо сокинонро аз тариқи сомонаҳои расмии худ ба роҳ монда, аз истифодаи “факс” ҳангоми ирсоли ҳуҷҷатҳо даст кашанд. Ин вазорат, ки аз соли 2011 ба ин сӯ масъули назорат бар раванди гузариш ба ҳукумати электронӣ дар Тоҷикистон аст, шеваи кори аксари сомонаҳои ҳукуматҳои маҳаллиро ғайриҳирфаӣ медонад.

Додарҷон Зоҳиров, сардори Раёсати корҳои ин вазорат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло танҳо Кумитаи андоз, Вазорати молия, Хадамоти гумрук фаъолияти электрониро ба роҳ монда, сомонаҳои Вазорати корҳои дохилӣ, сомонаи шарҳрдории Душанбе ва Хуҷанд аз лиҳози иттилорасонӣ фаъоланд, аммо дигар идораву ҳукуматҳо дар ин самт бо саҳлангорӣ кор мекунанд.

Ин масъули Вазорати рушди иқтисод ва савдо мегӯяд, аз ҷониби аксари ҳукуматҳои маҳаллӣ кормандони сомонаҳои расмӣ дастгирӣ намешаванд. Ба иқрори ӯ, воқеан, аксари кормандони сомонаҳои расмии идораҳо ва ҳукуматҳои шаҳру навоҳӣ дастгоҳи корӣ, ҳатто бархе компютер ва интернет надоранд.

"Ҳадаф иртиботи содаву осон бо мардум аст"

Қодири Қосим

Қодири Қосим

Аз соли 2006 дар Тоҷикистон вазорату идораҳо ва ҳукумтаҳои маҳаллӣ дастур гирифтанд, то сомонаҳои расмии худро дошта бошанд. Аммо ба назар мерасад, ки ба ҷуз аз чанд сомонаи расмӣ дигар сомонаҳо чандон фаъол нестанд ва ё иттилооти нодаркор ба мардум пахш мекунанд. Сомонаи расмии ҳукумати вилояти Бадахшон ҳанӯз дар сархати худ “паёми шодбошиии Қодири Қосим, раиси вилоят ба муносибати кушодашавии сомонаи расмӣ”-ро ҷой додааст. Ин дар ҳолест, ки ду сол боз дигар Қодири Қосим раиси вилояти Бадахшон нест, балки раиси Кумитаи давлатии сармоягузории Тоҷикистон аст.

Ҳамчунин, сомонаҳои ҳукумати ноҳияи Восеъ, Темурмалик, Шӯрообод, Ҳамадонӣ ва шаҳри Кӯлоб пас аз ду соли боз шудан аз шабакаи ҷаҳонии интернет ғайб задаанд ва ҳеч кас дар ин ҳукуматҳои маҳаллӣ сабаби “гум” шудани сомонаҳояшонро намедонанд. Умед Мирзоев, як масъули Маркази технологияи иттилоотӣ-комуникатсионии дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон мегӯяд, ҳадаф аз таъсиси сомонаҳо иртиботи наздик бо сокинон ва нашри хабарҳои дурусту саҳеҳ аз ҷониби ҳукуматҳои маҳаллӣ ба хотири огоҳонидани сокинон буд.

Ҷаноби Мирзоев мегӯяд, тибқи қарори ҳукумат ин сомонаҳо бояд ҳамеша фаъол бошанд: “Бар асоси қонун, инҳо бояд ба забони тоҷикӣ ва русӣ фаъолият кунанд. Дар бораи сохтор ва фаъолити худ ба ин ду забон иттилоъ диҳанд. Ба сокинон машварат диҳанд ва дар иртиботи интернетӣ бошанд. Ҳамарӯза аз кори худ иттилоъ пахш кунанд. Чӣ кор карданд, чӣ тағйирот ҳаст, чӣ сохтаанд ва фардо чӣ кор бояд кунанд, ҳамаи ин бояд дар сомонаҳо ҷой дода шавад. Вақте як нафар ворид мешавад, бояд тариқи интернет ба саволҳои худ посух бигирад. Ин талаботи қарори 166-и ҳукумат дар бораи сохтани сомонаҳо ҳаст.”

Сомонасозӣ ва масали “Хоҷа боғ дорӣ, дорам”

Асомиддин Атоев

Асомиддин Атоев

Аммо ба назар мерасад, то кунун ҳеч сомонаи расмии сохторҳои ҳукуматӣ ба истиснои сомонаи шаҳрдори Душанбе иртибот бо сокинонро надоранд ва аксари сокинон ҳам аз мавҷудияти сомонаҳои расмӣ бехабаранд. Асомиддин Атоев, раҳбари Анҷумани ширкатҳои интернетрасон дар Тоҷикистон сохтани сомонаҳои расмиро ба масали маъруфи тоҷикии “Хоҷа боғ дорӣ, дорам” шабоҳат медиҳад. Ӯ мегӯяд, барои роҳандозӣ кардани сомонаҳо чандон маблағи зиёд сарф намешавад ва мушкил дар ин аст, ки аксари масъулин ё муҳимияти кори сомонаҳоро намефаҳманд ва ё аз онҳо чандон манфиатдор нестанд.

Сайёфи Мизроб, рӯзноманигори тоҷик, ки аз соли 2009 ба ин сӯ кори сомонаҳои расмиро таҳқиқ мекунад, мегӯяд, аз лиҳози хабаррасонӣ сомонаҳо ғайриҳирфаӣ ҳастанд. Ин рӯзноманигори тоҷик гуфт, сомонаҳои расмӣ аксаран аз нашри иттилоҳое, ки дар ҷомеа сару садо бармеангезанд, худдорӣ карда ва танҳо замоне ки кор аз кор мегузарад, ин овозаҳоро инкор мекунанд. Дар ҳоле ки, ба гуфтаи ӯ, дар аксар кишварҳои дунё сомонаҳои расмӣ манбаъ барои расонаҳо ҳастанд.

Дар Тоҷикистон феълан беш аз дусад сомонаи расмии сохторҳои ҳукуматӣ боз шудааст, вале аксари онҳо фаъол нестанд. Тибқи иттилои расмӣ барои боз кардани як сомона ҳукуматҳои маҳалӣ аз 20 то 25 ҳазор сомонӣ сарф кардаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG