Пайвандҳои дастрасӣ

Чаро таронаи Афзалшоҳ "қайчӣ" шуд?


Афзалшоҳи Шодӣ ҳангоми иҷрои таронаи "Пайкара гиря мекунад"

Афзалшоҳи Шодӣ ҳангоми иҷрои таронаи "Пайкара гиря мекунад"

Таронаи "Пайкара гиря мекунад"-и Афзалшоҳи Шодӣ дар байни мухлисонаш сару садои зиёд ба по кард, вале ин таронаро аз телевизион "қайчӣ" карданд.

Афзалшоҳи Шодӣ, ҳунарманди саршиноси тоҷик ахиран бо нашри як таронаи ҷадиди сиёсӣ ноамниҳо ва ҷангу хушунат дар ҷаҳони муосирро таҳдид ба инсоният унвон кардааст. Ин тарона “Пайкара гиря мекунад” ном дошта, маҳсули қалами шоири тоҷик Озарахш аст.

Афзалшоҳ матни ин таронаи сиёсиро бо хоҳиши яке аз дустонаш ба риштаи оҳанг кашида ва барои аввалин бор дар шоми эҷодии Озарахш шоири тоҷик суруд.

Афзалшоҳ бо ин тарона ба зери хатар мондани фарҳанги ҷаҳонӣ ишорат карда ва мегӯяд, муташанниҷ шудани вазъи сиёсии дунё ҳар рӯз бар изофаи қатли садҳо инсон, дастоварду осори таъриху фарҳанги миллатҳоро ба нестӣ мебарад. Ироқу Сурия ва Украина - кишварҳое, ки ҳар рӯз даҳшати ҷангу таркишҳоро дар бадани худ эҳсос мекунанд, дар ин тарона зикр мешаванд.

Ин таронаро Афзалшоҳи Шодӣ ҳафтаи гузашта дар шоми эҷодии Озарахш иҷро кард. Аммо ҳангоми пахши ин маҳфили шеър дар шабакаи телевизионии “Сафина” маҳз ҳамин тарона “қайчӣ” шуд. Худи Афзалшоҳ сабаби нашр нашудани таронааш аз тариқи телевизионро чанд мисраъ аз ин тарона медонад, ки шояд барои ҳамсоякишварҳо нохушоянд бошад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG