Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нахустин ҳамоиши муфтиёни аъзами Осиёи Марказӣ, ки бо ибтикори Идораи мусалмонони Қазоқистон доир шуд, бо даъват ба маҳкум кардани ҳама навъи хушунату куштор, ки бо истифода аз номи дини Ислом анҷом мешавад, ба поён расид

Нахустин ҳамоиши муфтиёни аъзами Осиёи Марказӣ, ки бо ибтикори Идораи мусалмонони Қазоқистон доир шуд, бо даъват ба маҳкум кардани ҳама навъи хушунату куштор, ки бо истифода аз номи дини Ислом анҷом мешавад, ба поён расид. Ин ҳамоиш дар шаҳри Алмаато бо ширкати раҳбарони мазҳабии панҷ ҷумҳурии Осиёи Марказӣ ва ҳамчунин уламои дин дар охири ҳафтаи гузашта анҷом шуд. Дар ин нишаст раҳбарони муфтиёти ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбакистон иштирок карданд. Дар эъломияи ин ҳамоиш падидаҳое, мисли қатлу куштор, амалҳои террористӣ ва ифротгароӣ, «шаҳодатталабӣ» маҳкум гардида, ин аъмол хилофи таълимоти дини Ислом унвон шуд.

Ширкатдорони ҳамоиш таъкид карданд, ки аъмоли гурӯҳҳои террористу ифротгаро боис ба эҷоди имиҷи манфии дини Ислом шуда, онро чун як мазҳаби хатарноку таҳдидзо дар чашми дигарон талаққӣ медиҳад. Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон мегӯяд, дар ин ҳамоиш ба забони арабӣ суханронӣ кард ва мавзӯи асосии сӯҳбат - роҳҳои муштараки ҷилавгирӣ аз ифротгароии динӣ дар ҷомеаҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҳамоҳангии кору барномаҳо ва ҳам мазмуни фатвоҳои содиршаванда марбут ба ин масоил будааст.

акси эҳтимолии ҷангиёни исломӣ

акси эҳтимолии ҷангиёни исломӣ

Вай гуфт, ширкатдорони ин ҳамоиш аз мазҳаби Имоми аъзам, ки аксар мусалмонони кишварҳои Осиёи Марказӣ пайрави он мебошанд, ба унвони як мазҳаби сулҳдӯсту одил ҳимоят карданд. «Мақсад ҷалб кардани мардум ба мазҳаби аҷдодӣ ва ҳазари мардум аз гурӯҳҳои ифротӣ ё мазҳабҳоест, ки аз хориҷ меоянду байни мардум нооромӣ эҷод мекунанд,» - гуфт ӯ. Муфтии Тоҷикистон мегӯяд, барои муқобила бо ақидаҳои ифротӣ муҳим аст, ки аҳли дин худ саводи кофии мазҳабӣ дошта бошанду аз ақидаҳои ифротӣ ва ҳам аз таҳаввулоти ҷаҳон огаҳ бошанд.

Вай гуфт, уламои дини Тоҷикистон омода ҳастанд, ки дар таълими дин дар кишварҳои ҳамсоя низ дастбакор шаванд. Нигарониҳо аз афзоиши ақидаҳои бегонаи мазҳабӣ дар ҳолест, ки солҳои охир мақомоти кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ аз гароиши ҳазорҳо сокинонашон ба сафи гурӯҳи «Давлати исломӣ» ва даъватҳо ба «ҷиҳод» зери парчами ин гурӯҳи ифротӣ ҷиддан дар ташвиш афтодаанд. Танҳо аз Тоҷикистон ҳадди аққал 500 нафар дар Сурияву Ироқ ба сар мебаранд ва тавассути Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ дигар ҳамватанонро низ барои пайвастан ба ин гурӯҳ таблиғ мекунанд.

Аз назари таҳлилгарони улуми дин, аксар таблиғгарони ҷангҳои хориҷӣ саводи кофии мазҳабӣ надошта, аз ноогоҳиву гумроҳӣ ва ё аз бекорӣ, ваё бо нияти ба даст овардани маблағе ба ин гурӯҳҳо пайвастаанд. Саидмукаррам Абдулқодирзода мегӯяд, бенавоиву фақр ва ё мушкилоти иқтисодӣ набояд баҳонаи ифротӣ ва ё ҷонибдори ақидаҳои радикал шудани инсон шавад. Вай мегӯяд: «Бо бераҳмию бешафқатию хунрезию зулму ситам инсон комёб намешавад. Кадоме аз онҳо рафтанду милёнҳо гирифтанду оварданд? Баръакс, шаъну шарафу имону обурӯро дар ин дунё аз даст медиҳанд ва дар охират ҳам, он ҷаннатеро, ки мехоҳанд, онро ҳам аз даст медиҳанд. Чаро ки ҷаннат як дар надорад.»

Саидмукаррам Абдулқодирзода аз минбари масҷид гурӯҳҳои ифротиро маҳкум мекунад

Саидмукаррам Абдулқодирзода аз минбари масҷид гурӯҳҳои ифротиро маҳкум мекунад

Муфтӣ аз талошҳои ҳукумати Тоҷикистон дар амри ҷилавгирии шаҳрвандон аз пайвастан ба гурӯҳҳои ифротӣ ҳимоят кард ва гуфт, ҳамзамон бо ҳукумат дигар аъзои оила, аз ҷумла волидон низ бояд масъулияти тарбияи ҷавонҳоро эҳсос кунанд, то ки насли навро аз роҳҳои хатарнок ва ҳам аз фисқу фуҷур боздоранд. Дар ҳамин ҳол, бархе таҳлилгарон мегӯянд, шеваи муқобилаи ҳукуматҳои кунунии ҷумҳуриҳои пасошӯравӣ бо масоили ифротгароӣ ва гароиши ҷавонон ба ҷангҳои бегона зери шиори дину мазҳаб наметавонад муассир бошад.

Дар Тоҷикистон дар соли 2014 барои ширкат дар ҷангҳои хориҷӣ муҷозот таъйин шуд ва даҳҳо нафар ба зиндон андохта шуданд. Вале ин ҳама наметавонад пеши роҳи ҷалби ҷавонҳоро ба ин гурӯҳҳо бигирад, мегӯяд таҳлилгари масоили мазҳабӣ Фаридун Ҳодизода. Вай мегӯяд, ин ки муфтиёни кишварҳои минтақа баъди солҳо аз ҳам дур будан дубора ҳамоиш мекунанду ба ҳамкорӣ мепардозанд, хуб аст. Вале кор дар сурате муассир мешавад, ки агар тамаркуз болои «гурӯҳи риск» ё ҳамин ҷавонҳое равона шавад, ки ҳадафи ифротгароён қарор доранд. Вай мегӯяд, «мутаассифона, мо идеяи миллӣ надорем.

Дар давраи Шӯравӣ ҷавонҳоро бо идеяҳои азим ҷалб мекарданд. Тарҳҳои сохтмони БАМ, «Волгодон» буд. Ҳатто хизмат дар ҷанги Афғонистон барои ҷавонҳои он давр ифтихор буд, чунки онро «қарзи интернатсионалистӣ» мегуфтанд. Ҳукумат ин ҷавонҳоро рӯи каф

Фаридун Ҳодизода

Фаридун Ҳодизода

мебардошт. Вале ҳоло барои ҷавонҳои тоҷик чунин идея вуҷуд надорад. Танҳо як макон барои рафтан доранд – Русия, ки дар он ҷо бояд дар шароити сангин кор кунанд,» - гуфт ӯ. Ҳодизода мегӯяд, ҷавонҳои имрӯза ҳимояти иҷтимоиро эҳсос намекунанд ва ҳам медонанд, ки орзуву омоли худро дар ватанашон пиёда карда наметавонанд.

«Ва вақте касе мегӯяд, ки «ба хилофат меравад», нафари дигар фикр мекунад, ки ӯ дар кадом як кори бузурге саҳм мегузорад ва ин идея онҳоро айнан мисли идеяи солҳои 1917, ки мегуфтанд, «ман дар инқилоби ҷаҳонӣ иштирок мекунам!», ба сӯи худ мекашад,» - гуфт ин таҳлилгар. Масъалаи асосии Тоҷикистон ин аст ки, мегӯяд Ҳодизода, дар дохили кишвар то ҳол як чизи бовазну беҳтареро дар муқобили ин таблиғот гузошта наметавонанд.

Мақомоти Тоҷикистон аз миёнаҳои солҳои 1990-ум зидди ифротгароиву таъсири мазҳабҳои бегона ба мубориза бархоста, гурӯҳҳои мисли Салафия, Ҳизби Таҳрир ва дигар гурӯҳҳои мазҳабии сиёсиро мамнӯъ эълон кардаанд. Дар паи ин даҳҳо нафар ба зиндон андохта шуданд. Вале бо пайдоиши гурӯҳи «Давлати исломӣ», ки дар қаламравҳои Сурия ва Ироқ эълони «хилофати исломӣ» кардааст, даҳҳо сокинони Тоҷикистон ба ин созмон пайвастанд ва баъзеҳо ҳатто аъзои оила, бо шумули фарзандони хурдсолашонро бо худ ба Ховари Миёна бурдаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG