Пайвандҳои дастрасӣ

Бек Зуҳуров сарпарасти маҷмааи варзишӣ дар Кӯлоб


Сохтмони маҷмааи варзишии Кӯлоб

Сохтмони маҷмааи варзишии Кӯлоб

Анҷоми муваффақи ин биноро раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон танҳо ба оғои Зуҳуров супурдааст

Бунёди бузургтарин маҷмааи варзишӣ дар Кӯлоб то моҳи майи соли равон анҷом меёбад. Ин маҷмаи варзишӣ ҳамзамон беш аз якуним ҳазор нафарро бо ҳам меорад ва қарор аст, аз машқгоҳҳои замонавӣ иборат бошад. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон анҷоми муваффақи ин биноро бар души раиси Хадамоти алоқа Бег Зуҳуров гузоштааст.


«ПРЕЗИДЕНТ БА ХАДАМОТИ АЛОҚА БОВАР КАРД»

Иззатулло Ашӯров, намояндаи «Тоҷиктелеком», ки дар ин сохтмон ба ҳайси муовини Бег Зуҳуров кор мекунад, мегӯяд: «Дар ин сохтмон мо зиёда аз 300 нафарро ҷалб кардаем. Президенти кишвар ҳангоми буридани лентаи рамзӣ сохтмони онро ба ӯҳдаи Хадамоти алоқа гузошт, зеро Хадамот дар сохтмони чунин як маҷмаа дар Душанбе таҷриба дорад. Инро ҳам бояд мо пеш аз мӯҳлати муайяншуда ва бо сифати баланд сохта ба истифода Иззатулло Ашӯров

Иззатулло Ашӯров

диҳем».

Бунёди ин маҷмаа дар ҳолест, ки ҷавонони Кӯлоб ҷое барои варзиш надоранд ва мавҷи ҷӯшу хурӯши худро дар бозиҳои гоҳ-гоҳии футбол дар стадиони шаҳр сар медиҳанд. Сироҷиддин Намозов, як ҷавони маҳаллӣ мегӯяд, маконҳои варзишие, ки аз замони шӯравӣ боқӣ монда буданд, имрӯз ҷавобгӯи талабот нестанд ва бунёди чунин як маҷмаа ба манфиати ҷавонони маҳаллӣ аст.

Ӯ гуфт: «Ҳар ҷое, ки барои машқ кардан буд, мерафтӣ, ҳама шикаставу вайрону валангор буд. Ин ҷое, ки ҳоло соз мекунанд, хеле хуб менамояд. Бовар дорам, ки пас аз сохтани ин варзишгоҳ, садҳо ҷавон ба он ҷо ҷалб хоҳанд шуд, аз ҷумла худи ман ҳам», гуфт Сироҷиддин.


БАРОИ "РАВШАН" ЭЪТИРОЗ КАРДАНД, АММО БАРОИ ҲОҶӢ МИРЗО ЧӢ?

Кӯлоб аз минтақаҳои аз ҷиҳати саноатӣ рушднаёфтаи кишвар аст, ки ба мисли дигар минтақаҳои нодор, аксар бошандагонаш ҷойи кор надоранд ва бо пули муҳоҷирони корӣ рӯз мегузаронанд. Бекорӣ, бебизоатӣ, ноумедӣ ва дур мондан аз таҳсил гурӯҳҳои нисбатан бузурги ҷавононро дар ин минтақа мазҳабӣ ва ошиқи мавӣизаву масҷид кардааст. Коршиносон мегӯянд, бунёд иншооте монанд ба бошгоҳи варзишӣ метавонад ҷавонҳоро замонавӣ ва таҳаммулпазир кунад.


Назирмад Хурсандмуродов, як коршиноси ҷавон мегӯяд бо вуҷуди мазҳабитар шудани ҷомеаи Кӯлоб, боз ҳам ҷавонҳо ба варзиш ишқи хоса доранд. Ӯ мегӯяд: "Ҳангоме, ки Ҳоҷӣ Мирзо - сермухлистарин имомхатибро аз минбари масҷид барканор карданд, аз ҷавонони ҳаводораш касе садо баланд накард, аммо як ноадолатӣ дар бозии байни дастаҳои футболи «Истиқлол» ва «Равшан»-ро ҷавонони маҳаллӣ дар тобистони соли 2011 натавонистанд таҳаммул кунанд".

Соли 2011 ба дунболи шикастҳои «Равшан» дар бозӣ бо дастаи «Истиқлол», ки сарпарасташ Рустами Эмомалӣ, писари президенти кишвар аст, бо эътироз дар Душанбеву Кӯлоб ба хиёбонҳо рехтанд, ки дар даҳсолаи ахир назир надошт.

Хурсандмуродов гуфт: «Фикр мекунам, ин корҳо вобаста ба интихоботи дар пешистода аст. Дар интихоботи гузаштаи президентӣ 2700-солагии Кӯлоб гузаронида шуд, ки ин як навъ ба даст овардани дили мардум буд. Ҳоло варзишгоҳро сохта истодаанд, бузургтарин литсеи президентӣ сохта шуда истодааст. Дастаи «Равшан», ки муқобили дастаи писари президент буд, дастгирӣ ёфт, ки фикр мекунам, пеш аз интихобот барои дилгармкунии ҷавонон аст».


ҶАВОНОН БА ИНТИХОБОТ ҲАВАС НАДОРАНД, АММО...

Дар зимн, соли гузашта дастаи «Равшан» дастаҷамъона ба узвияти Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон пазируфта шуд ва коршиносон ин иқдомро ҳам ба интихоботи президентии соли ҷорӣ марбут донистанд.

Дар ҳоле, ки коршиносон ин иқдомҳоро як навъ дилгармкунии пеш аз интихоботӣ унвон мекунанд, Сафаралӣ Баротов, як сокини Кӯлоб, ки дар чанд интихоботи маҳаллӣ ба ҳайси нозири мустақил иштирок кардааст, мегӯяд, аслан ҷавонон он қадар ба интихобот шавқ надоранд ва тавре ӯ мушоҳида кардааст, аксари овоздиҳандагон калонсол ҳастанд. Аммо ӯ мегӯяд, дар ин ҷо ширкати ҷавонон дар интихобот муҳим нест, балки бо ин роҳ пешгирӣ кардан аз норизоияти ҷавонон аст, ки метавонад ҳангоми ин маъракаи муҳим аз ҷониби гурӯҳи норозӣ ба манфиати худ истифода гардад:

«Таҷрибаи ҷанҷолҳои бозии дастаҳои «Равшан»-у «Истиқлол» нишон дод, ки ин гурӯҳи ҷавононро истифода бурдан имкон дорад. Аз ин рӯ, ҳукумат пеши роҳи ин корро гирифт ва бо маблағгузории даста ҷавононро ба худ ҷалб кард. Ҳатто дидем, ки пас аз пирӯзиҳо ин ҷавонон шиорҳои «Зинда бод ҷаноби олӣ» сар медоданд. Яъне, хатари ин гурӯҳи ҷавонон ҳоло бартараф шудааст».

Аммо масъулони сохтмони маҷмааи варзишӣ мегӯянд, ин сохтмон ҳеҷ ҳадафи сиёсӣ надорад ва чунин варзишгоҳҳо на танҳо дар Кӯлоб, балки дар дигар шаҳру навоҳии кишвар низ мувофиқи нақшаҳои қаблан таҳрезишуда сохта мешавад.

Ин ҳам дар ҳолест, дастаи футболи «Равшан»-и Кӯлоб бо селаи бистҳазора ва гоҳе аз ин бештар аз сермухлистарин дастаҳои футболи кишвар номбар мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG