Пайвандҳои дастрасӣ

Маркази тадқиқоти стратегӣ роҷеъ ба рӯйдодҳои Хоруғ изҳорот дод


Яке аз манзилҳои маскунии Хоруғ дар ҷараёни амалиёти низомӣ осеб дидааст

Яке аз манзилҳои маскунии Хоруғ дар ҷараёни амалиёти низомӣ осеб дидааст

Ин марказ гуфт: "гурӯҳҳои мусаллаҳ мехостанд аз Афғонистон ба Тоҷкистон ворид шаванд ва авзоро дар ин кишвар ноором кунанд.

Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пахши изҳороте дар сайти оҷонсии давлатии “Ховар” навиштааст, ки таҷаммӯи садҳо афроди силоҳбадаст дар марзи вилояти Бадахшони Афғонистон бо Тоҷикистон сабаби аслии афзоиши нерўҳои низомӣ дар минтақа мебошад.

Ин манбаъ, ки нахустин бор баъди рӯйдодҳои Хоруғ ба ин ҳодисаҳо баҳои худро додааст, мегӯяд, тибқи иттилои манобеи иктишофии Афғонистон дар дараи Варсичи вилояти Бадахшони Афғонистон дар ҳудуди 400 то 1000 силоҳбадаст қарор дорад, ки “ҳадаф доштанд ба марзи Тоҷикистон аз Афғонистон дохил шуда, дар вилояти Бадахшони Тоҷикистон ноамниҳоро ба вуҷуд оранд”.

Барои ҷилавгирӣ аз вуруди ин нирӯҳо, мегӯяд манбаъ, ду моҳ пеш дар вилояти Бадахшони Тоҷикистон машқҳои низомӣ анҷом шуд ва ҳадафи аслиашон омода кардани ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон барои мубориза бар зидди силоҳбадастон буд. Ба навиштаи Маркази тадқиқоти стратегӣ, аслан ин ҷангиҳо “аз кишварҳои Осиёи Марказӣ баромадаанд”. Дар идомаи ин изҳорот гуфта мешавад, ки “вазъи сиёсиву иҷтимоии минтақа бо назардошти вазъияти Афғонистони ҳамсоя тақозо мекард, ки сафи нерўҳои низомӣ дар ВМКБ бештар гардад”. Ба бовари муаллифони ин матлаб, гурўҳҳои ҷинояткор аз ин нирӯҳо “ба ҳарос афтода, ба амалҳои ғайриқонунӣ даст заданд”.

Таҳлилгарони Маркази таҳқиқоти стратегӣ навиштаанд, ки таҳдиди Толиб Айёмбеков, сардори ситоди дидбонгоҳи марзбонии Ишкошим ба дарёфти кӯмак аз Афғонистон боиси он шуд, ки нерўҳои низомӣ “барои пешгирӣ аз ҳолати низоъбарангез амалиётро оғоз карданд”.

Ин нахусатин изҳороти Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки маъмулан мавқеи давлатро инъикос мекунад. Изҳороти мазкур нақши баъзе расонаҳоро дар инъикоси рӯйдодҳои Хоруғ интиқод карда гуфтааст, ки дар симои Бадахшон «Қарабоғи тоҷикӣ» ва «Абхазияи тоҷикӣ»-ро мебинанд, ки ин ишораҳои мазмундор мебошад. Роҷеъ ба тазоҳуроти мухолифони амалиёти низомии Бадахшон, ки дар хориҷи Тоҷикистон доир шуданд, ин матлаб мегӯяд: “Чанд нафар аз мардуми ин вилоят дар хориҷи кишвар чеҳраи Тоҷикистонро чун кишвари бесубот ва ғайридемократӣ доғдор” карданд. Чунин вазъ, мегӯянд таҳлилгарони ин марказ, ба раванди сармоягузории хориҷӣ ва ҳам ба рушди кишвар “таъсири манфӣ” мегузорад.

Муаллифони ин матлаб мегӯянд, ки ҳодисаҳои Хоруғ дар вазъияти имрўзаи ҳассоси ҷаҳон, дар минтақаи ҳамсарҳад бо Афғонистон “бояд мардуми кишварро водор намояд, ки арзиши ниҳоят муҳими ваҳдати миллӣ ва осоиштагиро хуб дарк намоянд”.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG