Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рақибони “Истиқлол” ва “Ҳосилот” дар Ҷоми AFC-2017 маълум шуданд


Қаҳрамони Тоҷикистон - “Истиқлол”-и Душанбе - нахустин бозиашро дар Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2017 дар майдони худ анҷом медиҳад. Рақиби “Истиқлол” ғолиби бозиҳои плей-офф мешавад.

Дар мавриде ки агар барандаи медалҳои нуқраи қаҳрамонии Тоҷикистон - «Ҳосилот»-и Фархор – ба марҳилаи гурӯҳии мусобиқа роҳ ёбад, онгоҳ Истиқлол» дар нахустин бозиаш дар Ҷоми AFC-2017 бо “Ҳосилот” рақобат хоҳад кард.

Бар асоси тақвими Конфедератсияи футболи Осиё дар соли 2017, марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC 21-уми феврал оғоз меёбад, вале азбаски ғолиби плей-офф танҳо рӯзи 28-уми феврал маълум мегардад, даври гурӯҳии Ҷоми AFC-2017, дар назар аст авоили моҳи март шуруъ шавад. Санаҳои аниқи баргузории бозиҳои сабқати гурӯҳӣ дертар маълум хоҳад шуд.

Дастаи «Ҳосилот» ба рақобат аз даври пешакии Ҷоми AFC-2017 шуруъ мекунад. Дар ин марҳилаи мусобиқа рақиби “Ҳосилот” қаҳрамони Афғонистон – бошгоҳи «Шоҳин Осмоӣ» - мебошад. Бозии аввал 31-уми январ дар меҳмонӣ ва бозии ҷавобӣ 7-уми феврал дар Душанбе доир мешаванд. Ҳоло маълум нест, ки қаҳрамони Афғонистон бозии хонагиро дар куҷо баргузор хоҳад кард.

Дастаи «Ҳосилот» дар мавриди пирӯзӣ бар «Шоҳин Осмоӣ» дар даври плей-офф бо ғолиби ҷуфти «Дордой» (Қирғизистон) – «Балкан» (Туркманистон) рӯбарӯ хоҳад шуд. Бозии аввал 21-уми феврал, бозии ҷавобӣ 28-уми феврал барпо мегарданд. Агар «Ҳосилот» ба плей-офф роҳ ёбад, онгоҳ бозии аввалинашро дар меҳмонӣ ва бозии ҷавобиро дар Тоҷикистон мегузаронад.

Ҷоми AFC-2017

Гурӯҳи «D». Минтақаи марказӣ

Даври 1-ум

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – Ғолиби плей-офф

«Олой» (Қирғизистон) – «Олтин Асир» (Туркманистон)

Даври 2-юм

«Олтин Асир» (Туркманистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

Ғолиби плей-офф – «Олой» (Қирғизистон)

Даври 3-юм

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Олой» (Қирғизистон)

Ғолиби плей-офф – «Олтин Асир» (Туркманистон)

Даври 4-ум

«Олой» (Қирғизистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

«Олтин Асир» (Туркманистон) – Ғолиби плей-офф

Даври 5-ум

Ғолиби плей-офф – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

«Олтин Асир» (Туркманистон) – «Олой» (Қирғизистон)

Даври 6-ум

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Олтин Асир» (Туркманистон)

«Олой» (Қирғизистон) – Ғолиби плей-офф

XS
SM
MD
LG