Пайвандҳои дастрасӣ

Starwood, бузургтарин шабакаи меҳмонхонаҳо дар ҷаҳон, гуфтааст, дар соли 2013 вориди бозори Тоҷикистон хоҳад шуд.

Starwood, ширкати маъруфи амрикоӣ, ки дар саросари ҷаҳон меҳмонхонаҳои худро дорад, бозори меҳмонхонаҳои Тоҷикистонро "рушдёбанда ва ояндадор" хондааст.

Тавре сомонаҳои ин шабака хабар медиҳанд, Саймон Тернер, президенти Starwood оид ба рушди глобалӣ, зимни ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар соли 2012 ва баррасии нақшаҳо барои соли 2013 эълон доштааст, ки Осиё дар соли нав дар маркази таваҷҷуҳи ширкат хоҳад буд. Ӯ махсусан Тоҷикистонро таъкид кардааст, ки дар баробари Перу, Бразилия, Туркия, Сингапур, Таиланд ва Ҳинд сохтмони меҳмонхона дар он ҷо нафъ доранд.

Дар як соли охир ин дувумин ширкати маъруфи амрикоист, ки ба Тоҷикистон таваҷҷуҳ намудааст. Чанде қабл ширкати дигари маъруфи амрикоӣ, Coca-Cola бо имзои созишнома бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ гуфт, дар марҳилаҳои аввал барои истеҳсоли маҳсулоташ дар Тоҷикистон 30 миллион доллар сармоягузорӣ мекунад ва дар муддати 10 соли минбаъда ин нишондиҳандаро ду маротиба зиёд хоҳад кард.

Инҳо нахустин намунаи сармоягузории брендҳои амрикоӣ ба Тоҷикистон мебошанд. Аз ин пеш, аз Амрико ба Тоҷикистон асосан гранту кӯмакҳои башардӯстона ворид мегардиданд, ки ҳаҷмашон дар 20 соли истиқлолияти Тоҷикистон ҳудуди як миллиард доллари амрикоӣ арзёбӣ мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG