Пайвандҳои дастрасӣ

Радиои Озодӣ ба муносибати 60-умин солгарди марги раҳбари шӯравӣ Иосиф Сталин (5-уми марти соли 1953 мустанадеро аз 2 қисм таҳия кард.

Дар рӯбарӯи чаҳорбоғи ба номи Айнии Душанбе ҷое ҳаст, ки охири солҳои 30-ми қарни 20 ҳар шаб даҳҳо нафарро ба он ҷо меоварданд ва ба қатл мерасонданд. Шамсиддин Назарбеков, сокини 77-солаи Душанбе мегӯяд, солҳои пас аз репрессия дар он маҳал ғалла кишт мекард ва ҳангоми шудгор аз зери хок тасбеҳу пораҳои либос ва пойпуши одамони қатлшуда берун меомад.

Бобои Шамсиддин ҳамчунон ба «Озодӣ» қабристони дастаҷамъонаеро нишон дод, ки соли 1949 теъдоде аз зиндониёнро дар он маҳал қатл кардаанд. Ин қабристон дар яке аз маҳаллаҳои наздики боғи ба номи Айнии Душанбе, дар ҳавлии як манзил мавқеъ дорад.

Ин қатлҳо ба номи раҳбари Иттиҳоди Шӯравӣ аз соли 1922 то 1953, Иосиф Виссарионович Сталин, рабт дода мешаванд. Мардуме, ки аз Сталин ранҷур буданд ва воқеан аз ӯ ва сиёсаташ нафрат доштанд, дар саросари шӯравӣ хеле зиёд буданд. Зеро он мардум аз сиёсати Сталин ранҷ кашида буданд ва ё наздикони афроде буданд, ки қурбони режими мустабиди Сталин шудаанд. Дар замони раҳбарии Сталин ҳазорҳо тан аз донишмандону диндорон, рӯшанфикрону дигарандешон ва сармоядорону афроде, ки сиёсати ҳукумати шӯравиро қабул надоштанд, ё бадарға ва ё дастаҷамъона қатл шудаанд.


ҚИСМИ АВВАЛИ ВИДЕО





Бо вуҷуди ин муаррихони тоҷик шахсияти сиёсии Сталинро намоёнтарин чеҳраи сиёсии ҷаҳон дар садсолаи ахир баҳогузорӣ мекунанд. Раҳим Масов, муаррихи тоҷик мегуяд, Сталин асосгузори бузургтарин давлати ҷаҳон буд ва он давлатро маҳз ӯ ба зинаи абарқудратӣ расонд. Ҳамчунин ба қавли ӯ асоси ҳуқуқии давлатҳои феълан соҳибистиқлоли собиқ шӯравиро Сталин гузошт. Ба қавли ҷаноби Масов, пайванд додани исми Сталин ба репрессияи он замон иштибоҳ аст, зеро он иқдом ба хотири ҳифзи давлати ҷавони шуравӣ аз душманони хориҷӣ буд ва аслан дастандаркорони репрессияи солҳои 30-юм атрофиёни Сталин буданд.



Ба қавли муҳаққиқон ва донишмандони тоҷик репрессияи Сталини дар Тоҷикистон аз се давр иборат аст, шадидтарини он репрессия солҳои 34 то 38 ва замони баъди ҷанг то соли 1949 будааст. Бар тибқи иттилои бархе маъхазҳои таърихӣ Сталин ба Бобоҷон Гафуров, котиби авали кумитаи марказии ҳизби коммунисти Тоҷикистон супориш дода буд, ки 120000
нафар дар ин кишвар қатл шавад: вале ниҳояти амр 2840 нафар эъдом ва наздик ба 40000 нафар бадарга шудаанд.

Муаррихони тоҷик мегуянд, феълан бойгонӣ ва маводе, ки марбут ба репрессия замони ҳукумати Сталин аст, ҳанӯз ҳам дар Тоҷикистон ошкор нашудааст ва дар бораи шумораи умумии афроди репрессияшуда рақами дақиқеро гуфтан ғайримумкин аст.


ҚИСМИ ДУЮМИ ВИДЕО


Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG