Пайвандҳои дастрасӣ

Босниҳои хашмгин дар маросими 20-умин солгарди қатли дастҷамъии ҳашт ҳазор тан дар Сребренитса нахуствазири Сербистонро сангборон карданд, ки кишвараш мухолифи наслкушӣ донистани ин воқеа аст.

Дар маросими 20-умин солгарди ёдоварӣ аз куштори дастҷамъии 8 ҳазор наврас ва мардони босниҳои мусулмон дар Сребренитса, босниҳои хашмгин Александр Вучич -- нахуствазири Сербистон ва ҳамроҳонашро сангборон карда ва ба сӯи онҳо зарфҳои пластикӣ андохтанд. Ҳайати Сербистон бо раҳбарии нахуствазир ночор ба мошинҳояшон савор шуда ва аз ҷойи маросим фирор карданд.

Барои иштирок дар ин маросим дар Сребренитса Билл Клинтон - раисиҷумҳури собиқи Амрико, Мадлен Олбрайт - вазири пешини умури хориҷии ин кишвар, Аҳмад Довудоғлу, нахуствазири Туркия ва даҳҳо меҳмони дигари хориҷӣ омадаанд. Сребрентиса 20 соли пеш саҳнаи яке аз ҷиноятҳои зиддибашарӣ дар Аврупо шуд. Куштори дастҷамъӣ дар инҷо баъд аз Ҳолокост бадтарин қатли дастҷамъӣ ба ҳисоб меравад.

Пештар аз ҳодисаи сангборон, Александр Вучичро, ки кишвараш мухолифи наслкушӣ хондани куштори Сребренитса аст, гурӯҳе аз мардуми истода истиқбол гирифтанд, аз ҷумла модарону дигар аъзои оилаи қурбониёни ин ҳодиса. Яке аз онҳо Вучичро ба оғӯш гирифт ва дигаре ба либоси ӯ гули хотира гузошт.

Александ Вучич

Александ Вучич

Нахуствазири Сербистон куштори дастҷамъӣ дар Сребренитсаро "ҷинояти ҳавлнок" хонд ва гуфт, "бо ҳеч вожае дарду андӯҳ барои қурбониён ва бо хашму ғазаб нисбат ба муртакибони ин ҷинояти ҳавлнокро баён карда намешавад." Ӯ гуфт, ки Сербистон ошкоро ин ҷиноятро маҳкум мекунад ва ба онҳое нафрат дорад, ки дар ин ҷиноят ширкат доштаанд.

Билл Клинтон, раисиҷумҳури пешини Амрико дар ин ҷамъомад, ба нахуствазири Сербистон барои ҷасорат ва омаданаш ба ин маросим ташаккур гуфт. Ӯ аз тамоми босниҳо хост, ки ин фурсатро барои ваҳдат, демократия ва рушду тараққӣ истифода баранд. Дар маросими 20-умин солгарди ёдоварӣ аз куштори дастҷамъӣ дар Сребренитса, боқимондаҳои ҷасади 136 нафареро, дар оромгоҳе дафн карданд, ки чанде пеш ҳуввияташон мушаххас шуд.

То кунун ҷасади 6000 қурбонии ин қатли бераҳмонаро аз гӯрҳои дастҷамъӣ берун кардаанд. Дар ҷанги Югославияи собиқ дар соли 1992-1995 Созмони Милал шаҳри Сребренитсаро ҳамчун паноҳгоҳи амн барои мардуми осоишта муайян кард, вале 11 июли соли 1995 нерӯҳои сербҳои боснӣ шаҳрро тасарруф карда ва дар зарфи чанд рӯз 8 ҳазор наврас ва мардони мусулмонро куштанд. Ҷасадҳоро дар 90 гӯри дастҷамъӣ партофтанд, то миқёси ҷинояташон маълум нашавад.

Ян Эллисон

Ян Эллисон

Ян Эллисон, муовини дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар ин маросим гуфт: “Бо вуҷуди наслкушие, ки инҷо сурат гирифт, ҷаҳониён паёмади нафрат ва тафриқаро дарк накардаанд ва фоҷиаҳо ҳоло ҳам зуд-зуд рух медиҳанд, ба мисли онки мо дар Сурия, Ироқ, Судони Ҷанубӣ, Яман ва ҷойҳои зиёди дигар мебинем.”

Ӯ изҳори таассуф кард, ки нерӯҳои посдори сулҳи Созмони Милал дар он замон натавонистанд, аз қатли дастҷамъии босниҳои мусулмон пешгирӣ кунанд. Додгоҳи байнулмилалии Созмони Милал дар Гаага соли 2007 куштор дар Сребрентисаро “наслкушӣ” номид, вале Сербистон талош дорад, ки ин вожа дар сатҳи байнулмилалӣ пазируфта нашавад. Аввали ҳамин ҳафта Русия қатъномаи пешниҳодии Бритониё ба Созмони Милал дар бораи “наслкушӣ” хондани ин фоҷиаро вето гузошт.

Баъди ҷанг дар Босния ва Ҳерзеговина, ду тараф як минтақаи федералии худмухтор таъсис доданд. Ин ҷумҳурӣ аз Федератсияи мусулмону хорватҳо ва Ҷумҳурии Србска ташкил ёфтааст ва Сребрентиса дар ҳамин ҷумҳурӣ ҷойгир аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG